Сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ховалинг бо истинод ба АМИТ Ховар

Субҳи 20-уми июни соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, гузоштани санги асос ба сохтмони иншооти оянда, суҳбат бо мардуми касбу кори гуногун ва шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии аҳолӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи ноҳияи Ховалинг, ки ба истиқболи шоиста аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба таври идона ороста шудааст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон ва масъулону намояндагони иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ бо эҳтиром ва самимияти беандоза пешвоз гирифтанд.

Дар оғози сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои маъмурии фурудгоҳи Ховалингро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки тармиму навсозии бинои маъмурии фурудгоҳ дар пайравӣ ба сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳия ба хотири ободии Ватан ва мунтазам беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ анҷом дода шудааст.

Иншооти хуштарҳу замонавӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи муосири меъморӣ ва унсурҳои миллӣ бунёд гардида, дар он барои кормандону мутахассисон шароити мусоиди корӣ фароҳам аст.

Бинои маъмурии фурудгоҳ аз ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, толорҳои интизорӣ, ҷаласа ва қабулу гусели мусофирон инчунин меҳмонхона иборат буда, инфрасохтори он барои хизматрасонӣ ба мусофирон мувофиқ гардонида шудааст.

Зимни боздид аз шароити кории бинои Фурудгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкорони ватандӯстро дар амалигардонии тадбирҳои ободонӣ ва созандаи кишвар шоистаи таҳсин хонданд.

Таъкид гардид, ки ин лоиҳаро метавон ҳамчун намуна бо такмили иловагӣ дар бунёди фурудгоҳҳои маҳаллии дигар шаҳру ноҳияҳо истифода кард.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ ЯК ҚАТОР ИНШООТИ МУҲИМИ ИҶТИМОӢ ВА ХИЗМАТРАСОНИРО БА ТАВРИ ФОСИЛАВӢ БА ИСТИФОДА ДОДАНД

Июн 20, 2026 11:00

20 – уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Дар маҳаллаи Сохтмончиёни шаҳраки Мунк пас аз таъмиру навсозии пурра Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ба номи Иброҳим Раҳмонзода ба истифода дода шуд. Муассиса дорои 25 синфхона, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва дигар шароити зарурии таълиму тарбия буда, барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон дар деҳаи Айлодара бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншоот аз синфхонаҳои бо васоити муҳими таълимӣ муҷаҳҳаз ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат буда, барои 600 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Лоиҳаи ин муассиса намунавӣ буда, ҳамин гуна мактабҳо аллакай дар се деҳа сохта шудааст ва тибқи нақша дар 6 деҳаи дигар низ бояд бунёд ёбад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин ду муассисаи таълимӣ дар ноҳияи Ховалинг барои қариб 2 ҳазор хонанда дар ду баст имкониятҳои нави таҳсил муҳайё гардидааст.

Дар идомаи тадбирҳо бинои нави иловагии маъмурии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ховалинг ва майдончаи варзишии назди он ба истифода дода шуд. Иншоот аз 19 утоқи корӣ ва толори маҷлис иборат буда, бо таҷҳизоти муосири хизматрасонӣ таъмин гардидааст.

Ҳамчунин дар деҳаи Дараи Мухтор Маҷмааи варзишии нав, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдулло Ҳасанов бунёд ёфтааст, ифтитоҳ гардид. Маҷмаа дорои толорҳои варзишӣ, майдончаи футбол, ҳавзи шиноварӣ, ҳуҷраҳои истироҳатӣ ва дигар иншооти ёрирасон буда, ба рушди варзиш ва ташкили истироҳати фаъол нигаронида шудааст.

Ифтитоҳи иншооти мазкур идомаи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳкими инфрасохтори маҳаллӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ замина фароҳам меорад.ӣ

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ ДЕҲКАДАИ САЙЁҲИРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД

Июн 20, 2026 11:30

20-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг, дар деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо Деҳкадаи сайёҳиро, ки мавзеи навбунёди сайёҳӣ ва тамошою фароғат аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сохтмони иншоот аз моҳи марти соли 2025 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда дар масоҳати беш аз 1 гектар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Ҳасанзода бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 85 нафар бо кори муваққатӣ таъмин шуда, баъди ба истифода додани он 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Деҳкадаи сайёҳӣ дар қисми ҷанубу шарқии ноҳияи Ховалинг аз маркази ноҳия дар масофаи 9,5 км. ҷойгир буда, дорои ошхонаи барҳаво бо 50 ҷойи нишаст дар як вақт, мавзеи гулханафрӯзӣ бо меъмории таърихӣ, ҷойҳои бозию дилхушӣ ва роҳраву гулгаштҳои назаррабо мебошад.

