Рӯзи даргузашти Фурӯғи Фаррухзод
АЗ ЁД РАФТА
Ёди бигзашта ба дил монду дареғ,
Нест ёре, ки маро ёд кунад.
Дидаам хира ба рах монду надод,
Номае то дили ман шод кунад.
Худ надонам чӣ хатое кардам,
Ки зи ман риштаи улфат бигусаст.
Дар дилаш ҷойе агар буд маро,
Пас чаро дида зи дидорам баст?
Ҳар куҷо менигарам боз ҳам ӯст,
Ки ба чашмони тарам хира шуда.
Дарди ишқ аст, ки бо ҳасрату сӯз,
Бар дили пуршарарам чира шуда.
Гуфтам аз дида чу дураш созам,
Бегумон зудтар аз дил биравад.
Марг бояд, ки маро дарёбад,
Вар-на дардест, ки мушкил биравад.
То лабе бар лаби ман мемонад,
Мекашам оҳ, ки кош ин ӯ буд.
Кош ин лаб, ки маро мебӯсад,
Лаби сӯзандаи он бадхӯ буд.
Мекашидам чу дар оғӯш ба меҳр,
Пурсам аз худ, ки чӣ шуд оғӯшаш?
Чӣ шуд он оташи сӯзанда, ки буд,
Шуълавар дар нафаси хомӯшаш.
Шеър гуфтам, ки зи дил бардорам,
Бори сангини ғами ишқашро.
Шеър худ ҷилвае аз рӯяш шуд,
Ба кӣ гуям ситами ишқашро?
Модар, ин шона зи мӯям бардор,
Сурмаро пок кун аз чашмонам.
Бикан ин пираҳанамро аз тан,
Зиндагӣ нест ба ҷуз зиндонам.
То ду чашмаш ба рухам ҳайрон нест,
Ба чӣ кор оядам ин зебоӣ.
Бишкан ин оинаро, эй модар,
Ҳосилам чист зи худороӣ?
Дар бубандеду бигӯед, ки ман,
Ҷуз аз ӯ аз ҳама кас бигсастам.
Кас агар гуфт: Чиро? Бокам нест,
Фош гӯед, ки ошиқ ҳастам.
Қосиде омад агар аз раҳи дур,
Зуд бипурсед, ки пайғом аз кист.
Гар аз ӯ нест, бигӯед он зан,
Дергоҳест дар ин манзил нест.