“Рӯзи дарҳои боз”: Шиносоии ҳазорҳо нафар бо имконоти Китобхонаи миллӣ
Анъанаи солҳои пеши “Рӯзи дарҳои боз” имсол низ Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” -и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯзи байналмилалӣ баргузор мешавад. Ҳам тантанаҳои наврӯзӣ ва ҳам сайругашт дар Китобхона.
Ин ҳамоиши бошукӯҳ дирӯз(30.03.2026) дар идомаи тантанаҳои Наврӯзӣ дар Китобхонаи миллӣ оғоз гардид ва намояндагони вазорату кумита, донишгоҳҳу донишкадаҳо ва тамоми сохторҳои шаҳри Душанбе дар ифтитоҳи он ширкат варзиданд.
Директори Китобхонаи миллӣ профессор Ҷумахон Файзализода чорабиниро ҳусни оғоз бахшида ба кори он мувафақият тамано намуд.
Ӯ гуфт, ки ҳадаф аз баргузории Рўзи дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ ин нишон додани фарҳанги деринаи китобдории миллати тоҷик аст ва ба ин васила инъикоси имкониятҳои Китобхонаи миллӣ ҳамчун боргоҳи соҳибмахзан ва дорои фонди бою ғании китобу маҷалаву рӯзнома мебошад.
Ҳамчунин, дар ин рӯз меҳмонон метавонанд аз гӯшаҳои намоиши китобҳо, рисолаҳои илмӣ, дастурҳои библиографӣ, китобҳои бачагона, рӯзномаву маҷаллаҳо дидан намоянд.Хони наврӯзи бо оростани таомҳои миллӣ ва ҳафтсину ҳафтшин низ дар ин рӯзҳои омода гардид, ки яке аз суннатҳои ҷашни наврӯз ба ҳисоб меравад.
Тибқи омори дастрасгардида дар рӯзи аввали ҳамоиш беш аз ду ҳазор нафар ба Китобхона омада, бо роҳнамоии кормандони масъул ба шароиту имконоти фароҳамгардида, аз наздик шинос шуданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Рӯзи дарҳои боз тибқи нақша рӯзҳои 30-31март аз соати 8:30 то 16:00 идома хоҳад кард.
Тафсилоти бештар аз омаду рафти меҳмонон дар Рӯзи дарҳои боз ва сайёҳати онҳо нашр мешавад.
Наргис НАЗАРЗОДА