Рӯзи покиву назофат дар Китобхонаи миллӣ баҳри истиқболи сазовори Истиқлоли Ватан

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати ободу зебо нигоҳ доштани муҳити зист ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 4-уми июл кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъона ба шанбегӣ баромаданд.
Дар ҷараёни шанбегӣ кормандони Китобхонаи миллӣ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба Ватан барои тозаву озода нигоҳ доштани муҳити коргоҳ, нигоҳубини дарахтону гулҳо, поксозии роҳраву ҷуйборҳо корҳои назофатиро ба анҷом расониданд.

Рӯзҳои покиву назофат дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта доир мегарданд. Самараи ҳамин талошҳост, ки дар гармои тобистон низ гирду атрофи бинои Китобхонаи миллӣ ҳамеша сабзу назаррабо ва гулҳояш шукуфону муаттаранд.

Китобхонаи миллӣ барои рушди фарҳанги шаҳрнишинӣ ва муҳити тозаву озода мекӯшад саҳми арзандаи худро гузорад.
Аксҳо аз Муҳаммадисо Исоев