“Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврўз”. Ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ дар Китобхонаи миллӣ
29-уми январи соли равон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ таҳти унвони “Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврўз” баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш олимону муҳаққиқони соҳа, пажӯҳишгарон ва адибону намояндагони фарҳанг иштирок намуданд.
Ҳамоиши мазкур бо ибтикори шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ ва Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллӣ доир гардид.
Дар ифтитоҳи кори ҳамоиш директори Муассисиаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ профессор Ҷумахон Файзализода аз таърих, пайдоиш ва эҳёи ин ҷашни ниёгон ҳарф зад.
“Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори ватани азизамон Тоҷикистон ҷашни Садаро таҷлил мегиранд ва Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» – и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худ макони илму маърифат, хазинаи дониш, арҷгузоранда ба ниёгони гузашта ва пайвандгари наслҳои имрӯзу фардои миллат аст, ҳамоиши илмӣ-оммавӣ зери унвони «Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз» баргузор намуд.Инчунин рӯнамоии китоби муаррих, рӯзноманигор ва фарҳангшиноси тоҷик Ҷонибеки Асрориён низ ба ин ҷашни фархунда рост омад, ки имрӯз пешкаши ҳамагон мегардад” илова кард профессор Файзализода.
Воқеан, ҷашни Сада яке аз куҳантарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон ба шумор меравад. Ин ҷашн реша дар таърихи бисёр қадимаи халқ дошта, бо табиат, офариниш, нур ва гармӣ иртиботи зич дорад.
Сада ҷашни оташ, рӯшноӣ ва умед аст, ки аз бедории табиат ва омодагии инсон ба фасли баҳор дарак медиҳад.
Дар ривоятҳо ва манбаъҳои адабӣ омадааст, ки Сада ба номи шоҳи афсонавӣ – Ҳушанг ҳангоми бархӯрди ду санг тасодуфан оташро кашф кард. Аз он пас, инсон тавонист аз гармӣ ва рӯшноии оташ баҳра бурда, зиндагии худро осонтар намояд. Ба ифтихори ин кашфи бузург ҷашни Сада ба вуҷуд омад.
Фарҳангшинос Абдуфаттоҳ Аминзода дар идома доир ба мақом ва манзалати Сада ва эҳёи дубораи он, инчунин ба мероси фарҳангӣ ғайримодии ЮНЕСКО ворид гардидани ин ҷашн сухан гуфт.
Абдуфаттоҳ Аминзода иброз дошт, ки барои ворид намудани ҷашну маросим ва ё дигар анъанаҳо ба мероси фарҳангӣ ғайримоддии ЮНЕСКО фақат пешниҳоди ном ва таърихи он кифоя нест. Олимону муҳақциқони соҳа дар ин самт таҳқиқот бурда, аз рӯи низомномаи номинае, ки “Сада” дар он метавонад пешниҳод гардад, корҳоро қадам ба қадам анҷом додаанд. Аз маҳалҳо маълумотҳоро гирдоварӣ карда, дар шакли бисёр кӯтоҳ, вале дақиқ ба комисия пешниҳод намудаанд. Ин ҷараён кор осон набуд ва хушбахтона мо мувафақ шудем, ки ин ҷашнро ҳатто бо пешниҳоди 10 акс аз баргузории он тавонем ба мероси фарҳангӣ ғайримоддии ЮНЕСКО ворид созем.
Абдуфаттоҳ Аминзода ҳамчунин гуфт, ки 4 декабри 2023 дар Касане, Ҷумҳурии Ботсвана иҷлоси 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ба кори худ шуруъ намуд. Чорабинии мазкур то 9 декабри соли 2023 идома ёфта, намояндагони кишварҳои узви Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ иштирок намуданд. Ин номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон “Ҷашни Сада” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Дар идома Саъдӣ Қосимӣ, профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар иртибот ба китоби “Рамзу рози Сада”-и фарҳангшинос Ҷонибек Асрориён андешаҳои худро иброз намуд.