Дар солҳои охир рушди сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими иқтисоди миллӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифта, барои муаррифии таърих, фарҳанг ва табиати нотакрори Тоҷикистон заминаҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд. Дар ҳамин росто Деҳкадаи сайёҳӣ бо мақсади муаррифии тарзи ҳаёти суннатии мардуми тоҷик бунёд гардида, дар он намунаҳои беҳтарини меъмории миллӣ таҷассум ёфтаанд. Биноҳо ва иншооти деҳакада бо услуби анъанавӣ сохта шуда, шаклу намуди онҳо ба хонаҳои қадимаи тоҷикон шабоҳат доранд. Истифодаи унсурҳои миллӣ дар тарҳи биноҳо, айвонҳои кандакорӣ, деворҳои ороёфта ва муҳити зебои атроф ба ин мавзеъ ҳусну таровати хос бахшидааст.

Нақши Деҳкадаи сайёҳӣ дар ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ назаррас арзёбӣ мешавад. Мавҷудияти чунин маҷмаа имкон медиҳад, ки меҳмонон на танҳо аз манзараҳои зебои табиати ноҳия баҳра баранд, балки бо фарҳангу тамаддуни бостонии тоҷикон аз наздик шинос шаванд. Ин иқдом метавонад шумораи сайёҳонро афзоиш дода, ба рушди хизматрасонӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани вазъи иқтисоди маҳаллӣ мусоидат намояд.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, онро намунаи хуби истифодаи имкониятҳои сайёҳӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин, таъкид карданд, ки бунёди чунин марказҳо барои муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти калон дошта, метавонанд дар ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ саҳми назаррас гузоранд.

Пас аз ифтитоҳи Деҳкадаи сайёҳӣ, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи дастовардҳои кишоварзони ноҳия муаррифӣ карда шуд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавоти тару тоза, полезиҳо, асал ва дигар маҳсулоти истеҳсоли маҳаллӣ ба маъраз гузошта шуданд. Зимни боздид ба натиҷаҳои меҳнати деҳқонон ва имкониятҳои рушди бахши аграрии ноҳия таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки истифодаи самараноки замин ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ аҳамияти калидӣ дорад.

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ ДЕҲКАДАИ САЙЁҲИРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ ОСОИШГОҲ БАРОИ ЯТИМОНУ МАЪЮБОНРО МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНД

Июн 20, 2026 10:40

20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг ба деҳаи Шехмизон ташриф оварда, Осоишгоҳ барои ятимону маъюбонро, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ аз хонаводаҳои Каримовҳо ва Одинаевҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Бинои осоишгоҳ аз 20 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои муҷаҳҳаз барои омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагӣ, дуредгарӣ ва расмкашӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, ҳуҷраи тиббӣ, ҳаммом ва анбор барои нигоҳдории маҳсулот иборат мебошад.

Дар ҳавлии осоишгоҳ ду ҳавзи оббозӣ, майдончаҳои футболу волейбол ва майдончаи бозии кӯдакон бунёд гардидааст, ки барои фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳат, омӯзиш ва фароғати ятимону маъюбон мусоидат менамояд. Инчунин дар масоҳати 40 садяк замин гармхона ташкил шудааст.

Дар Осоишгоҳ барои ятимону маъюбон 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Бунёди чунин муассисаи иҷтимоӣ намунаи равшани татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои беҳтар гардидани шароити зиндагӣ, таълиму тарбия, нигоҳубин ва фароғати ятимону маъюбон заминаи хуб фароҳам меорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муҳайёгардида дар ин муассисаи иҷтимоӣ шинос шуда, ба иқдоми соҳибкорони ҳимматбаланди маҳаллӣ ва сатҳу сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Ба масъулони осоишгоҳ ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ, муҳайё намудани шароити муносиби тарбия, таъмини нигоҳубини ҳамаҷониба ва зоҳир намудани ғамхории доимӣ нисбат ба ятимону маъюбон тавсияҳо дода шуд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки истифодаи дуруст ва босамари ин иншооти хуштарҳи замонавӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллию ҷумҳуриявии соҳаи маориф ба роҳ монда шавад.

