Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон
03.07.2026 08.46,шаҳри Душанбе

3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди корӣ ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон
03.07.2026 12.59. Эрон

3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими эҳтиром ва видоъ бо собиқ Раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ ба шаҳри Теҳрон ворид шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол гирифтанд.
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён

3 июл дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.
Дар оғози суҳбат Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба роҳбарият ва мардуми дӯсти Эрон дар робита ба шаҳодати собиқ Раҳбари олии кишвар Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ изҳори таслият карданд.
Зимни суҳбат аз раванди рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Фаъолияти босамари Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ҳамчун василаи муҳими робитаҳои иқтисодиву тиҷорӣ таъкид гардид.
Гуфта шуд, ки ҳаҷми табодули молу коло миёни ду кишвар дар панҷ соли ахир ҳашт баробар афзуда, дар соли 2025 қариб ба панҷсад миллион доллар наздик шуд. Зимнан изҳори бовар карда шуд, ки барои расонидани ин нишондод ба як миллиард доллар дар ояндаи наздик тамоми имкониятҳои зарурӣ мавҷуданд.
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, энергетика, маъдан, кишоварзӣ, роҳсозӣ, ҳамлу нақл, сайёҳӣ ва тандурустӣ муҳим шумурда шуд.
Зимни баррасии масоили амниятӣ изҳори умед карда шуд, ки раванди сулҳу созиш ва афзалият додан ба роҳҳои сиёсию дипломатии ҳалли низоъҳо дар минтақа устувор хоҳад монд.
Дар фароварди мулоқот бори дигар алоқамандии ҳарду ҷониб ба тавсеаи беш аз пеши робитаҳои гуногунҷанба миёни ду кишвари дӯсту бародар таъкид гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими эҳтиром ва видоъ бо собиқ Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ иштирок намуданд

3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Теҳрон дар маросими эҳтиром ва видоъ бо собиқ Раҳбари Олии Эрон Оятуллоҳ Саид Алии Хоманаӣ иштирок намуданд.
Дар ин маросим Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мардуми дӯсту бародари Эрон ва наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор намуданд.