Сад нафар хонандагони “Литсей касбии махсуси маъюбон” ройгон узви Китобхонаи миллӣ шунад

Китобхонаи миллӣИмрӯз ба шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ 100 нафар хонандагони Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии мухсуси маъюбон”  тариқи ройгон аъзои Китобхона ва шуъбаи мазкур гардиданд.

Дар муассисаи мазкур хонандагони маъюб, ятим, бепарастор ва фарзандони оилаҳои маъюбиятдошта таҳсил мекунад, ки пайваста зери таваҷҷуҳу ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Китобхонаи миллӣ низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, то чунин хонандагон аз ҷомеа канор намонанд ва аз тамоми шароиту имконоти фароҳамовардаи давлату ҳукумат ба таври васеъ истифода намоянд. Яке аз чунин иқдомҳо тариқи ройгон аъзои Китобхонаи миллӣ ва шуъбаи махсуси шахсони маъюбиятдошта гардонидани 100 нафар хонандагони Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии мухсуси маъюбон” мебошад.

Китобхонаи миллӣХонандагон барои аъзо шудан ба Китобхонаи миллӣ имрӯз таҳти роҳнамоии устоди Литсейи мазкур Суҳроб Сатторов омада, бо имконоти шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд ва дигар толорҳои Китобхонаи миллӣ ошно гардиданд.

Шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд Китобхонаи миллӣ наздики 2000 нафар аъзо дошта, дар фонди шуъбаи мазкур беш аз 7500 нусха адабиёт нигоҳдорӣ мешаванд, аз ин шумора беш аз 1500 адади онро китобҳои брайлӣ ташкил медиҳанд. Дар толори хониши он 14 адад компютер мавриди истифодаи хонандагон қарор дорад. Айни замон дар хотираи компютерҳо 262 сабтҳои гўё насб шудаанд, ки хонандаҳои нобино метавонад бо воситаи барномаи “Ҷовс” аз он истифода намояд.

Китобхонаи миллӣҲамчунин хонандагоне, ки аъзои шуъбаи мазкур гаштаанд, имкон пайдо мекунад, то дар маҳфилу чорабинӣ ва мулоқотҳое, ки бо ибтикори маъмурияти Китобхона дар ин шуъба доир мегарданд,  иштирок намоянд.

Китобхонаи миллӣХонандагоне, ки ҳунарҳои махсус доранд, метавонанд намунаи онро дар шуъбаи ба намоиш гузоранд. Ҳамарӯза ба Китобхонаи миллӣ сайёҳон, меҳмонон ва хонандагон меоянд ва аз ин гӯшаҳо дидан мекунад. Шахсони маъюбиятдошта низ ба таври васеъ аз имконоти мавҷудбуда метавонанд истифода баранд.

Наргис НАЗАРЗОДА