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ БА ФАЪОЛИЯТИ КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ ШИРИИ АСРИ ВАҲДАТ ОҒОЗ БАХШИДАНД

Июн 20, 2026 09:40

20 – уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Мунки ноҳияи Ховалинг ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии Асри ваҳдат оғоз бахшиданд.

Дар ин коргоҳи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 10 номгӯй маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, панир, йогурт, кефири мевагӣ, дуғ, дуғоб, маска ва дигар навъҳои маҳсулоти ширӣ ба роҳ монда шудааст.

Коргоҳи нави истеҳсолӣ дар ноҳияи Ховалинг дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҷумъахон Қосимов бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар бунёд гардидааст. Дар коргоҳ барои коркард ва захираи маҳсулот дегҳои аз 1 то 10-тоннагӣ мавҷуд мебошанд.

Баъди мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳи нави саноатӣ 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ дар як моҳ 30 тонна ва дар як сол то 360 тонна маҳсулоти ширии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва хушсифатро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти коргоҳ таҳти тамғаи молии Асри ваҳдат дар зарфҳои ҳаҷмашон гуногун дар бозорҳои дохилии кишвар ба фурӯш бароварда мешавад.

Зимни шиносоӣ бо хатти истеҳсолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркард ва бандубасти маҳсулоти ширӣ, инчунин мутобиқ намудани истеҳсолот ба стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ ба масъулон дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки шир барои фаъолияти коргоҳ аз фермаи чорводории худӣ дастрас гардида, ҳамзамон дар назар аст, ки барои таъмини фаъолияти мунтазами он бо сокинони маҳаллӣ низ ҳамкорӣ ба роҳ монда мешавад. Маҳсулоти дастрасшуда қабл аз коркард дар озмоишгоҳе, ки мутобиқ ба талаботу меъёрҳои байналмилалӣ ҷиҳозонида шудааст, мавриди санҷиши пурра қарор дода мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар ҳамин ҷо бо лоиҳаи бунёди коргоҳи истеҳсоли ҳасиб низ шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи истеҳсоли ҳасиб дар кӯчаи Рӯдакии шаҳраки Мунки ноҳияи Ховалинг аз ҷониби ҳамин соҳибкори ватанӣ бунёд гардида, бо шароити зарурии истеҳсолӣ ва корӣ муҷаҳҳаз карда хоҳад шуд.

Дар ин коргоҳ, ки дорои иқтидори коркарди 1 тонна гушт дар як шабонарӯз хоҳад буд, 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Ҳамчунин, соҳибкор дорои фермаи чорводорӣ бо зиёда аз 20 сар гови ширии зоти сиёҳало ва 100 сар гови зоти шведӣ мебошад, ки ин ба дастрас намудани гушту шир ба ин ду коргоҳ имкон медиҳад.

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ АЗ БОҒИ ИНТЕНСИВӢ ДИДАН НАМУДАНД

Июн 20, 2026 12:51

Дар охири боздид аз ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивӣ, ки дар масоҳати 10 гектар замини талу теппаҳои баланд доман паҳн кардааст, дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки боғи себ се сол пеш бунёд ёфта, имсол аллакай дарахтони он ҳосили фаровон доранд.

Бо истифода аз имконияти иқлим ва табиати зебову нотакрори ин мавзеъ боғдорон умед доранд, ки аз дарахтони себ ҳосили фаровони хушсифат ба даст оранд.

Дар ин мавзеъи хушбоду ҳавои ноҳияи Ховалинг, ки иқлимаш барои дарахтони мевадиҳанда мусоид мебошад, ҳамчунин, дарахтони хуч, олуча, гелос ва ғайра парвариш меёбад.

Зимни суҳбат бо коргарон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорон дар бораи риояи қоидаҳои агротехнпкӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири боғпарварӣ дастур тавсияҳо доданд.