Садриддин Ҳасанзода: “Кохи беназир”
Ин китоб баёнгари таърихи пурифтихору ибратомӯзи бунёди сарчашмаи нодиру назаррабо ва зебои Кохи Наврӯз мебошад. Дар ин асар санъати меморӣ, наққошӣ, маҳсули эҷоди даҳҳо ҳунармандони асилу боистеъдод, зебоишиносу ҷонфидо ва гулдасту эҳёгари ҳунарҳои гуногуни анъанавии бисёрасраи халқи тоҷик нишон дода шудааст.
Китоб барои мактабиён, муаррихон, олимон ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Ба китоб Олим Рабиев, академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессори Донишгоҳи байналмилалии таълими бунёдӣ сарсухани пурмуҳтавое навиштааст, онро пурра меорем.
САРЧАШМАИ НОДИРИ ЗЕБОӢ
(ба ҷойи сарсухан)
Азбаски худ мусаввирам ва тайи солиёни зиёд инҷониб офаридаҳои ҳампешагонро зимни намоишҳояш ё маҳсули ороиши ин ё он толору биноҳои муҳташами фарҳангӣ, шаҳсутунҳои осорхонаҳою чойхонаҳо мебинам, ба хулоса меоям, ки мафҳумҳои рассомӣ, наққошӣ, наҷҷорӣ, кандакорӣ, парчинкорӣ, гаҷкорӣ, кошинкорӣ бо назардошти табиати худ ба мафҳуми зебоӣ тавъаманд.
Зебоии волою назокати дилрабою асилу нодири онҳо беихтиёр ба торҳои дили инсон нохун мезананду ақлу ҳушро ба ваҷд меоранд, чашмонро нур мебахшанд, фикру андеша ва тахайюлро ба ғалаён меоранд.
Ҳамон зебоие, ки мисли раъду барқ дар як он ба диду эҳсосоти одамӣ рахна мезанад ва рӯҳи ботини кас аз дидани латофат ва дилрабоии зебоӣ, хосса, замоне, ки онро инсонҳои боистеъдод офаридаанд, ба парвоз меояд, билохира муносибаташ ба худу атрофиён дигаргун мешаваду одамияташ меафзояд.
Ҳамин аст, маънои ҳикмати нависандаи барҷаста аз хусуси он ки зебоӣ оламро наҷот медиҳад, дил мехоҳад илова намояд, ки одамро низ.
Рисолае, ки шумо, хонандаи муҳтарам, ба қироати он шуруъ кардед, аз таърихи пурифтихору ибратомӯзи бунёди сарчашмаи бидуни баҳс нодиру назаррабои зебоӣ – Кохи Наврӯз ҳикоя мекунад. Кохи Наврӯз асари мукаммалу нурбори санъати меъморӣ, санъати наққошӣ, бозёфти эҷодии даҳҳо ҳунармандони асилу ҳасос, зебоишиносу ҷонфидо, гулдаст ва эҳёгарони ҳунарҳои гуногуни анъанавии бисёрасраи миллати тоҷик аст.
“Кохи беназир”-и нависандаи маҳбуб аз ғоя то ба хулоса, аз ибтидо то ба интиҳо, лаҳза ба лаҳза, марҳала ба марҳала, саршори ғурури хоссаи миллӣ мебошад. Кохи Наврӯз, бешубҳа аз силсилаи беҳтарин ва камназиртарин падидаи фарҳангӣ, эҷози санъати меъморию ҳунарии миллӣ ба шумор меравад. Ин кохи нур дар як муддати кӯтоҳ, айёме, ки сарони машҳури давлатҳои гуногуни дунё, меҳмонони баландпояи хориҷӣ, ҳазорон сайёҳон аз тамошои толорҳои нотакрору ҷаззоби он баҳраи маънавӣ бурданд ва онро муъҷиза номиданд, ин ақида исботи худро ёфт.
Муаллифи рисола, муаллифи лоиҳа, даҳҳо устоҳои халқии сатҳи ҳирфаияташон олӣ, шогирдони содиқу чирадаст ва ҷустуҷӯкори онҳо зимни ёдошти худ, ки дар муддати нуҳ сол ғун овардаанд зарра-зарра, шоистаи зикр донистаанд ва эътироф намудаанд ҳақиқати таърихиро.
Сармеъмор, ташаббускор, маслиҳатгару илҳомбахши нозукбину дурандеш, таҳлилгари борикбин, поягузору бунёдгари аслии Кохи Наврӯз – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои мииллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Боз даҳҳо лаҳзаҳои саршори эҳсосоти худро аз соати аввали падид омадани ғоя, андеша, интихоби мавзеъ, аз Чойхонаи ба Кох табдил ёфтан, тарзу усули ороиши толорҳои пуршукӯҳу нотакрор, интихоби рангҳову чӯбҳо, сангҳо, ба эътибор гирифтани заминаҳои анъанавию таърихӣ, ташаккули маъно ва рамзҳо… бо меҳр ба забон меоранд.
Баҳри тасдиқи ин фикр муаллифи рисола як қатор лаҳзаҳоро аз ташрифи кории Сарвари давлат, ки мунтазам сурат мегирифт, аз забони худи устоҳо, гуфтугӯҳо, маслиҳатҳои корӣ оид ба муҳтаво, ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат оид ба рӯзгори иҷтимоии садҳо ҳунармандоне, ки бо шарофати заҳмати бебаҳои онҳо Кохи Наврӯз қомат афрохтааст, чун далели боэтимод меорад.
Эҳсос мешавад, ки Президент на фақат ба иншооти боҳашамати Кох, балки ба ҳунармандони халқӣ, ки аз гӯшаву канори гуногуни ҷумҳурӣ ҷамъ омада буданд, бо меҳру муҳаббати хоса муносибат мекарданд.
Камина, ки яке аз иштирокчиён ва шоҳиди бевоситаи он мулоқоти наҷибу муфиди корӣ будам, бо эътимоди комил гуфта метавонам, ки маҳз бо шарофияти ғамхориҳои Пешвои миллат марҳилаҳои бунёди кох ба мактаби камолот, мактаби ташаккули ҳунар, ваҳдати ҳунармандон, мактаби боварӣ ба хунари худу мероси ниёгон табдил ёфтааст.
Ҳангоме, ки муаллиф С. Ҳасанзода самимона ба тасвиру тафсир ва инъикоси муҳтавои ҳар толор, аз ҷумла Дидор, Аржанг, Зарандуд, Гулистон ва рукнҳои онҳо, нақшҳо, шоҳсутунҳо, қандилҳо мепардозад, ноаён ҳис мешавад, ки он зебоиҳо пеши назари хонанда ба ҷилва медароянд.
Муҳим боз он аст, ки дар дили ҳар нафар хонанда баъди хондани рисола ҳатман ҳавасу хоҳиши тамошои Кохи Наврӯз падид меояд, Кохе, ки барои садсолаҳо сохтаанд. Ба хаёлам, ҳадафи ниҳоии муаллиф ҳам аз ҳамин иборат аст.
Олим Рабиев, академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессори Донишгоҳи байналмилалии таълими бунёдӣ.
Китоби Садриддин Ҳасанзода “Кохи беназир”-ро шумо, хонандаҳои азиз метавонед дар Китобхонаи миллӣ бихонед.
Таҳияи Фирўза Таурова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.
Теги: адабиёт доир ба фарҳанг