Сад соли “Ҷуиҳурият” ва даҳсолаҳои ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллӣ
Нашрияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” 100 соли таъсиси худро таҷлил кард ва ба ин муносбат канори тадорукоти дигар, аз қабили ҳамоишу нишастҳо Энсиклопедияи нашрияро ҳам нашр намуд, ки аввалин таҷрибаи дар шакли донишнома пешниҳод кардани фаъолияти сад соли як нашрияи таърихии кишвар аст.
Муруре ба гузашти солҳо ин воқеъиятро пеши чашмон ба ҷилва меорад, ки “Ҷумҳурият” ва Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар гузашта Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ) дар ин дарозои таърих як ҳамкории ҳамешагиро таҷриба кардаанд. То кунун метавон садҳо хабару гузориш аз фаъолияти Китобхонаи миллиро пайдо кард, ки солҳои мухталиф дар саҳифаи “Ҷумҳурият” мунташир шудаву, ҷомеаро аз тозатарин хабарҳои китобу китобдорӣ огоҳ кардаанд. Шояд имконе фароҳам ояд ва ин хабару мақолаву гузоришҳо ҷамъоварӣ ва дар як маъхаз чун нишони ҳамкории созандаи ду ниҳод нашр шавад, ки аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.
Аммо аз чанд рӯйдоди тозатарин (ҳамаи ду –се соли охир) метавон ёд кард, ки ин ҳамкориҳоро барҷаста нишон медиҳанд.
4-уми марти соли ҷорӣ Китбхонаи миллӣ бахшида ба «Рӯзи матбуоти тоҷик» ва садсолагии фаъолияти нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Ҷумҳурият» Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-оммавӣ таҳти унвони «Ҷумҳурият»: Сад соли бедории фикрии миллат» баргузор кард, ки дар он донишмандон, таҳлилгарон, пажӯҳишгарони матбуот, рӯзноманигорон, кормандони масъули рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва Китобхонаи миллӣ ширкат карданд.
Дар ин Конфронс Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Файзализода иброз дошт, ки барои таъсис ва ҷолибу пурмуҳтаво рӯи чоп омадани аввалин рӯзномаву маҷаллаҳо равшанфикрони миллат, заҳмати зиёд кашидаанд. Имрӯз дар майдони матбуоти кишвар беш аз 600 рӯзномаю маҷалла аз ҷумла нашрияҳои расмӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ, соҳавӣ ба табъ расида, бо инъикоси мавзуъҳои гуногун дар огаҳию камолоти маънавии мардум ва пешрафти хоҷагии халқи мамлакат саҳми босазо мегузоранд. Шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ бойгонии азими нашрияҳои даврӣ ба шумор рафта, ҳамасола ба ҳазорҳо нафар хонандагон хидматрасонӣ мекунад. “Ҷумҳурият” яке аз аввалин рӯзномаҳои расмии мо ба ҳисоб рафта, ҳазорҳо нусхаи он дар фонди шуъбаи матбуоти даврӣ нигоҳдорӣ мешавад. Мақсад аз ташкили чунин конфронҳо назаре ба таърихи матбуот ва арҷ гузоштаи ба заҳмату талошҳои аввалин муҳарирони мо аст, ки имрӯз мо боифтихор аз “Рӯзи матбуоти тоҷик” ҳарф мезанем ва гуфта метавонем, ки яке аз рӯзномаҳои расмии мо 100 сол муқаддам ба нашр расидааст.
Ду сол пеш, дақиқан 10-уми марти соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Тоҷикистон нишасти хотирмони рӯнамоии китоби “Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” баргузор шуд. Ин маҳфили хеле муҳим бо ширкати гарми зумрае аз донишмандон, пажӯҳишгарон, рӯзноманигорон ва аҳли қалами рӯзномаи “Ҷумҳурият” доир шуда буд.
Дар ин ҳамоиш сармуҳаррири нашрияи расмии Ҳукумати Тоҷикистон “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода аз нашри китоб ва инъикоси фаъолияти Президенти Тоҷикистон дар “Ҷумҳурият” ва зарурати ҳамчунин як дастури библиографӣ сухан карда, иброз дошт, ки дар ин дастур маводи солҳои 2019-2021 пурра гирдоварӣ шудааст. Вай давраи солҳои 2019-2021-ро давраи пурмаҳсултарини нашрия оид ба инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номид, аз ин рӯ, танҳо маводҳои ҳамин давра дар ин китобнома гирдоварӣ шудаанд.
Ҳамон сол рӯзнома Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Сипоснома ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобилан судманд барои таҳия ва чоп намудани Феҳристи “Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (2019-2021)” сарфароз гардонд.
Дар як нишаст бахшида ба садсолагии нашрия, ки дар идораи газета баргузор шуд, Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Файзализода бо Сипосномаи “Ҷумҳурият”барои ҳамкориҳои судманд ва саҳми арзанда дар баланд бардоштании мақоми рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҳамчун нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 100-солагии модари матбуоти тоҷик” қадрдонӣ шуд.
Мо бар ин назарем, ки ҳамкории ду ниҳоди давлатӣ дар таблиғи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оянда созандаву ҳамешагӣ хоҳад буд ва гомҳои устуворе дар таҳкими таблиғи сиёсатҳои фарҳангиву таблиғи китобу китобдорӣ бардошта хоҳад шуд.
Бобоҷон Шафеъ