Сафари Пешвои муаззами миллат ба вилояти Суғд Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сурма дар ноҳияи Айнӣ

7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ва мулоқоту суҳбат бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид. Нахуст Корхонаи металлургии сурма дар назди Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Талко Голд» мавриди истифода қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхона бо технологияҳои муосири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори солонаи он то 5 ҳазор тонна коркард ва истеҳсоли металли сурмаро ташкил медиҳад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншооти истеҳсолӣ барои истифодаи самараноки захираҳои маъдании кишвар, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аҳамияти муҳим дорад.

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «TALCO Gold» бо мақсади азхудкунӣ ва коркарди кони тиллову сурмаи Канчоч таъсис дода шуда, бо истифода аз технологияҳои муосир ва низомҳои рақамии идоракунии истеҳсолот фаъолият менамояд. Захираҳои кон беш аз 23 миллион тонна маъдан, наздик ба 50 тонна тилло ва зиёда аз 265 ҳазор тонна сурмаро ташкил медиҳад ва он яке аз калонтарин конҳои минтақа ба шумор меравад.

Дар натиҷаи тадриҷан афзоиш ёфтани иқтидорҳои истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхона мунтазам боло рафта, барои соли 2026 истеҳсоли маҳсулот ба маблағи 1 миллиарду 539 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Зимни шиносоӣ бо имкониятҳои истеҳсолии корхона ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳа технологияҳои пешрафтаи истеҳсолӣ ҷорӣ гардида, дар фаъолияти корхона ба риояи талаботи экологӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва таъмини бехатарии истеҳсолот таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути бунёди чунин корхонаҳои истеҳсолӣ, коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, афзоиши иқтидори содиротӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ амалӣ мегардад.

Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин иттилоъ доданд, ки баробари ба истифода дода шудани корхона 200 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Зимни суҳбат бо роҳбарият ва кормандони корхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи онҳоро ба масоили экологӣ махсус ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки ба табиати зебои муҳит муносибати эҳтиёткорона ва ғамхорона дошта бошанд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди боз як корхонаи металлургӣ бо иқтидори солонаи истеҳсоли 2 тонна тилло санги асос гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки ин корхона то моҳи августи соли 2027 ба кор дароварда мешавад.

Сарвари давлат, ҳамчунин дастур доданд, ки масофаи 32 км аз шоҳроҳ то корхонаи сурмаи Талко голд ва мавзеи сайёҳии Искандаркул то моҳи сентябри соли 2027 пурра мумфарш карда шавад.

ИФТИТОҲИ ФОСИЛАВИИ 10 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

07.07.2026 09.16,ноҳияи Айнӣ

7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 10 иншоотро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти нав марбут ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва муқаддасоти Ватан буда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва соҳибкорони ҳимматбаланд сохта шудаанд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ бинои муассисаи таълимиро дар деҳаи Фатмеви деҳоти Рарз мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо бунёди муассисаи таълимӣ барои 320 хонанда дар як баст шароити мусоиди таҳсил фароҳам гардида, сатҳу сифати таълиму тарбия боз ҳам беҳтар гардид.

Бинои нави муассиса дорои синфхонаҳои таълимӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

Иншооти дуюм, бинои хуштарҳу замонавии Муассисаи томактабии рақами 12 дар деҳаи Такфони деҳоти Анзоб мебошад.

Зимни муаррифии иншооти тозабунёд гуфта шуд ки муассисаи мазкур аз 7 синфхона, 2 ҳуҷраи корӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Ҳамакнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани кӯдакистон 120 хурдсоли деҳаи Такфон ба таълиму тарбия ҷалб гардида, 8 мутахассис бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Иншооти навбатӣ муассисаи таҳсилоти томактабии Фурӯғи фардо барои 120 кӯдак мебошад.

Дар муассисаи нави томактабӣ 8 ҳуҷраи таълиму тарбия ва дигар шароити зарурӣ ҷойгир шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи томактабӣ бо саҳми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ бунёд гардида, корҳои сохтмонӣ тариқи ҳашар амалӣ шудааст.

