Саду бист сол аз таваллуд ва 36 сол аз реҳлати академик Зариф Раҷабов мегузарад

Ӯ соли 1906 ба дунё омад. 84 сол зист ва соли 1990 дар шаҳри Москав тарки олам кард. Аз ҷумлаи муаррихонаи варзидаи кишвар аст. Муаллифи даҳҳо рисолаву китобҳои илмӣ ва садҳо мақолаҳои пажӯҳишст. Таҳти роҳбарии ӯ ҳудудан 50 нафар рисолаи номзадӣ ва беш аз 10 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд. Бо матлабе аз Ёрмуҳаммади Сучонӣ аз ӯ ёд мекунем.
Академик Раҷабов Зариф Шарифович яке аз симоҳои барҷастаи илму фарҳанги Тоҷикистон дар садаи XX, муаррихи советии тоҷик, доктори илмҳои таърих (соли 1959), профессор (1960), академики Академияи Фанҳои ҶШС Тоҷикистон (1962), Ходими Хизматнишондодаи Илми ҶШС Тоҷикистон (1964), Барандаи Мукофоти давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1967) мебошад.
Ӯ 17 – уми июли соли 1906 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст.
Зариф Раҷабов аввал дар мактаби русии маҳаллӣ, баъд дар мактабҳои шуравӣ таҳсил намуда, соли 1924 Омўзишгоҳи педагогии шаҳри Самарқандро хатм кардааст. Солҳои 1925–1928 дар факултаи коргарии Университети дуюми Москва таҳсил карда, соли 1932 шуъбаи таърихи Университети таъриху фалсафаи Москваро хатм намуд. Солҳои 1933–1937 аспиранти Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои ИҶШС ва солҳо 1945–1947 докторанти Институти таърихи Академияи Фанҳои ИҶШС буд.
Ў соли 1932 ҳамчун мудири қисми илмии Академияи омўзгории Душанбе, мудири кафедраи таърихи ИҶШС дар Институти омўзгории тоҷик дар шаҳри Тошканд, солҳои 1937–1943 мудири шуъба, котиби илмии Институти забон, адабиёт ва таърихи Пойгоҳи Узбекистонии Академияи илмҳои ИҶШС, солҳои 1943–1945 директори Институти таърих ва бостоншиносии Академияи илмҳои ҶШС Узбекистон, солҳои 1948–1954 ректори аввалини Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, солҳои 1954–1959 мудири кафедраи таърихи ИҶШС Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, солҳои 1959–1962 директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1962–1971 академик-котиби Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, аз соли 1971 ходими калони илмии Шуъбаи фалсафаи АФ РСС Тоҷикистон фаъолият намуда, дар бунёд ва тараққии муассисаҳои илмиву фарҳангӣ бевосита ширкат варзида, дар тарбияи кадрҳои илмии тоҷик нақши муҳим бозидааст. Бо роҳбарии илмии ў қариб 50 нафар номзади илм ва зиёда аз 10 нафар доктори илм ба камол расиданд.
Фаъолияти илмии олим хеле доманадор буда, соҳаҳои гуногуни илми таърих, соҳаҳои мухталифи таърихи халқи тоҷик ва тадқиқи таърихи инкишофи илм дар Тоҷикистонро дарбар мегирад. Самти асосии тадқиқотии Раҷабов Зариф омўзиши афкори иҷтимоӣ-сиёсии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX мебошад. Тадқиқи масъалаи афкори ҷамъиятии халқҳои тоҷику узбек дар фаъолияти илмии ў ҷои махсусро ишғол менамояд.
Зариф Раҷабов олими пурмаҳсул буда, зиёда аз 300 асари илмӣ ва илмии оммавӣ навиштааст. Ў фаъолияти эҷодии худро чун нависанда, драматург сар карда, бо тахаллуси Дунган якчанд ҳикояю драма менависад.
Зариф Раҷабов доир ба масъалаҳои мухталифи таърихи маданият ва илми Тоҷикистон низ асарҳо офаридааст. Яке аз муаллифон ва муҳаррирони асари сеҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» мебошад. Аз соли 1955 аъзои Комитети миллии муаррихони ИҶШС, аъзои ҳайати асосии таҳририяи Энциклопедияи советии тоҷик (1969) буд.
Зариф Раҷабов дар рушди маорифи ҷумҳурӣ хидмати калон кардааст. Депутати Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 3–4) интихоб шудааст. Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945» ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ва РСС Узбекистон мукофотонида шудааст.
Раҷабов Зариф Шарифович аввалин тоҷикест, ки дар мактабҳои русӣ-маҳаллӣ таҳсил кардааст, аввалин тоҷикест, ки мактаби типи нави Шуравиро хатм кардааст, аввалин тоҷикест, ки унвони номзадии илмро гирифтааст, аввалин ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шуда, кор кардааст. Ҳама зинаҳои инкишофи шахсии ин марди бузург дорои ҷанбаи омўзгорӣ – педагогӣ мебошад.
Академик – муаррихи барҷастаи тоҷик, профессор Раҷабов Зариф Шарифович 27 – уми августи соли 1990 дар синни 84 – солагӣ дар шаҳри Маскав аз олам чашм пушид.
Дар Китобхонаи миллӣ хоҳишмандон метавонанд дар бораи академик Зариф Раҷабов аз ин манобеъ маълумоти иловагӣ дарёфт кунанд:
Раҷабов Зариф Шарифович // Энсиклопедияи советии тоҷик. – Маълумотнома. – Душанбе, 1986. – Ҷ.6. – С.238.
Зариф Шарипович Раджабов. – Душанбе: Дониш, 1966. – 61с.
Раҷабов Зариф Шарифович // Материалҳои Конференцияи илмӣ бахшида ба 90-ум солгарди зодрўзи Академики АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ, аввалин ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, профессор Раҷабов Зариф Шарипович. – Душанбе: Сино, 1996. – 64 с.
Раҷабов Зариф Шарифович // Арбобони илми тоҷик (асри ХХ аввали асри ХХI). – 2018. – С. 528-529.
МАНБАЪ: Арбобони илми тоҷик (асри ХХ аввали асри ХХI). – 2018. – С. 528-529.
Муаллиф-мураттиб: Ё. Сучонӣ
Таҳияи Ахмедова Гулчеҳра
Корманди шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