Сафири Арабистони Саудӣ хостори имзои санади ҳамкорӣ миёни китобхонаҳои ду кишвар
Рӯзи 8-уми декабри соли равон Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон ба Китобхонаи миллӣ ташриф овард. Ҷаноби Сафирро сардори раёсати ташрифот ва робита бо ҷомеаи Сафорати Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алии Аломарӣ, тарҷумони Сафир Саидҷаъфар Асоев ва котиби сеюми Раёсати кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануҷеҳр Икромов ҳамроҳӣ намуданд.
Ҷаноби Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдонро директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол дар толори пазироӣ ба ҳузур пазируфт.
Директори Китохонаи миллӣ ба меҳмони олиқадр аз таърихи китобу китобдории миллат, бунёди Китобхонаи миллӣ, барномаҳои давлатии рушди китобу китобдорӣ дар Тоҷикистон, таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ва бахусус Пешвои миллат ба тавсеаи соҳа, таҳкими робитаҳои хориҷӣ, имзои як қатор санаду созишномаҳои ҳамкорӣ миёни кишварҳои мухталиф, ташкил ва ба роҳ мондани конфронсҳои дохиливу байналмилалӣ дар дохили Китобхона, рафти баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва фаъолияти гўшаҳои китоби кишварҳои ҷаҳон нақл намуд.
Профессор Ҷумахон Файзализода зимни баршумурдани гӯшаҳои китоби мамолики хориҷӣ иброз дошт, ки ҳоло дар Китобхонаи миллӣ 22 гўшаи китоби кишварҳои хориҷӣ амал мекунад, ки миёни онҳо гўшаи китоби Арабистони Саудӣ низ мавҷуд аст.
Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон бо изҳори ташаккур аз пазироии гарму истиқболи роҳбарияти Китобхонаи миллӣ гуфт: «Ростӣ, диққати маро ду чиз, яке бинои муҳташами Китобхонаи миллӣ ва дигар ба роҳ мондани чунин озмуне бо номи «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ба худ ҷалб намуд. Воқеан, Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо як шукўҳу шаҳомат бунёд ёфта, як фазои басо гуворои маърифату донишро дар худ ғунҷондааст. Ва чун шумо аз озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ёдовар шудед, ростӣ чунин пешниҳоду ба роҳ мондани озмун барои бештар мутолиа намудани насли имрўзи ҷомеа зарур ва ба манфиати ҳар як кишвар мебошад. Барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо месазад санади ҳамкорӣ миёни китобхонаҳои ду кишвар тартиб дода шавад. Ва мегўям, дарҳои Сафорат барои ҳамкорӣ ҳамеша боз аст».
Дар фарҷоми мулоқот туҳфаҳои хотиравӣ ба ҳамдигар тақдим карда шуданд.
Баъдан меҳмонон аз мусаввараи таърихӣ, ки дар ошёнаи сеюми Китобхона ҷой гирифтааст, дидан намуданд ва аз он ҷо ба Осорхонаи китоб ва толори намоиши китоб раҳнамоӣ шуданд.
Таваҷҷуҳи ҷаноби Сафирро бештар Осорхонаи китоб, ки онҷо китобҳои қадима ҷой доранд, ба хусус китоби Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва дастнавиштаҳо аз осори Ҳаким Умари Хайём ҷалб намуд. Ҳамзамон, ҷаноби Сафир ба хатҳои қадима аз қабили хатти авастоӣ ва паҳлавӣ таваҷҷуҳи хоса намуд.
Ҳамчунин, меҳмонон аз шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир дидан намуд.
Дар ошёнаи аввал ҷаноби Сафири Фавқулодда ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуда, соҳиби корти ифтихории Китобхона шуд.
Фарзонаи МИРЗО