Ҳамчунин, Муассисаи таҳсилоти томактабии Гулшан барои 80 кӯдак мавриди истифода қарор дода шуд.

Бинои муассиса аз 7 ҳуҷраи асосӣ, ошхона, ҳуҷраи ҳамшираи тиббӣ, 2 ҳуҷраи санитарию беҳдоштӣ ва ҳуҷраҳои корию ёрирасон иборат мебошанд.

Муассисаи томактабӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Меҳрон Давронзода бунёд шудааст.

Иншооти дигари ба таври фосилавӣ ифтитоҳшуда Беморхонаи минтақавӣ мебошад, ки дорои 18 ҳуҷраи корию муолиҷавӣ ва 20 кати табобатӣ аст.

Бо бунёди он оянда сокинони деҳаи Такфон ба дигар ҷо ба табобат намераванд. Дар иншооти нави тандурустӣ 20 мутахассиси соҳибмаълумот ва ҷавони ноҳия соҳиби ҷойи кор гардиданд.

Дар ҳамин ҷо Муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37 – и ба номи Қаландар Солеҳови шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бинои нави таълимӣ аз 8 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла 2 синфхонаи фаннӣ ва 3 ҳуҷраи корӣ иборат мебошад.

Иншооти дигар бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 4-и шаҳраки Зарафшон мебошад.

Бо бунёди бинои нави иловагӣ дар маҷмуъ 120 хурдсол дар 8 гуруҳ барои таҳсил дар мактаб омода карда мешаванд. Бо мавриди истифода қарор додани кӯдакистон 20 мураббия ва 5 корманди техникӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар рафти сохтмони иншооти мазкур 50 сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шуд.

Аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба таври фосилавӣ дар шаҳраки Зарафшон толори варзишӣ, майдони Парчами давлатӣ ва Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Шоҳ Исмоили Сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Иншооти мазкур бо мақсади таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ  ва баҳри истиқболи сазовор аз ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.

Дар баробари мавриди истифода қарор гирифтани 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 700 хонанда насли наврас дар иншооти ба тозагӣ биноёфта дониши хешро сайқал медиҳанд.

Дар муассисаҳои томактабии нави дар шаҳраки Зарафшон деҳаҳои Такфон, Лоҳути ва Урметан 700 хурдсол ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Ифтитоҳи хатти оби полезӣ, муаррифии лоиҳаҳои азхудкунии 601 гектар замини корами лалмию чарогоҳ барои кишти картошка дар ноҳияи Шаҳристон ва обёрии 1007 гектар замин дар се деҳаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

07.07.2026 11.30, ноҳияи Шаҳристон

7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст хатти оби полезиро барои обёрии 20 гектар замини картошка ифтитоҳ карда, бо лоиҳаҳои азхудкунии 601 гектар замини корами лалмию чарогоҳ барои кишти картошка ва обёрии 1007 гектар замин дар се деҳаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шинос шуданд ва аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки хатти оби полезӣ аз масофаи 500 метр бо лулаҳои полиэтиленӣ оварда шуда, дар ин қитъа зиёда аз 200 гектар замини картошка обёрӣ карда мешавад.

Дар ин мавзеъ тухмии навъҳои аълосифати картошка, аз ҷумла Сомон, Азизӣ, Шукрона, Каримӣ, Овчӣ ва Ғончӣ кишт карда шудааст, ки ҳосилнокии онҳо аз як гектар аз 500 то 700 сентнерро ташкил хоҳад дод.

Зимни боздид аз нашъунамои заминҳои кишти картошка Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини фаровонии маҳсулоти тару тозаи ватанӣ дастуру тавсияҳо доданд. Дар ҳудуди заминҳои ноҳияи Шаҳристон 12 навъи картошка кишт карда шудааст, ки ҳоло ҳосилнокӣ ва нашъунамои онҳо хеле хуб аст.

