Сад соли рўзномаи рақами 1-и Тоҷикистон

ҶумҳуриятНашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Ҷумҳурият” бахшида ба 100-соли ҳузураш дар фазои матбуоти кишвар китоберо бо номи “100 сол. Энсиклопедияи “Ҷумҳурият” нашр кард. Тавре аз номаш пайдост, хонанда бо варақгардонии ин китоби хеле пурарзиш ва хонданӣ саҳифаҳои таърихи миллат ва кишварро ҳам варақгардон мекунад.

Ҷумҳурият ба сони китоби хотироти таърихи матбуоти миллат дар сад соли охир аст. Ҳар касе бо ин газета ҳамқадам буду ҳаст, ҳамқадам бо таърихи миллату меҳан буду ҳаст.

Китоб бо ин сарсухани пурмуҳтаво рӯи чоп омадааст:

“ҲАМСОЛИ ТОҶИКИСТОН”

«Ҷумҳурият» 100-сола  шуд. Аз нашри  нахустин шумораи рўзнома, ки «Иди  тоҷик» ном дошт (15-уми марти соли 1925), як аср гузашт. Рўзнома тули мавҷудияташ чанд маротиба бо тақозои замон ва сиёсати давр ном иваз кард. Аз шумораи дуюм «Бедории тоҷик» ном гирифта, баъдан бо номҳои «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ», «Тоҷикистони шуравӣ» рўи чоп  омадааст. Соли1991, яъне аз оғози марҳалаи соҳибистиқлолии кишвар, номи «Ҷумҳурият»-ро гирифт.

Рўзнома  ҳарчанд бо тақозои  давру замон чандин маротиба табдили ном карда бошад ҳам, дар мавқеи давлатсозии худ устувор ва ҳамдаму ҳамнафаси халқ содиқ мондааст. Ҳамсоли Тоҷикистон ҳамчун давлат аст ва тамоми шебу фарозҳои сад соли охирро  бо ҳам тавъам дидаанд. Садоқаташ дар иҷрои рисолати таърихӣ ва саҳми беназираш ба ҳайси як мактаби бузурги тарбияи ватандўстӣ буд, ки 14-уми марти соли 2000-ум бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шуд.

Ҷашни садумин солгарди рўзномаи «Ҷумҳурият» на танҳо ҷашни як минбари бузурги миллатсоз, балки гиромидошти хизматҳои мондагори фарзонафарзандони тоҷик, амсоли устод Садриддин Айниву аллома Бобоҷон Ғафуров ва  Мирзо Турсунзода, аввалин муҳаррири газета Аббос Алиев, адибону равшанфикрони тоҷик Абулқосим  Лоҳутӣ, Алӣ Исмоилзода, Саидбоғир Қосимов, Қосим Дайламӣ, Муҳаммадҷон Ҳасанӣ, Аминҷон Шукўҳӣ, Ибод Файзулло, Самад Ғанӣ, Ашўр Ҳалимов, Ғоиб Қаландаров, Шодӣ Саид, Нур Табаров, Мазҳабшо Муҳаббатшо, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, хабарнигорону саҳифасозону мусаҳҳеҳон, ҷашни  хонандагон, хулоса, ҷашни  матбуоти тоҷик ва ҷашни Тоҷикистон низ ҳаст!

Танҳо варақагардон намудани саҳифаҳои рўзнома кофист, то ба чашми сар бубинем, ки ҳазорон нафар рўшанфикрон дар эъмори Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибном маҳз бо истифодаи фарогир ва ҳамин минбар  саҳм гузоштаанд.

«Ҷумҳурият» ҳамсоли Тоҷикистон аст . 24-уми октябри соли 1924 ҶМШС Тоҷикистон ва пас аз чор моҳ рўзномаи «Иди тоҷик» таъсис ёфтанд. Солҳои аввали фаъолият рисолати рўзнома саҳм гузоштан дар маҳви  бесаводӣ ва ташаккули давлати тоҷикон буд, ки аз уҳдаи иҷрои он сарбаландона баромад. Махсусан, дар панҷсолаи аввал, аниқтараш аз соли 1924 то 1929, яъне марҳалаи ҳассоси таърихӣ, ки Тоҷикистон дар ниҳоят давлати алоҳидаи сотсиалистӣ эътироф шудаву эълон гашт, «Ҷумҳурият» (он вақт «Бедории тоҷик») нақши боризу мондагор дошт.