Профессор Саъдӣ Қосимӣ гуфт, ки мо бояд дар пайравӣ ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем, ки борҳо таъкид кардаанд: “Ба олимону донишмандонро зарур аст, ки паҳлуҳои норавшан ва аҳамияти ин ҷашнро омӯзанд, арзишҳои онро ба мардум, хусусан наврасону ҷавонон ҳамчун мероси фарҳанги миллиамон ва омили худогоҳиву худшиносии наслҳо таблиғ намоянд.
Бахусус дар шароити ҷаҳони бесуботу нооромиии муосир ва равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки ба фарҳангу маънавиёти мо таъсири манфӣ расонида метавонанд, омӯзишии суннату анъанаҳои миллӣ ва манфиатҳои давлату миллат бисёр муҳим мебошад.”
Шоирону нависандон ба ҳар навъе дар муқовимат ба душманони ғоявии халқ барои ҳифзу гиромидошти анъанаҳои гузаштагони худ онҳоро дар осорашон ба таври гуногун менигоштанд.
Дар ҳамоиши имрӯза доир ба ин паҳлуи ҷашни Сада омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Саидаи Зайдуллозода дар мавзуи “Инъикоси ҷашни Сада дар шеъри Гулрухсор” суханронӣ кард. Маълум гардид, шоир дар шеърҳояш чи гуна урфу одат ва ҷараёни баргузории Садаро нозукона ба риштаи тасвир кашидааст.
Таърихнигори маъруф профессор Сайфулло Мулоҷонов дар идома оид ба ҷойгоҳи Сада ва давлатдории тоҷикон андешаҳои худро дар такя ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик баён намуд.
Дар ҳамоиш ҳамчунин рӯнамоии китоби фарҳангшиноси шинохтаи тоҷик Ҷонибеки Асрориён “Рамзу рози Сада” баргузор шуд, ки дар он Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Кароматулло Олимов, Шаҳбоз Кабирӣ, Ортиқи Қодир ва чанде дигар аз фарҳангиёни кишвар назару андешаҳои худро оид ба ҷашни Сада ва китоби тозанашри фарҳангшинос Ҷонибек Асрориён, ки аз силсилаи ”Тоҷнома” маҳсуб ёфта, дар ҳамкорӣ бо маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллӣ рӯйи чоп омадааст, баён карданд.
Маврид ба зикр аст, ки маркази “Тоҷикшиносӣ” барои пешбурди кор ва чопи силсилакитоби (Тоҷнома-Тоҷикон дар масири таърих ) бо олимони шинохтаи тоҷик-Ҷонибеки Асрориён, Сайфулло Муллоҷонов, Бобохонов Бобоназар, Алишер Аминӣ, Ҳусайнов Сайҷалол, Абдувалӣ Шарифзода, Мубашшири Акбарзод, Назариев Рамазон ва дигарон пайваста ҳамкорӣ менамояд.
Аз аввали фаъолият то имрӯз марказ 18 китобро дар ҳамкорӣ бо донишмандони маъруфи кишвар рӯйи чоп овардааст.
Дар қисмати ҷамъбастии кори ҳамоиш муаллифи китоби “Рамзу рози Сада”-Ҷонибек Асрориён ба ҳозирини ҳамоиш барои фикру андешаҳои худро барои такмили китоб ва эродҳои худро дар робита ба баъзе нуктаҳои дар китоб овардашуда, миннатдори баён карда, изҳор дошт, ки китоб масъалаҳо доир ба ин ҷашни миллиро дар бар гирифта, заминаҳои таърихӣ, сарчашмаҳои бостонӣ, устураҳои шифоҳӣ, вежагиҳои илмӣ ва дигар хусусиятҳои ин ҷашнро бо қалами муҳаббат ва бо тафаккури ҳувият дар бар гирифтааст. Мақсаду ҳадафи таълифи китоб низ ошноии хонандагон ба таърихи ин ҷашн ва ҳифзу гиромидошти арзишҳои фарҳангии миллатамон мебошад.
Дар фарҷоми ҳамоиш миёни ширкаткунандагон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Наргис НАЗАРЗОДА