Лоиҳаи азхудкунии заминҳои нав барои кишти картошка дар ҳудуди чор деҳа, аз ҷумла деҳаҳои Ваҳдат, Мавзеи Овчӣ, Себзор ва Ободии ду деҳот Шаҳристон ва Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон сурат гирифта, заминҳои мазкур тавассути 25 чоҳи амудӣ обёрӣ карда мешавад.

Зимни муаррифии ин лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони ноҳия азм доранд, ҷамъоварии картошкаро ба 100 ҳазор тонна расонанд ва дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас гузоранд.

Лоиҳаи обёрии заминҳои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар се деҳа, аз ҷумла деҳаҳои Оббурдон, Ҳадишаҳр ва Падаск амалӣ гардид, ки тибқи дурнамо ҳоло 822 гектар майдони кишти картошка пурра обёрӣ карда мешавад. Асосан обёрии ин заминҳо аз дарёи Зарафшон таъмин карда хоҳад шуд.

Дар ҳамин мавзеъ Пешвои миллат ҳамчунин аз намоишгоҳи дастранҷи кишоварзони ноҳияи Шаҳристон дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ беш аз 30 тонна маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ аз хоҷагиҳои деҳқонӣ, аз қабили картошка, сабзӣ, пиёз, меваю сабзавот, карам, помидору бодиринг, тарбуз ва харбуза, зардолу, шафтолу, ғалладонагиҳо, асал ва дигар номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ бо шаклу дизайни зебо пешкаш гардида буд. Ҳамзамон гиёҳҳои шифобахш, маҳсулоти ширӣ, анвои нонӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ пешниҳод карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз боздид аз намоишгоҳ бо масъулон суҳбат ороста, онҳоро барои афзоиши истеҳсолот, содирот,  зиёд кардани майдонҳои кишт аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ва таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти тарзу тозаи ватанӣ ҳидоят карданд.

ТАРИҚИ ФОСИЛАВӢ ИФТИТОҲ НАМУДАНИ 7 ИНШООТ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН

07.07.2026 11.32, ноҳияи Шаҳристон

7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон тариқи фосилавӣ 7 иншооти дорои аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнагишикани Оби Баҳор воқеъ дар мавзеи Хуррамдара расман оғоз бахшиданд. Тибқи иттилои масуълин дар иншооти мазкур 20 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Ҳамчунин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳавзи моҳипарварии ҶДММ Технологияи сохтмонро ифтитоҳ намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки ин ҳавз дар деҳаи Чилҳуҷраи ноҳия ҷойгир буда, барои парвариши 5 ҳазор гулмоҳӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин иншоот низ беш аз 10 нафар соҳиби ҷойи кор гардидаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба фаъолияти Парваришгоҳи дарахтони нодир дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон низ оғоз бахшиданд.

Ин парваришгоҳ дар доираи татбиқи амалии Барномаи миллии Кишвари сабзи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ва Барномаи давлатии сабзкории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар масоҳати беш аз 5 гектар бунёд ёфта, дар он зиёда аз 7500 дарахти нодиру ороишӣ ва сояафкан бо усулҳои муосир парвариш меёбад.

Ҳамзамон дар ин ҷо 2 иншооти соҳаи маориф – Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 бо 240 ҷойи нишаст дар як баст дар деҳаи Чилҳуҷра ва Муассисаи таҳсилоти томактабии Шукуфаҳои Истиқлол барои 240 кӯдак дар деҳаи Шаҳристон ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар ҳарду иншооти тозабунёди соҳаи маориф беш аз 80 нафар, аз ҷумла омӯзгорону парасторон ба фаъолият оғоз намуданд.

2 иншооти дигаре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон мавриди истифода қарор доданд, марказҳои саломатӣ дар деҳаҳои Ваҳдат ва Саробӣ мебошанд. Дар ин иншоотҳои соҳаи тандурустӣ беш аз 20 корманди тиб ба мардум хизмат хоҳанд расонд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншооти гуногунтаъйинотро дар деҳаҳои ноҳияи Шаҳристон тадбирҳои муҳим дар самти рушди деҳот арзёбӣ намуда, роҳбарият ва сокинони ноҳияро ба саҳмгузории бештар дар ободонии Ватан ҳидоят карданд.

