Саду ду сол аз марги Марсел Пруст мегузарад…

Марсель ПрустСаду ду сол пеш, 18-уми ноябри соли 1922 дар Порис нависанда, мақоланавис ва мунаққиди аҳли Фаронса, намояндаи модернизм дар адабиёт фаронсавӣ Марсел Пруст, дар синни 51-солагӣ даргузашт. Вай ба далели нигориши асари бошукуҳе бо унвони “Дар ҷустуҷӯи замони аздастрафта” яке аз бузургтарин нависандагони таърихи адабиёти ҷаҳон шинохта шудааст.

Валентин Луи Жорж Эжен Марсел Пруст аз ҷумлаи адибони барҷастаи асри ХХ ба шумор меравад. Марсел Пруст 10 июли соли 1871 дар Порис дар оилаи сарватманд ба дунё омадааст. Дар синни 9-солагӣ Марсел гирифтори диққи нафас (астма) шуд, ки тамоми умр аз он азоб мекашид. Соли 1882 Пруст ба литсейи Кондорсе дохил шуд, вале аксар вақт дар дарсҳо иштирок намекард. Марсел Пруст ба хоҳиши волидонаш итоат карда, дар Сорбонна таҳсили ҳуқуқро оғоз мекунад, аммо онро ба итмом нарасонд. Дар ин вақт Пруст ба мафҳилҳои адабию бадеӣ ташриф оварда, худаш ба навиштан шурӯъ кард. Дар соли 1894 ӯ аввалин китоби назмиву насриашро нашр кард, аммо он амалан нодида монд. Пруст дар танқид низ қувваи худро месанҷад, очерку ҳикояҳои публисистӣ менависад, тарҷума мекунад. Бо вуҷуди ин, ӯро андешаи навиштани роман ба ташвиш меорад.

Дар ибтидои соли 1892 Пруст ва дӯстонаш маҷаллаи «Пир»-ро таъсис доданд. Соли 1895 ба навиштани романи бузурге шуруъ кард, ки бисёре аз сужаҳои он дар “Ҷустуҷӯ такрор шуда буданд ва соли 1896 маҷмуаи ҳикояҳои «Шодӣ ва рўзҳо» нашр шуд.

Тақрибан соли 1907 ӯ ба кори асосии худ Дар ҷустуҷӯи замони аздастрафтаоғоз кард. Дар охири соли 1911 нусхаи якуми «Ҷустуҷӯ» анҷом ёфт, ки он аз се қисм иборат буд: «Вақти аздастрафта», «Зери сояи духтарони гулрў» ва «Вақти ба дастомада». Ин китоб бояд ба ду ҷилди калон тақсим мешуд ва он дар соли 1912 он «Танаффусҳои эҳсосот» ном гирифт.

Соли 1914 Пруст дар болои роман корашро бо талоши калон давом дод, ки дар натиҷа се қисм ба панҷ қисмат: «Ба самти Сван», «Зери сояи духтарони гулрў», «Дар хонаи Германтҳо», «Содом ва Гоморра» (ки ба худи «Садом ва Гаморра» табдил ёфта ва аз ду қисм, «Асир» ва «Гуреза» иборат аст) ва «Вақти ба дастомада» тақсим шуд. Ниҳоят, дар соли 1916 Пруст тасмим гирифт, ки тамоми ҷилди боқимондаро нашр кунад. Ҳарчанд Пруст бовар дошт, ки ин китобро дар соли 1918 ба итмом расонидааст, вале то рӯзи охирини умраш ба кор ва таҳрири он идома дод.

Дар соли 1919 Марсел Пруст маҷбур шуд, ки аз хиёбони Осман кӯчад ва кўчаи Гамелин макони охирини ӯ гардид. Дар он ҷо мудом танҳо машғули кор менишаст, аксар вақт дар хонаи сарде, ки ба мисли таҳхона хунук буд.

Тирамоҳи соли 1922, замони аз меҳмонӣ баргаштан, нависанда шамол хўрд, ки моҳи ноябр он ба илтиҳоби шуш табдил ёфт ва дар натиҷа Марсел Пруст дар Порис вафот кард.

Марсел Пруст бо вуҷуди адиби маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ будан, як зиндагии хусусии берун аз ахлоқи пазирутаи инсонӣ дошт, ки аз он гуфтан ҳам нохушоянд аст.

Таҳияи Сафаргул Ҳусайнова