“Садои Шарқ” соли 1965. “Талабҳои ҳаққонӣ”. Интиқод аз танқиди адабӣ
Дар ин хабаре, ки дар шумораи дуюми соли 1965 маҷаллаи адабии “Садои Шарқ” мунташир шудааст, аслан сухан аз маҷлиси кушоди ҳизбӣ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон меравад, ки вазъи наср, танқиди адабӣ ва тарҷумаро баррасӣ кардааст. Аз хабар пайдост, ки аксари адибон аз аз фаъолияти мунаққидон розӣ нестанд. Манзараи мушобеҳ. 60 сол пеш интиқод аз танқиди адабӣ. Мушкиле, ки имрӯз ҳам дида мешавад.
Инак он хабар:
12-уми январ маҷлиси кушоди партиявии Иттифоқи нависандагон шуда гузашт, ки дар қатори масъалаҳои дигар вазъияти наср, танқид ва тарҷима муҳокима карда шуд.
Раиси сессия нависанда Ҷалол Икромӣ аз вазъияти кори сессия хабар дода, қайд кард, ки нависандагони тоҷик нисбат ба солҳои пешина соли гузашта хеле кор карданд. Нашриёти “Ирфон” дар давоми соли 1964 бештар аз чордаҳ номгӯй асарҳои нави носиронро дастраси умум кард. Ҳоло ҳар кадом нависандаи тоҷик ба таълифи асаре машғул аст.
Дар баробари ҳамин маърузачӣ як қатор норасоиҳои дар кори сессия мавҷуд бударо хотирнишон карда,ба асарҳои ҷавонон, аз ҷумла певести нави Болта Ортиқов “Муаллима” мулоҳизаҳои танқидӣ гуфт. Мунаққид Соҳиб Табаров ва тарҷумон Ҳабиб Аҳрорӣ аҳли маҷлисро бо вазъияти танқид ва тарҷумаи шиносонида, дар бораи чораҳои беҳтар кардани танқид ва тарҷима фикрҳо ронданд.
Нависанда Ҳабибулло Назаров дар баромади худ ҳаққонӣ танқид кард, ки маҷлисҳои сессия аз оне ба оне ҷамъ меояд, алалхусус мунаққидони мо хомӯшанд. Онҳо дар бораи асарҳои нав қариб чизе намегӯянд, дар мубоҳисаҳои адабӣ иштирок намекунанд, аз воқеаҳои адабӣ худро дар канор мегиранд.
Н Масъумӣ ва Фотеҳ Ниёзӣ мунаққид ва адабиётшиносонро даъват карданд, ки бо асарҳои худ ба талаботи давр ҷавоб диҳанд, аз масъалаҳои адабӣ дур нагирифта, бештар ба таҳлил ва тақриз машғул шаванд, бештар проблемаҳои адабиро ба миён гузоранд.
Мирзо Турсунзода диққати ҳозиронро ба мақолаи аз 9- уми январ дар рӯзномаи “Правда” ба табъ расида, ки дар назди адибони совети масъала ва вазифаҳои нав мегузорад, ҷалаб кард. Ӯ гуфт, ки хомӯшии мунаққидони мо хуб нест. Рафиқони мунаққид бояд аз ин мақола хулосаи даркорӣ бароранд, ҳамроҳи ҳаёт ва адабиёт қадам зананд, ба талаби замон бо асарҳои намоён ҷавоб гардонанд.
Дар маҷлис ҳамчунин рафиқон Баҳром Сирус, Носиров ва дигарон доир ба масъалаҳои муҳими адабӣ фикр баён кардаанд.
Қарори маҷлис шоиру нависандагон, мунаққиду адабиётшиносон ва мутарҷимонро даъват мекунад, ки барои офаридиани асарҳои хуби сазовори давр камар банданд, ба талаби айём бо асарҳои пурмазмун ҷавоб гӯянд, дар сафи пеши муборизони ҷамъияти коммунистӣ бошанд.
Маҷлис дар бораи барҳам задани норасоиҳои мавҷуда ва беҳтар кардани кори сессияи наср, танқид ва тарҷима чораҳо андешид.
“Садои Шарқ”, 1965, №2.
Таҳияи Раҳматулло Наҷидуллоев,
мутахассис пешбари шуъбаи матбуоти даврӣ.