МУАРРИФИИ ЛОИҲАИ САРМОЯГУЗОРӢ БАРОИ БУНЁДИ КОМПЛЕКСИ САЙЁҲИИ ШАҲРИСТОН – ЭКО РЕЗОРТ

07.07.2026 11.45, ноҳияи Шаҳристон

7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон ҳамчунин бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон – эко резорт шинос шуданд.

Ин иншооти сайёҳӣ аз чор марҳилаи сохтмонӣ иборат аст ва то ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон бунёд мегардад.

Масоҳати умумии ин комплекси сайёҳӣ 15 гектарро ташкил дода, дар он ба масофаи зиёда аз 5 километр таноброҳ сохта мешавад.

Дар доираи лоиҳа оянда дар ин мавзеъ меҳмонхонаи зебо барои қабули 1000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ дар як вақт сохта шуда, 100 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншооти гуногунтаъйинотро дар деҳаҳои ноҳияи Шаҳристон тадбирҳои муҳим дар самти рушди деҳот арзёбӣ намуда, роҳбарият ва сокинони ноҳияро ба саҳмгузории бештар дар ободонии Ватан ҳидоят карданд.

Ҳамчунин ҷиҳати рушди устувори сайёҳӣ дар шароити кӯҳӣ, бунёди шакли нави осоишгоҳҳо барои сайёҳон ва ҷавобгӯи талаботи замони муосир, ҷалби ҳар чи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба Тоҷикистон ба масъулон дастуру тавсияҳо доданд.

ИФТИТОҲИ БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ №6 ДАР ДЕҲОТИ ДАЛЁНИ БОЛОИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

07.07.2026 11.50, ноҳияи Деваштич

7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои нави беморхонаи марказии №6 дар деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштичро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои беморхона дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат бо истифода аз маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва шароити муосири хизматрасонии тиббӣ бунёд гардида, туҳфаи арзишманд дар арафаи таҷлил аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  ба сокинони ноҳияи Деваштич арзёбӣ гардид.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои беморхонаи нав дорои 4 шуъба ва 40 кати хоб буда,  дар ҳуҷраҳои корӣ ва табобатӣ шароити муосири корӣ барои табибону кормандони тиб ва табобату ташхис бо таъмини дастгоҳу таҷҳизоти замонавии тиббӣ фароҳам оварда шудааст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти наву замонавӣ 30 табиби соҳибтахассус бо ҷои корӣ таъмин гардид.

Бунёди муассисаи нави соҳаи тандурустӣ бо назардошти афзоиши шумораи аҳолӣ имконият фароҳам меорад, ки дар он 14 ҳазору 384 сокини деҳаҳои Далёни Боло, Обиборик, Қалъачаи Арбоб ва Навобод аз хизматрасонии босифати тиббӣ баҳраманд гарданд.

Муассисаи наву замонавӣ бо таҷҳизоти муосири соҳа аз ҷумла, дастгоҳҳои сабти барқии дил, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, ташхиси ултрасадо, дастгоҳҳои безараргардонӣ, ҳуҷраи хатна ва маҷмуи асбобҳои ҷарроҳӣ таъмин буда, аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид гардидааст.

Тавре зикр гардид, бунёд ва ба фаъолият оғоз намудани чунин муассисаҳои нави тиббӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳо, махсусан дар ноҳияҳои дурдасти кишвар самараи таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат буда, ба хотири амалан татбиқ намудани механизмҳои ташхису табобат ва солимгардонии аҳолӣ анҷом дода мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо иншооти нав бо кормандони беморхона суҳбати самимӣ анҷом дода, онҳоро ба хизматрасонии хушсифат ба мардум ҳидоят намуданд.

Зимнан таъкид гардид, ки ҳифзи солимии аҳолӣ ва рушди соҳаи тандурустӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, такмил додани сатҳи тахассусии кормандон, ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат бо истифода аз технологияи муосир, баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва муоширати хубу эҳсоси масъулият дар фаъолияти корӣ бисёр муҳим мебошад.

Дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти соҳаҳои саноат, тандурустӣ, маориф ва фараҳангро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

ИФТИТОҲИ 12 ИНШООТ БА ТАВРИ ФОСИЛАВӢ ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

07.07.2026 11.55, ноҳияи Деваштич

7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру  ноҳияҳои вилояти Суғд  дар ноҳияи Деваштич ба таври фосилавӣ 12 иншооти гуногунтаъйинотро, ки дар доираи сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфтаанд, ифтитоҳ намуданд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хатти нави технологӣ дар корхонаи Ҳаҷмис иқтидори солонаи корхона аз 5 миллион дона хишт ба 10 миллион дона расонида шуд. Аз ин ҳисоб шумораи коргарон қариб як маротиба афзуда, ба 90 кас расид.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии деҳаи Далёни Болои деҳоти Далёни Боло, ки бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда ба таври фосилавӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, дар он 40 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.

Дар коргоҳи истеҳсолӣ асосан духти либосҳои мактабӣ пешбинӣ гардида, дар асоси дархости мизоҷон либосҳои занона, мардона ва варзиширо низ омода месозанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ду иншооти соҳаи саноатро дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати кишвар барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, фарогирии сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва рушди саноат муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду муассисаи таҳсилоти томактабии хуштарҳу замонавиро дар деҳаи Далиёни Боло бо фарогирии то 300 кӯдак ва 50 ҷойи кории нав, муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 80 кӯдак, бо 10 ҷойи корӣ дар деҳаи Чуянчии деҳоти Ваҳдат ва муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 40 кӯдакро бо 8 ҷойи корӣ дар деҳаи Дархони деҳоти Исмоили Сомонӣ ба таври маҷозӣ ифтитоҳ намуданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки кӯдаконро бо таълими босифат фаро гирифта, барои ташаккули шахсият, омӯзиши донишҳои муосир, тарбияи ватандӯстӣ ва аз хурдӣ дар қалби онҳо ҷо кардани эҳтирому садоқат ба Ватан тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намоянд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44 барои 640 хонанда дар як баст, бо 60 ҷойи корӣ дар деҳаи Далёни Поён, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28 барои 480 хонанда дар ду баст бо 40 ҷойи корӣ дар деҳаи Сурхоби деҳоти Исмоили Сомонӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ рақами 69 барои 350 нафар хонанда дар ду бастро бо 40 ҷойи корӣ дар деҳаи Панҷбоғ ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.

Ба истифода додани се муассисаи нави таълимӣ дар деҳот дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст.

Марказии саломатии  рақами 7-и деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич, ки  баъд аз тармим ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии Роҳбари давлат дар самти боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии  деҳот дарак медиҳад.

Бинои замонавӣ, шароити корӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосир барои баланд бардоштани хизматрасониҳои тиббӣ мусоидат менамояд.

Ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардидани бинои нави хонаи фарҳанг дар деҳаи Хӯҷаҳои  деҳоти Исмоили Сомонӣ ва деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар роҳи эҳёи арзишҳои миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истеъдодҳои маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард.

Иншооти фарҳангӣ бо мақсади рушди фаъолияти ҳунарӣ ва тарбияи маънавии ҷавонон пешбинӣ гардида,  дорои толори консертию маҷлисӣ, китобхонаи замонавӣ ва дигар бахшҳои зарурӣ мебошад.

Ифтитоҳи як зумра ишооти соҳаҳои саноату маориф, тандурусӣ ва фарҳанг аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, таъсиси ҷойҳои кории нав, боз ҳам беҳтар гардидани раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани хизматрасониҳои тиббӣ дар деҳот ва эҳёи арзишҳои фарҳангӣ нигаронда шудааст.

