Саъдоншо Имронов: Ибни Ямин тарҷумон ҳам буд…
Марҳум Саъдоншо Имронов, пажӯҳишгари маъруфи осори ниёгон ва яке аз муҳаққиқони муваффақи Амир Фахруддин Маҳмуд ибни Яминуддини Фарюмадӣ, мутахаллис ба Ибни Ямин аввалин бор соли 1965 дар шумораи 7-уми маҷаллаи адабии “Садои Шарқ” аз фаъолияти тарҷумонии ин шоири шинохта хабар додааст. Дар мақолааш “Ибни Ямин-тарҷумон” навиштааст, ки шоир аз осори адибони араб зиёд тарҷума кардаву дар китобҳои худ ҷо додааст.
Инак, он мақола:
ИБНИ ЯМИН-ТАРҶУМОН
Тарҷумаи ашъори шоирони араб ба забони тоҷикӣ таърихи қадиме дорад. Агар асоси назми классикии тоҷик дар асри X аз тарафи Рӯдакӣ ва муосирони ӯ гузошта шуда бошад, пас аввалин намунаҳои тарҷумаи ашъори шоирони классики араб ба забони тоҷикӣ (Ибни ар-Румӣ (635-896), Абуфарас ибни Ғолиб мутахаллис ба ал- Фараздак (641-732) ва амсоли онҳо) низ ба қалами устод Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Кисоии Марвазӣ ва дигарон мансубанд.
Амир Фахриддин Маҳмуд мутахаллис ба Ибни Ямин (1285-1368) аз зумраи он шоирони классик аст, ки дар соҳаи тарҷума кардани ашъори шоирони араб ба забони т оҷикӣ зидмати босазое доштааст.
Назар ба ёддоштҳои Ибни Ямин, вай ҳануз аз айёми мактабхониаш, дар баробари забон ва адабиёти тоҷик, забони арабиро хеле хуб аз бар менамояд. Донистани забони арабӣ ба шоир имконият медиҳад, ки на танҳо адабиёти арабиро ба тарзи ҷиддӣ омӯзад, балки дар ин забон худ ашъори зиёде эҷод намояд.
Ғазалу қасида, рубоию қитъа ва муламмаоти ба забони арабӣ навиштаи Ибни Ямин, ки куллиёташро зиннат додаанд, аз маҳорати баланд ва донанадаи хуби забони арабӣ будани ӯ шаҳодат медиҳанд.
Ибни Ямин дар пешрафти фаъолияти эҷодии худ на танҳо аз ин ганҷина истифода мекард, балки ҳамчун шахси бомаърифат дар назди худ вазифа гузошта буд, ки аҳли фазлу адаби кишварашро бо адабиёти араб шинос кунад. Ба ҳамин мақсад намунаҳои ашъори шоирони арабро ба забони модариаш тарҷима менамояд ва тарҷумаҳояшро дар қисмати алоҳидаи девони худ ҷой медиҳад.
Ибни Ямин барои он ки девони ашъорашро такмил диҳад, ба ҳар ҷое ки мерафт ва ба ҳар шаҳре, ки сафар менамуд, нусхаи онро ҳамроҳ мебурд, шеър ва ё тарҷумаи нави худро бар он менигошт.
Мутаасифона, девони шоир, ки маҳсули эҷодии чиҳилсола ва фаъолияти тарҷумонии ӯро фаро гирифта буд, 18-уми июли соли 1342 дар ҷанги назди шаҳри Зоваи вилояти Хавоф:
Ба чанголи ғоратгарон уфтод,
В-аз он пас кас аз вай нишоне надод.
Шоири бузург баъд аз даҳ соли ин воқеа (соли 1352) девони нави худро мураттаб сохта, тарҷумаҳои тозаашро низ дар зери унвони алоҳида ба он илова менамояд, нусхаи он то замони мо омада расидааст.
