Сад таронаи Аҳмад Зоҳир дар нотаҳо чоп шуд
Сарредаксияи илмии Энсикломедияи миллии тоҷик китоберо бо номи “Сад таронаи Аҳмад Зоҳир” нашр кард, ки сурудаҳои ин хунёгари нотакрорро бо нота дар бар гирифтааст. Дастандаркорони ин ташаббус ба ин назаранд, ки ин иқдом барои дуруст навохтану бехато хондан кумак мекунад.
Мақсад аз чопи китоб дар муқаддимаи он муфассал оварда шудааст, ки лозим донистем онро комил ин ҷо биёрем:
САРСУХАН
Аҳмад Зоҳир аз беҳтарин ва машҳуртарин овазхони асри 20 дар миёни порсизабонон аст, ки аз худ оҳангҳои ҷолибу дилкаши беназир ба ёдгор гузошт. Ӯ на танҳо дар Афғонистон балки дар Тоҷикистон, Эрону Покистон, Ҳинду Арабистон ва Аврупо низ алокамандони бешуморе дорад, ки таронаҳояшро мардум зиёд гӯш мекунанд ва хеле аз овозхонони касбию ҳаваскор бозхонӣ мекунад. Аҳмад Зоҳир бештар кушиш мекард, то аз пурмаънитарин ашъор дар охангҳои худ истифода кунад ва аз ҳамин рӯ алоқаи ӯ ба Мавлоно, Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил, Симини Беҳбаҳонӣ, Раҳии Муаййирӣ, Халулиллоҳ Халили Абулқосим Лоҳутӣ, Фурӯғи Фаррухзод ва дигарон шуарои забардасти форсизобонон бештар буд.
Ҳарчанд Аҳмад Зоҳир дар муаррифии шоирону оҳангсозони форсизабонон хидмати бузург анҷом дод, аммо коре ки алоқамандони таронаҳои ӯ дар ватанаш ва берун аз он дар муаррифии Аҳмад Зоҳир карданд сутуданист. Барои муаррифии Аҳмад Зоҳир ҳаводоронаш аз ҳар роҳу восита истифода бурданд, ки яке аз ин роҳи чопи мақолаву китобҳост. Ва он чи ки чоп шуду дар куҷо чоп шуду кай чоп шуд, берун аз мавзуи пешгирифтаи мост, вале ҳарчанд ишораи кӯчак доир ба он ки дар Тоҷикистон чиҳо чоп шудааст, дарҷ намудан холӣ аз мафиат нахоҳад буд. Кӯшиши аввалини ин корро соли 1992 В. Одина ва А. Маҳмадалӣ анҷом доданд: «Боз омадам» номи китобчаи онҳо буд, ки сад таронаи Аҳмад Зоирро дар бар мегирифт. Солиёни баъд аз ҷониби рӯзноманигори шинохта Султони Ҳамад чанд китоби барҷаста зери унвонҳои «Султони қалбҳо» (Д.,2005) «Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ» (Д.,2007) «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб» (Д., 2012) ба нашр расид, ки дар аҳмадзоҳиршиносӣ назир надошт. Ҳамчунин дар ин мавзӯъ ба нашр расидани китоби шоири тоҷик Исфандиёр зери унвони «Як мушт шеъру як мушт оҳанг» (Д., 2008) ва даҳҳо мақола дар маҷаллаву рӯзномаҳо, пахши барномаҳои ихтисосӣ ва мусоҳибаҳои радиёию телевизионӣ таъйиди нуктаҳои болост, ки Аҳмад Зоҳир дар ҳаёти мусиқии муосири мардуми тоҷик ҷои намоёни хешро ишғол кардааст.
Таронаҳои Аҳмад Зоҳир дар 33 албом тадвин гардида, ба шакли савтӣ тақдим шудааст ва ҳамон тавре, ки дар боло гуфа шуд, мухлисонаш аз рӯи ин албомҳо сурудҳои ӯро бозхонӣ карданду мекунанд. Чунин тарзи бозхонӣ кардан, албатта, дар ҳеҷ куҷо манъ нашудааст, вале бисёр вақтҳо мушоҳида гардидааст, ки оҳангҳо ва ҳатто матни таронаҳои Аҳмад Зоҳир ғалат навохтаву нодуруст хонда мешаванд. Ин, албатта чанд сабаб дорад ва яке аз он ин аст, ки сурудаҳои Аҳмад Зоҳир ба нота гирифта нашудаанд. Чун аз пайи ислоҳи ин ғалаткориҳои мухлисон гаштем, мутаассифона, дар шабакаи интернет ду таронааш – «Дунёи зиндонӣ» ва «Султони қалбам» ( ҳар ду бидуни матн) ба нота гирифта шудаасту бас. Ҳамон тавре, ки дар боло зикр гардид, аввалин пажуҳишҳои эҷодиёти Аҳмад оҳир дар Тоҷикистон заминагузорӣ шудааст, лозим донистем, ин икдомро низ ба дӯши худ гирифта, барои дуруст навохтану бехато хондани матн дар аввали кор сад тарони ӯро ба нота бигирем. Сад таронае, ки интихоб шуд, миёни ҳаводоронаш дар Тоҷикистон бештар ба гӯш мерасад ва ғалат навохтаву хондаҳо низ дар миёни ин сад тарона мушоҳида мешавад.
Матни форсии сурудҳо ба хотири истифодаи дигар форсизабонон изофа гардид. Шояд баъзеҳо эрод бигиранд, ки дар талаффузи худи Аҳмад Зоҳир калимае чунин омадаасту дар матни овардашуда чунон. Албатта, ин нуктагирӣ дар ҷое дуруст аст, вале мо матнро дар аксар мавридҳо дар асоси навиштаи шоир овардем ва он чи ки Аҳмад Зоҳир сурудааст, шояд талаби оҳанг буд ё овозаш ва метавон гуфт, ки бузургии Аҳмад Зоҳир низ дар ҳамин буд, ки метавонист ба осонӣ матнро ва ё оҳангро чунон устодона тағйир диҳад, ки маҳорату истеъдоди фавкулодааш онро тақозо мекард. Бидуни шак, ин баҳс хеле доманадор аст ва мо ҳалли ин нуктаро ба қалами пажӯҳишгарони мусиқидон ва сурудҳои ба нота гирифташударо бо матн дар ихтиёри шумо – ҳам онҳое, ки тоза ба дунёи мусиқии асил ворид хоҳанд шуд ва ҳам онҳое, ки мехоҳанд аз эҷодиёти Аҳмад Зоҳир худ баҳровар гарданду дигаронро низ шодоб гардонанд, вомегузорем.
Китоби “Сад таронаи Аҳмад Зоҳир”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед. Аммо барои касоне, ки мехоҳанд ин таронаҳоро беғалат бозхонӣ кунанд, тавсия медиҳем, ки китобро пайдо ва барои доимӣ бихаранд.
Таҳияи Фарзона ШАРИФОВА,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.