Рӯзи байналмилалии маъюбон дар Китобхонаи миллӣ таҷлил гардид

Толори “Ошёни булбулон”-и Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои идонаву ҳавои атрогини шодӣ ва қабои рангин ба бар дошт. Ду тарафи саҳнаро сӯзаниву гулдӯзҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ оро дода, аз ду тарафи даромадгоҳ рафҳои китоб (намоиши китоб) ба намоиш гузошта шуда буданд. Оҳанги гушнавози мусиқии миллӣ ба дилҳо сурур мебахшид.

Имрӯз шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд бахшида ба Рӯзи Байналмилалии маъюбон, маҳфили фарҳангӣ-фароғатӣ барпо намуд. Дар маҳфил роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, меҳмонон-ҳунармандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонандагони доимии шуъбаи мазкур – шахсони имконияташон маҳдуд, кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” ва намояндагони ВАО ширкат доштанд.

Муҳаммадиқбол Атозода Маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Атозода ифтитоҳ намуда, сухан аз ташаббусҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат, аз ҳамдиливу ҳамбастагии қишрҳои гуногуни ҷомеа кард. Ҳамчунин қайд намуд, ки масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бахусус, маъюбон яке аз самтҳои муҳими сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ҳамеша тадбирҳои судманд ва созанда андешида мешаванд.

Муовини директори Китобхонаи миллӣ Муҳаммадикбол Атозода зимни баромади худ аз номи директори  Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода меҳмонону иштирокдоронро хайрамақдам гуфт. Ба кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд пеш аз ҳама зиндагии осоиштаро таманно намуда, арз дошт, ки Китобхонаи миллӣ баҳри баланд бардоштани руҳияи хонандагони имконияташон маҳдуд ҳамеша талош меварзад.

Мумаммадиқбол Атозода ҳамчунин иброз дошт, ки Китобхонаи миллӣ ҳамчун ниҳоди илмӣ, фарҳангӣ ва ҳамчун ниҳоде, ки дар он фарҳанг, маънавиёт ва осори чопии миллати тоҷик нигаҳдорӣ карда мешавад, ҳамешаву ҳамеша дар хидмати хонандагонаш аст. “Мо хидмат ба шуморо яке аз авлавиятҳои кори худ медонем”, – қайд кард муовини директор дар интиҳои суханронии худ.

Сипас ҳунармандони ансамбли фалаки Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳикматулло Анваров ва Ҳусейнҷон Шарипов бо сурудҳои марғуби худ хотири бошандагонро шод гардониданд.

Дар идомаи маҳфил директори Ташкилоти ҷаъмиятии рушди ичтимоии миллии маъюбон “Неъмат”Асадуллозода Алӣ Асадулло сухан карда, дар мавзӯи “Шахсони дорои маъюбият дар фазои рақамӣ: имкониятҳои нав барои зиндагии мустақил ва рушди ичтимоиву иқтисодӣ” андешаҳои худро баён намуд.

Дар фаровард ансамбли рақсии бачагонаи “Парвона” бо раксҳои дилошуб ва ҳунармандони ансамбли фалаки Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон –Румина Мирзоева ва Заринаи Абдураҳим хотири иштирокдорону тамошобинонро болида гардониданд.

Дар зимн, аз ҷониби сарпарастон ва роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ба хонандагони доимии шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони дорои имконияташон маҳдуд туҳфаҳо тақдим гардиданд.

Махфират Муҳиддинова