Шоир дар ин гӯша натанҳо номи муаллифонро зикр мекунад, балки матни аслии арабии онҳоро низ дохил намудааст.
Дар бораи маҳорати тарҷумонии шоир ба тарзи муфассал таваққуф накарда, фақат он нуқтаро қайд бояд кард, ки тарҷумаҳои Ибни Ямин аз ҷиҳати шаклу мазмун, тарзи ифодаи мақсад ба матни арабиашон мувофиқати томе доранд. Аз ин рӯ, тарҷумаҳои Ибни Яминро мо дурдонаҳои қиматбаҳое дар хазинаи адабиёти тоҷик мешуморем.
Инак, дар поён чанде аз тарҷумаҳои Ибни Яминро бо мутолиаи дӯстдорони назм пешниҳод мекунам, ки бори аввал ба табъ мерасанд.
Як намуна аз тарҷумаҳои Ибни Ямини Фарюмадӣ, аз Аш-Шафеи Муталибӣ:
ФАРД
Фуруд омад дурудам доду бархост,
Видоам карду чун шуд? Ҷон шудан хост.
Духтари разро ҷудо карданд аз модар ба зӯр,
Пас сараш карданд аз хорӣ ба зери пой паст.
Баъд аз онаш дар миёни худ ҳукумат додаанд,
Вой бар қавме, ки мазлуме бар эшон ҳоким аст.
Чу бо душманат фурсате даст дод,
Макун ҷуз бад – он ибтидо кори хеш,
Ки гар дар наёӣ аз он дар ба ҷаҳл,
Адут аз ҳамон дар дарояд ба пеш.
Мабодо, к-аз он пас пушаймон шавӣ,
К-аз он фурсате кам диҳад даст беш.
Марде, ки салоҳи худ надонад дар кор,
В-он ҳам наниюшад, ки бад ӯ гӯяд ёр,
Ӯро бигузору хайр аз ӯ чашм мадор,
К-ӯ селии рӯзгор ёбад бисьёр.
Илмро дидаму тавозӯъро,
К-он бузургию в-ин баландӣ дод.
В-он ки бар бехирад забон бикшод,
Хасмро сози ҷанг пеш ниҳод.
Он кас бувад азизтар андар ҷаҳон, ки ӯ
Нафси азизро надиҳад хории савол.
Қонеъ шавад ба ваҷҳи маошу набошадаш
Бок аз камӣ расад ба фузунии ҷоҳу мол.
Эй бас, ки банда мекунад озодмардро,
Фазли маош мешиканад гардани риҷол1.
Кирдгоро, гар тамаъ натвон ба васлаш доштан,
В-аз фироқи дер-бози ӯ набошам растагор.
Ғамзаи ҷодуи ӯро деҳ зи беморӣ шифо,
Хубии рӯхсори ӯро зери хат пӯшида дор.
Ҳар подшаҳ, ки рӯй ба лавҳу тараб ниҳод,
Медон, ки ҳаст мартабаташро гаҳи сукут.
Мизон, ки бурҷи ахтари лаҳзу тараб бувад,
Дар вай расад ба хусрави сайёрагон ҳубут2.
Парҳез кун зӣ сӯҳбати асҳоби лавм3 аз он-к
Гарданд аз лиём4 каримон асарпазир,
Ҳамсӯҳбати карим шав, ар боядат карам,
Зеро, ки табъ мешавад аз табъ, хӯйгир.
Гирад сабо зи ҳарчи бар он бигзарад насиб,
Аз ҷефа чанд5 гираду бӯи хуш аз абир.
ШАРҲ
- Риҷол – мард
- Ҳубут – фуруд омадан
- Асҳоби лавм – ҳамсуҳбатони бад, бахил.
- Лиём – ҷамъи лаим, нокасон, фурӯмоягон, сифлагон
- Чанд – бӯи бад
Таҳияи Зарина Акрамова,
мутахасиси шуъбаи матбуоти даврӣ