«Садриддин Айнӣ дар оинаи таърих». Мизи гирд дар Китобхонаи миллӣ
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти хотироти устод Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, адиби номвари миллат, академик, нахустин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон — Садриддин Айнӣ, дар Китобхонаи миллӣ таҳти унвони «Садриддин Айнӣ дар оинаи таърих» мизи гирд баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур бо ибтикори Маркази «Забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ»-и Китобхонаи миллӣ доир шуда, дар кори он олимон, шоирон, муҳаққиқон, кормандони китобхона ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар ифтитоҳи нишаст муовини директори Китобхонаи миллӣ Муҳаммадиқбол Атозода суханронӣ намуда, ҳадафи баргузории ҳамоиш ва нақши осори устод Айниро дар рушди худшиносии миллӣ таъкид кард. Атозода зикр намуд, ки миллати тоҷик дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ бо фарзонагону нобиғагони илму фарҳанг ифтихор дорад, ки дар ташаккули худогоҳии миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа саҳми арзанда гузоштаанд.
Таъкид гардид, ки устод Айнӣ яке аз чунин абармардони таърихӣ буда, дар як давраи сарнавиштсоз ба арса омада, дар рушду густариши илму фарҳанг, инчунин таҳкими пояҳои таърихиву тамаддунии миллат нақши ҳалкунанда бозидааст. Зимни суханронӣ аз гуфтаҳои устод Айнӣ ёдовар шуда, ки таъкид намуданд: “Халқи тоҷик дорои таърихи ғанӣ ва забони адабии бисёр бой мебошад”, ки ин мавқеи устувори ӯро дар ҳимояи ҳувият ва забони миллӣ нишон медиҳад.
Сипас, дар идомаи ҳамоиш маърузаи доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики АМИТ — Носирҷон Салимӣ таҳти унвони «Устод Айнӣ ва ҳофизаи таърихии халқ» пешниҳоди ҳозирин гардид. Ӯ зимни баромади худ мақому манзалати осори устод Айниро дар адабиёти муосири тоҷик таҳлил намуда, таъсири онҳоро ба ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ муҳим арзёбӣ кард.
Ба гуфтаи ӯ, ҳар падидае, ки дорои асолати таърихист, метавонад дубора эҳё гардад ва андешаҳои созандаи устод Айнӣ, ки ҳанӯз дар замони худ моҳияти иҷтимоӣ касб карда буданд, то имрӯз аҳамияти худро нигоҳ доштаанд.
Дар идома дигар олимону муҳаққиқон низ бо маърузаҳои худ баромад карданд. Аз ҷумла, доктори илмҳои филологӣ, узви вобастаи АМИТ — Мирзоҳасани Султон доир ба мавзуи услуб ва баёни хоси устод Айнӣ суханронӣ намуда, дар маърузаи худ таҳти унвони «Сеҳри сухан ва қудрати баёни устод Айнӣ» вижагиҳои эҷодии нависандаро мавриди таҳлил қарор дод.
Зикр гардид, ки асари машҳури устод — «Намунаи адабиёти тоҷик», ки соли 1926 ба нашр расидааст, дар муддати кӯтоҳ тавонист рисолати таърихии худро иҷро намуда, дар ҳифз ва муаррифии мероси адабии миллӣ нақши муҳим бозад.
Таъкид шуд, ки дар осори устод Айнӣ рисолати ҳифзи забон ва худшиносии миллӣ равшан эҳсос мегардад. Осори ӯ ҳамчун пули иртиботӣ миёни гузашта ва имрӯз, инчунин василаи пайванди наслҳо арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин, номзади илмҳои филологӣ Шамсиддин Муҳаммадиев дар мавзуи «Нақши асари замон дар осори устод Айнӣ» ва Беҳрӯзи Забеҳулло дар мавзуи «Таҳаввули мафҳуми ҳувият дар шеъри Садриддин Айнӣ» суханронӣ карданд. Дар ин баромадҳо масъалаи ҷустуҷӯи ҳувият дар ашъори устод ва нақши он дар ташаккули худшиносии миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Қайд гардид, ки устод Айнӣ имрӯз ҳамчун яке аз поягузорони ҳувияти миллӣ ва адабиёти муосири тоҷик шинохта мешаванд.
Дар фарҷом таъкид шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ-назариявӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои фарҳангии миллат нақши муҳим доранд.
Ҳамзамон, миёни иштирокдорон музокироти судманд баргузор гардида, онҳо доир ба мавзуи баррасишуда пешниҳодҳои мушаххаси худро ироа намуданд. Қайд карда шуд, ки Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин радиф ва бо баррасии пешниҳодҳои манзуршуда фаъолияти худро идома хоҳад дод. Зикр гардид, ки Китобхона ҳамчун махзани асосии нигоҳдории китоб ва мероси хаттӣ, имконияти фароҳам меорад, то хонандагону муҳаққиқон осори гаронбаҳои Садриддин Айниро мутолиа ва дигар паҳлуҳои онро мавриди таҳқиқ қарор диҳанд.
Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа