Саду бист сол пеш аз ин: 12-уми июли соли 1906 Тоҷӣ Усмон ба дунё омада буд

Адиб, рӯзноманигор ва пажӯҳишгари тоҷик Тоҷӣ Усмон 120 сол пеш, 12-уми июл дар деҳаи Унҷии ноҳияи Хуҷанд ба дунё омад. 62 сол умр дид ва 58 сол қабл дар авҷи камолоти эҷодӣ аз олам бирафт. Меросе, ки аз ӯ дар шакли мақолаҳои илмӣ, повесту ҳикояҳо ва асарҳои пажӯҳишӣ боқӣ мондааст, аз шахси пурталошу сермаҳсул ва ҷӯяндаву пӯё будани ӯ дарак медиҳад.

Тоҷӣ Усмон 12 июли соли 1906 дар деҳаи Унҷии ноҳияи Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Соли 1924 баъди хатми омўзишгоҳи кишоварзӣ дар соҳаҳои гуногун ба фаъолият пардохтааст. Аммо дар ҳама ҷо ҳушу ёдаш ба адабиёт, шеъри оламгири форсӣ банд буд. Нахустин чакидаҳои хомааш ба табъ расидаанд.

Тоҷӣ Усмон муҳаррири рўзномаи «Ҳақиқат» таъин гардид. Ў ин рўзномаро дар як муддати кўтоҳ ба минбари озоди эҷодкорон табдил дод. Бо даъвати ў адибони хушсалиқа Ҳаким Карим, Баҳлулзода, Муҳиддин Аминзода, Ҳоҷӣ Содиқ ба идораи рўзнома ба кор омаданд ва нашрияи «Ҳақиқат» ба рўзномаи дўстдоштаи мардум табдил ёфт.

Соли 1933 баъди хатми Донишгоҳи ҳизбии Осиёимиёнагӣ Тоҷӣ Усмон ҳаёти минбаъдаи худро пурра ба матбуот пайваст. Ҳамон сол чанде дар рўзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият») фаъолият намуд.

Соли 1934 муҳаррири рўзномаи вилоятии «Бо роҳи Ленин»-и вилояти Ленинободро (ҳоло Суғд) ба ўҳда дошт. Ў дар идораи ин рўзнома низ пурмаҳсул фаъолият намуд. Баъдан Тоҷӣ Усмонро ба корҳои хоҷагидорӣ, давлатию ҳизбӣ ҷалб карданд. Ў чанде дар идораҳои мухталифи шаҳри Хуҷанд, Вазорати корҳои хориҷии Ўзбекистон, шуъбаи Шурои Вазирони Тоҷикистон фаъолият намуд.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Тоҷӣ Усмон ба фронт рафта, дар набардҳои зиёде ширкат намуд. Дар ин давра вай дар матбуоти ҳарбӣ фаъолияти пурсамаре кард.

Дар ҳақиқат зиндагии Тоҷӣ Усмон аҷибу пурпечутоб мебошад. Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ба фаъолияти илмӣ – адабии Тоҷӣ Усмон баҳои сазовор дода, аз ҷумла ёдовар шудааст: «Тоҷӣ Усмон ҳар он чизе, ки дар бист сол дошт, яъне ҳамаи қувва, дониш, маҳорат ва ҳатто саломатии худро бе дареғ ба кори халқ дод».

Ҳимояҳои маҷмуа «Ҷаҳонгул ва Ҷаҳонафрўз», «Баҳодур», «Ҳофиза», «Изи панҷаи хунин», «Чилдухтарон», «Насими бахт», «Вохўрии ногаҳонӣ» характери тарҷумиҳолӣ дошта, хонандаро ба ҳаёти талху ширини мардуми тоҷик, барқарории Ҳукумати Шўравӣ дар Тоҷикистон шинос менамояд. Нависанда, ки ба худ таҷрибаи бойи ҳаётӣ дошт, симои қаҳрамонҳояшро хеле боварбахш тасвир намудааст.

Бадтар Тоҷӣ Усмон барои кор ба идораи маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» даъват мешавад. Ў аввал ба сифати муовини сардабир, баъд котиби масъул то охири ҳаёташ дар ҳамин маҷалла фаъолият намудааст. Солҳои фаъолият дар маҷаллаи «Хорпуштак» барои Тоҷӣ Усмон бобарор буданд. Ў дар саҳифаҳои маҷалла пайваста хабару мақолаҳои танқидӣ интишор менамуд. Дар ин айём фелйетону шеъру ҳаҷвияҳои Тоҷӣ Усмон дар байни хонандагон хеле овозадор буданд. Ў дар ин солҳо низ аз корҳои тадқиқотӣ – илмӣ даст накашида, соли 1960 китоберо бо номи «Ханда ва истеҳзо» таълиф намуд.

Тоҷӣ Усмон марди хеле пуркор ва ҷуянда буд. Ў хушбахтии хешро танҳо дар меҳнат, такопўйҳои илмию эҷодӣ медид. Солҳои 50-60-ум дар рушду нумуи адабиёти тоҷик хидмати босазое намудааст. Ў дар ҳамаи жанрҳои адабӣ қувва озмуда, асарҳои ҷолиби диққат офаридааст. Масалан, қиссаи бадеӣ – илмии ў «Духтари ниқобдор»-ро метавон як падидае номид дар эҷодиёти Тоҷӣ Усмон. Тоҷӣ Усмон ба воситаи образҳои барҷастаи бадеӣ ҳаёти илмӣ адабии асри Х, замони устод Рўдакиро пеши назари хонанда ба ҷилва меорад.

Дар эҷодиёти Тоҷӣ Усмон хотираҳои ў, ки дар шумораи 8-уми «Шарқи сурх» соли 1962 бо номи «Як моҳ бо Садриддин Айнӣ» нашр шудааст, мавқеи муҳим дорад. Ин асар дар шакли очерки сафарӣ – бадеӣ таълиф гардида, аз мулоқотҳои устод бо мардуми одӣ ва оид ба таърихи шаҳри Хуҷанд маълумоти фаровон медиҳад. Хотираҳои Тоҷӣ Усмонро дар бораи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ метавон як саҳифаи тозае аз рўзгору эҷоди Айнӣ номид.

Ҳамин тавр Тоҷӣ Усмон яке аз заҳматкашони адабиёти тоҷики асри ХХ буд, ки меарзад аз ў ба некӣ ед кунем.

Тоҷӣ Усмон 23- юми октябри соли 1968 аз олам чашм пӯшидааст.

Муҳимтарини офаридаҳояш  маҷмўаи ҳикояҳои «Кашфи асрор» (1958), қиссаҳои «Духтари ниқобдор» (1969) ва  «Муборакқадам» (1966, ҳамроҳи Ашўр Муҳаммадҷонов), очерки  таърихии «Лаънаткардаи халқ» (1967) ва Шоира Маҳастӣ (1969) мебошанд, ки гувоҳ аз табъи саршору маҳорати нотакрори муаллифашон медиҳад.

Ҳамчунин, мураттиби китобҳои «Бисту се адиба» (1957), «Дурдонаҳои назми тоҷик» (1960), «Шоираҳои боистеъдод» 1962, «Ханда ва истеҳзо» (1962) буда, асарҳои «Кашфи асрор» ва «Лаънаткардаи халқ»-ӯ ба забони русӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Асарҳои Тоҷӣ Усмон дар заминаи истифодаи дақиқу устодонаи маводи таъриху зиндагӣ, эҳтирому эҳтиёти воқеияти таърихӣ, забони пухтаву ширадори тоҷикӣ ба қалам омада, муаллифашонро дар қатори муваффақтарин адибони чеҳраҳои таърихнигори тоҷик ҷою мақоми арзанда бахшидаанд. Аз соли 1967 узви  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

МАНБАЪ: “Адабиёт ва санъат”. – 2020. – 14 май.

ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ АЗ ТОҶӢ УСМОН ИН МАТОЛИБРО МЕТАВОН ХОНД:

Ҳаҷв ва масҳакаро бо ҳам ривоҷ диҳем: Семинари ғоибонаи коркунони «матбуот» // Ҳақиқати Ленинобод. – 1955. – 5 июн.

Шоира – маҳастии Хуҷандӣ: Ба пешвози 10 рўзи Адабиёт ва Санъати тоҷик дар шаҳри Москва // Тоҷикистони Советӣ. – 1956. – 16 декабр.

Дастагуле аз бўстон // Занони Тоҷикистон. – 1956. – №11. – С. 16-17.

Аз таърихи ячейкаи мо: ба пешвози 40 солагии ВЛКСМ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1958. – 10 октябр.

Дар бораи шоираҳои гумном // Тоҷикистони Советӣ. – 1960. – 21 феврал.

Саёҳат дар ғористон: қайдҳои журналист // Маориф ва маданият. – 1960. – 4 июн.

Киҳо кашад ҷавру ҷафо, киҳо кунад кайфу сафо // Хорпуштак. – 1962. – №8. – С.3.

Шоирон аз диёри Рўдакӣ // Маориф ва маданият. – 1962. – 17 ноябр.

Як моҳ бо Садриддин Айнӣ: хотираҳо // Шарқи Сурх. – 1962. №8.

Ғазал дар эҷодиёти шоираҳои гузаштаи тоҷик // Занони Тоҷикистон. – 1963. – №3. – С. 22-23.

Комсомол – роҳнамо пионер: 15- солагии ВЛКСМ // Пионери Тоҷикистон. – 1963. – 30 октябр.

Духтари ниқобдор: Повест дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти шоири соҳибистеъдоди тоҷик Робиаи Балхӣ. – Душанбе, Ирфон, 1965. – 107 с.

Ғурури ҷавонӣ: Очерк // Тоҷикистони Советӣ. – 1965. – 13 ноябр.

Хокистаре, ки зери худ оташ дорад. Комсомол О.Азимова, ки бо босмачиён ҷангидааст // Тоҷикистони Советӣ. – 1965. – 22 август.

Вохўрии ногаҳонӣ: Ҳикоя // Пионери Тоҷикистон. – 1966. – 11 сентябр.

Ҳақиқати талх: Порча аз китоби «Лаънаткардаи халқ» // Коммунисти Тоҷикистон. – 1967. – №10. – С. 37-42.

Марди бебок: Дар бораи сардори отряди зиддӣ босмачиён Балтухон Тураев // Ҳақиқати Ленинобод. – 1967. – 11 октябр.

Қофиласолори назм: Имрўз 80-солагии рўзи таваллуди А.Лоҳутӣ // Ҳақиқати Ленинобод. – 1967. – 12 декабр.

Сир аз анҳор: Достон // Ҳақиқати Ленинобод. – 1968. – 14-17 август.

Панҷоҳ сол дар сафи партия: Муборизаи зидди босмачиён дар раёнҳои ҷанубии РСС Тоҷикистон // Тоҷикистони Советӣ. – 1968. – 12 март.

Зане, ки ангур меканд: Ҳикоя // Занони Тоҷикистон. – 1973. – №5. – С. 14-15.

Таҳияи Уғул Бобораҳимова

корманди шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