Рӯзи байналмилалии маъюбон
Ҳамасола 3-юми декабр рўзи байналмилалии маъюбон дар тамоми дунё таҷлил мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин рўзро таҷлил мекунад. Ин рўзе нест, ки мо бо он маъюбонро табрик кунем. Ин рўз ба мо имконият медиҳад, ки оид ба дастовардҳои онҳо мушкилоти маъюбон сухане гуем. Рўзест, ки мо метавонем овози хешро баланд намоем ва мардум боз ҳам бештару хубтар огоҳ гарданд, ки маъюбон низ узви ҷудонашавандаи ҷомеа мебошанд ва саҳми худро барои ободиву шукуфоии ин сарзамин гузошта метавонанд.
Имрўз масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бахусус, маъюбон яке аз самтҳои муҳими сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ҳамеша тадбирҳои судманд ва созанда андешида мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро эътироф намуда, ба чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ арҷ гузошта, барои таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони маъюб тадбирҳои мушаххас меандешад. Аз ҷумла, 22 марти соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ба имзо расонида шуд.
Ҷиҳати омўзиши масъалаи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба конвенсияи мазкур дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст. Ғайр аз ин, баҳри амали гардидани муқаррароти Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон бо қарори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020 «Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тавсиб расонидани Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024″ ва «Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» ба тасвиб расидаанд.
Мо кормандони шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон низ ҳар сол ин рӯзро ҷашн мегирем ва бо баргузории чорабиниҳои гуногун хотири онҳоро шод мегардонем.
Зиёвудинова Зарина,
мутахассиси шуъбаи
чвчввввв хизмарасонӣ
ба маъюбон