Аз  ин рў, «Ҷумҳурият»- и имрўз таърихи зиндаи Тоҷикистон ва мардуми он мебошад. Дар саҳифаҳои он на танҳо хабарнигорон, балки роҳбарони давлат, арбобони сиёсиву ходимони ҷамъиятӣ, адибону омўзгорон, муҳандисону табибон, ҳунарпешагону  варзишгарон, коргарони одиву деҳқонони заҳматкаши ғизобахш муҳимтарин ва арзишмандтарин маълумотро ба хонанда пешкаш намудаанду менамоянд. Фарзандони барўманди тоҷик дар равнақи  рўзномаи «Ҷумҳурият» фаъолона саҳм мегирифтанд. Устод Садриддин Айнӣ яке аз муаллифони  нахустин ва фаъоли рўзнома буд. Устод ин рўзномаро «модари матбуоти Тоҷикистони  советӣ» номида, мардумро ҳамеша ба рўзномахонӣ ташвиқ менамуд. Академик Бобоҷон Ғафуров низ солҳои сиюм аз муаллифони фаъоли рўзномаи буд ва бисёр мақолаҳои ҷолиби худро, ки ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик бахшида шудаанд, маҳз дар рўзномаи  «Ҷумҳурият» ба табъ расондааст. Устод Мирзо Турсунзода ҳам дар мақолаи худ «Аввалин газета, аввалин муъҷиза», ки ба ифтихори 50-солагии «Ҷумҳурият» навишта буд, аз эътиқоди самимии хеш ба ин рўзнома ва  нақши он дар муборизаҳо бо муҳаббат ҳарф задааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 ба  муносибати 1310-солагии Имоми Аъзам дар «Ҷумҳурият» бо номҳои  «Имоми Аъзам ва ахлоқи умумиинсонӣ» (шумораи №86, аз 7-уми июл) ва «Имоми Аъзам ва фарҳанги умумибашарӣ» (шумораи №119, аз 3-юми октябр) мақолаҳои хешро нашр кардаанд.

Хурсандиовар ин аст, ки бо гузашти сад сол мавқеъ ва  рисолати ин рўзнома боре ҳам  тағйир нахўрдаву ҳанўз ҳам дар масъалаҳои  тарбияи ватандўстӣ, тарғибу ташвиқи  дастовардҳои замони истиқлол, татбиқи нишондиҳандаҳои сиёсати давлатӣ ва камолоти кадрҳои  баландихтисоси муҳимтарин соҳаҳои иҷтимоӣ пешгом ба парчамбардор аст.

Бахусус, даҳ соли охир «Ҷумҳурият», тибқи назарсанҷиҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла «Машварати расонаӣ» ва «Зеркало», серхонандатарин рўзнома дар Тоҷикистон эътироф  шудааст. Қобили зикр аст, ки хидматҳои содиқонаи кормандони рўзномаи «Ҷумҳурият» дар рушду нумуи соҳаи матбуот солҳои гуногун бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1959) ва Ҷоизаи байналмилалии ситораи тиллоӣ барои сифат (2002 ва 2006) қадр шудаанд.

Имрўз «Ҷумҳурият» дар шаклу мазмуну  муҳтаво, яъне пешниҳоди масъалаҳои  мубрам, таъҷилияти инъикоси руйдодҳои ҷомеа, ҷолибияти матолиб мақоми хоса доранд. Рўзнома набзи ҳаёти кишвар, корномаҳои фарзандони асили миллат, садоқату муҳаббати онҳоро ба Ватан инъикос намуда,  рўзномаи рақами 1-и Тоҷикистон унвон гирифтааст. Забони «Ҷумҳурият» низ ҳамчун забони матбуоти тоҷик мақом дорад, ки боиси ифтихору сарфарозии аҳли эҷод ва ихлосмандони он аст.

Дар ин китоб ному  чеҳраҳои онҳое, ки дар рўзнома давоми сад сол дар марҳалаҳои гуногун заҳмат кашидаанд, муаррифӣ мешаванд. Шарҳи ҳоли нафарони зиёдро натавонистем пайдо созем, аз ин рў, аз хонандагон ва муҳаққиқон хоҳиш мешавад, ки барои нашрҳои минбаъда дар ин кор ба рўзнома ёрӣ расонанд.

Ба муассисон, кормандону муаллифони берунаи рўзнома ва ҳамаи зиёиёни ҷумҳурӣ 100-солагии « Ҷумҳурият» муборак бод!