Рӯзе, ки аз маъюбон мегӯянд…
Мо ҳар рӯз аз маъюбон мегӯем, вале 3-уми декабр махсус мегӯем. Дарди онҳо на дардест, ки якрӯза бошад. Ва мо низ ҳар рӯз аз онҳо мегӯему бо онҳоем. Ба вижа дари толори хониши маъюбон дар ошёнаи аввали Китобхонаи миллӣ ҳамеша ба рӯяшон боз аст. Ва чун онҳо ҳам арӯза меоянд, пас мо низ ҳамарӯза дар хидмати онҳоем. Аммо рӯзи 3-уми декабр тамоми олам аз онҳо ва мушкили онҳо мегӯяду менависад…
Рӯзи байналмилалии маъюбон мувофиқи қарори 47/3 Ассамблеяи Генералӣ аз 14 октябри соли 1992 ҳамасола 3 декабр дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи он мусоидат ба ҳуқуқҳои маъюбон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин ҷалби таваҷҷуҳи кулли ҷомеа ба мушкилоти маъюбон мебошад.
Хушбахтона, бо ба даст овардани истиқлоли комили давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҷиҳати бунёди ҷомеаи фарогир барои шахсони дорои маъюбият тадбирҳои зарурӣ меандешад. Масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии шахсони дорои маъюбият, хусусан таъмини ҳуқуқу манфиатҳои онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, он дар асоси принсипҳои қонуният, инсондўстӣ, риояи ҳуқуқи инсон, манъи табъизи маъюбон, дастрасӣ ба тавонбахшӣ, баробарҳуқуқии маъюбон, ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ амалӣ мешавад.
Бояд таъкид намоем, ки шахсони дорои имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистони азизи мо ҳамеша зери сарпарасти ва ҳимояи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ин қишри ҷомеа тадбирҳои мушаххасу пурбор гирифта мешавад.
Шахсони дорои маъюбият дар ҷумҳурӣ аз тамоми ҳуқуқҳо бархурдоранд. Ҳуқуқу манфиатҳои шахсони маъюбиятдоштаро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим медароранд.
Ин аст, ки аз соли 2012, шурўъ аз фаъолияти бинои наву замонавии Китобхонаи миллӣ шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон ба фаъолият менамояд оғоз бахшид, ки тамоми имкону шароит барои шахсони имконияташон маҳдуд фароҳам оварда шудааст.
Махзани ин шуъба 6769 нусха китобро дар бар гирифта, аз онҳо 5228 нусха бо забони тоҷикӣ, 1129 нусха бо забони русӣ ва 412 нусха китобҳо бо ҳуруфи Брайлӣ мебошад.
Самтҳои асосии фаъолияти шуъба ин омўзиш ва таҳлили хидматрасонӣ ба шахсони имконияти маҳдуддошта, ҷалб намудани онҳо ба китобу китобхонӣ, бунёди фонди электронӣ ва инъикос намудани фаъолияти шуъба дар васоити ахбори омма мебошад.
Вазифаҳои шуъба ин хидматрасонӣ ба ин гурўҳи хонандагон, таҳлили дархостҳои хонандагон, ба қайд гирифтани хонандагон, пурра намудани фонди шуъба бо адабиёти тозанашр барои ин гурўҳи хонандагон, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, таъсис додани фонди китобҳои гуё, электронӣ, мултимедӣ ва ҳамкорӣ намудан бо ташкилоту ҷамъиятҳо иборат мебошад.
Чуноне ишора намудем, барои шахсони имконияташон маҳдуд дар шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шароитҳои хуб муҳайё карда шудааст, хидматрасонӣ ба воситаи интернет ва бурдани китобҳои дархостӣ ба хонаи маъюбон ва пиронсолон ба роҳ монда шудааст. Дар шуъба барои ин гурўҳи хонандагон чорабиниҳои гуногуни илмӣ, фарҳангӣ ва фароғатӣ, аз ҷумла Рўзи маъюбони Тоҷикистон, Рўзи нобиноён бо номи “Асои сафед”, Рўзи маъюбони ҷаҳон, маҳфилҳои доимамалкунанда ба монанди «Равшандилон», «Хандарез» ва «Ганҷи сухан» гузаронида мешавад. Дар ин маҳфилҳо бо дархости хонандагон, адибону олимон ва ҳунармандон барои аз наздик бо эҷодиёти онҳо шинос шудан даъват мегарданд. Ҳар ҳафта як маротиба курси забони англисӣ барои хонандагони шуъба ройгон ба роҳ монда шудааст.
Дар шуъба 5 адад компютер бо барномаи “Ҷовс” барои нобиноён таъминанд ва ин компютерҳо ба шабакаи интернетӣ пайваст мебошанд.
Узвияти шахсони имконияташон маҳдуд ба Китобхонаи миллӣ ройгон ба роҳ монда шуда, онҳо бе навбат сабти ном мегарданд.
Тибқи эълони шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон, шурўъ аз моҳи ноябри соли ҷорӣ озмуни “Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад” роҳандозӣ гардид, ки он дорои 5 номинатсия мебошад. Мо мақсад гузоштем, ки ҳоло ин озмунро дар доираи маҳдуд, яъне танҳо миёни хонандагони доимии хеш роҳандозӣ намуда, дар оянда онро ба таври васеъ ва густурда дар тамоми манотиқи кишвар ба роҳ монем.
Мавзуни ОРУМБЕКОВА,
сардори шуъбаи хизматрасонӣ
ба шахсони имконияташон
маҳдуди Китобхонаи миллӣ.