Рӯзи «Ҳадияи китоб» ва маҳфили фарҳангии “Ҳафтаи забон ва адабиёти рус”
Субҳи имрӯз, 13-уми феврал, дар ошёнаи нуҳуми Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон якҷо бо хонандагони Гимназияи хусусии “Сайёраи наврасон” маҳфили фарҳангии “Ҳафтаи забон ва адабиёти рус” баргузор шуд.
Салима Раҷабзода, муовини аввали Директори Китобхонаи миллӣ дар сухани муқаддамотии худ дар бораи нақши омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар рушду тавсеаи кишвар ибрози назар намуд.
Муовини аввали Директори Китобхонаи миллӣ иброз дошт, ки Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони русӣ диққати махсус дода, то кунун чандин барномаҳои давлатии забономӯзӣ татбиқ шудааст. Салима Раҷабзода дар бахши дигар аз суханронии худ дар бораи афзалиятҳои забондонӣ ҳарф зад ва угфт, ки донистани забон ин донистани ҷаҳон аст.
Муовини аввали Директори Китобхонаи миллӣ як сухани ҳикматомези шоири маъруфи рус Пушкинро дар бораи забони русӣ мисол овард, ки онро забони “фораму тавоно” ва “содаву дақиқ” номидааст.
Дар ин маҳфил ҳамчунин муовини Директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода низ суханронӣ кард.
Баъдан хонандагони Гимназияи хусусии “Сайёраи наврасон” як барномаи театришударо дар саҳна намоиш доданд, ки бо шеъру пораҳо аз достонҳо ва порчаҳои насрӣ мураттаб шуда буд.
Ҳамчунин хонандагони Гимназияи мазкур шеърҳо ва саҳначаро аз ҳикояи “Волшебное слово”-и Валентина Осеева қироат намуданд. Валентина Осеева адиби машҳури кӯдакнависи аҳли Иттиҳоди Шӯравӣ, барандаи ҷоизаи Сталин дараҷаи сеюм буд, ки миёни хонандагони наврас маъруфияти хос дошт.
Ҳамчунин дар ин маҳфил хонандагони навраси Гимназия рақси машури “Морячка”-ро иҷро карданд.
Дар ҷамбасти нишаст аз ҷониби роҳбарияти Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” ба хонандагони Гимназияи хусусии “Сайёраи наврасон” туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо дар он аст, ки насли навраси имрӯза барои омӯхтани забонҳо, шинохтани шоиру нависандагони дигар мамолики кишваҳо таваҷуҳи хоса зоҳир намуд.
Гуфтанист, ки “Ҳафтаи забон ва адабиёти рус” қарор аст рӯзи дигар низ дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон идома кунад.