Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад!
Ҳамватанони гиромӣ. Шуморо ба муносибати фаро расидани Рӯзи забон давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод мекунам.
Забони ноби тоҷикӣ чун яке аз пояҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва нишонаи равшани ҳувияти миллӣ бо баракати Истиқлоли давлатӣ ва дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтани он дар ҳоли рушду нумуъ аст.
Мо ҳар сол 5-уми октябр ин санаи муборакро бо як ҷаҳон ифтихору шодмонӣ ва ҳисси волои ватандӯстиву эҳтиром ба забони модарии худ таҷлил мекунем. Ифтихор аз он дорем, ки соҳибзабонем ва миллате сарафроз бо забоне, ки тоҷикӣ номида мешавад, гуфтугӯ мекунад.
Мусаллам аст, ки барои мо донистани забони модарӣ ин қабл аз ҳар чизи дигар арҷ гузоштан ба миллат ва гузаштаи пурифтихори он аст.
Олимон исбот кардаанд, ки дар 500 соли охир дар олам тақрибан 4,5 дарсади забонҳои дунё рӯ ба нобудӣ овардаанд. Дар тамоми тўли таърихи инсоният тақрибан 9 ҳазор забон аз байн рафтааст. Дар ин миён ҳатто забонҳои кишварҳои абарқудрате аз байн рафтаанд. Аз ҷумла, забонҳои қадимаи санскрит, порсии қадим, оромӣ, юнонӣ, лотинӣ, ведӣ, ошўрӣ ва русии қадим.
Ҷойи ифтихору сарбаландист, ки миллати азизи мо тули қарнҳо забони поки модарии худро нигоҳ дошт. Миллати соҳибтамаддуну соҳиби хату савод ҳаргиз ба мушкили нобудии забонаш рӯ ба рӯ нахоҳад шуд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пойдориву покии забонамон ба роҳандозии чандин барномаҳои сатҳи давлатӣ муосидат кардаанд.
Ногуфта намонад, ки бори аввал Қонун дар бораи забони тоҷикӣ 22 июли соли 1989 қабул карда шуд. Аммо 5 октябри соли 2009 тарҳи нави Қонуни забони тоҷикӣ ба тасвиб расид ва аз ҳамон рӯз Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Бояд гуфт, ки Қонуни айни замон мавриди амал қарордошта меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо, аз ҷумла забонҳои ақаллиятҳои миллии сокинони кишвар ба инобат гирифта нашуда буд. Аз ин рӯ зарурате пеш омад, ки Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шавад. Ин қонун дурнамои рушди забони давлатиро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот бо вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ, аз ҷумла меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар танзим ва муқаррар менамояд.
Бояд аз он ифтихор кард, ки ин забонест, ки аввалин шоири олам-Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нахустин сатрҳои мондагорашро иншо кардааст. Ин забонест, ки бо он насру назми оламгири форсӣ эҷод шудааст. Ин забонест, ки ба олами тамаддун Берунӣ, Ибни Сино, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Аҳмади Дониш, Ҳоҷӣ Ҳусайн барин нобиғаҳоро додааст.
Ин забонест, ки бо он Айнии бузургвор, Турсунзодаи ширинкалом, Муъмин Қаноату Лоиқу Бозор Собир барин шоирони миллии мо асар офаридаанд. Аз ин рӯ ин забонро чун як муқаддасоти миллӣ бояд эҳтиром кард.
Як бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод мекунам ва бароятон ҳама хушиҳои оламро таманно дорам.
Бо эҳтиром, Файзализода Ҷумахон Хол, Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.