ИФТИТОҲИ ХАТТИ НАВИ ОБИ ПОЛЕЗӢ БО ДАРОЗИИ 12 КИЛОМЕТР ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

07.07.2026 12.10, ноҳияи Деваштич

7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич дар деҳаи Далёни Боло хатти нави оби полезиро, ки дарозии он 12 километрро ташкил медиҳад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани хатти оби полезӣ майдони кишти картошка ба 800 гектар расонида шуда, барои беш аз 200 ҳазор тонна истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар оянда заминаи устувор фароҳам мегардад. Ин тадбири муҳим бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ гардидааст.

Хатти оби полезӣ аз мавзеи Шаршара, ки манбаи он аз пиряхҳои кӯҳҳои сарбафалаккашида ва чашмаҳои мусаффои кӯҳистон сарчашма мегирад, тавассути қубурҳои қутрашон 400 миллиметра ба масофаи муқарраргардида интиқол дода шуда, ҳамзамон бо бунёди ҳавзи махсуси обнигоҳдорӣ низоми муосири захира, танзим ва таъмини мунтазами об ба роҳ монда шудааст. Он фаъолияти устувору боэътимоди шабакаи обтаъминкунӣ ва обёриро таъмин намуда, ҳамчун заминаи муҳим барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ ба оби босифат хизмат мекунад.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани хатти нави оби полезӣ беш аз 2000 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин хоҳанд шуд. Ҳамзамон, истифодаи пурраи иқтидори заминҳои обёришаванда барои афзоиши истеҳсоли картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, дар амалисозии яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар-таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Пас аз ифтитоҳи хатти оби полезӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз майдони васеи кишти картошка дидан намуданд.

Таъкид карда шуд, ки ноҳияи Деваштич яке аз минтақаҳои асосии истеҳсоли картошка дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад ва ҳамасола дар таъмини бозори дохилӣ бо ин маҳсулоти муҳими озуқаворӣ саҳми назаррас мегузорад. Дар соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 9 ҳазору 200 гектар кишти картошка гузаронида шуда, нақшаи пешбинишудаи кишт беш аз 113 фоиз иҷро гардидааст. Ин нишондиҳандаҳо аз рушди устувори соҳа ва истифодаи самараноки иқтидори заминҳои кишоварзӣ дарак медиҳанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки майдони кишти картошка дар ноҳияи Деваштич ба 10 ҳазор гектар расонда шавад, то ки ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, имкони содироти ин маҳсулот ба хориҷи кишвар низ ҳосил шавад.

Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, техника ва мошинолоти соҳавӣ, маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дар ноҳияи Деваштич боздид намуда, ба фаъолияти кишоварзон ва имкониятҳои мавҷудаи рушди соҳа баҳои баланд доданд.

Дар намоишгоҳ кишоварзони ноҳия, ки имрӯзҳо дар ҳама бахшҳои кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, обу заминро самараноку оқилона истифода мебаранд, маҳсули меҳнати худро пешниҳод намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки истеҳсоли ғалладонагиҳо ба ҳолати 5-уми июли соли равон 15 ҳазору 540 тонна, картошка ба 9 ҳазору 197 тонна расида, истеҳсоли сабзавот, полезиҳо, мева, асал, гӯшту шир ва тухми паранда низ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаригардида зиёд гардидааст.

Дар намоишгоҳ ҳамзамон гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ бо завқу маҳорати хосса ороста буд. Намунаҳои маҳсули дастони ҳунармандони соҳибистеъдод ва занону модарони ҳунарофари ноҳияи Деваштич, аз ҷумла таомҳои миллии хоси ноҳия ин гӯшаро бо рангорангӣ, нафосат ва заҳмати дастони сеҳрофари худ ҷилои тоза бахшида, бозгӯ аз фарҳанги куҳанбунёд, ҳунари воло ва анъанаҳои неки меҳмоннавозии мардуми тоҷик буданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо маҳсули заҳмати деҳқонони ризқофари ноҳия ба масъулин ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истеҳсолу захираи кофии маводи ғизоӣ, тухмиҳои навъҳои серҳосил, хӯроки чорво, афзоиши иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳо, таъмини бозорҳои кишвар бо маҳсулоти тару тозаи босифат ва содироти он ба хориҷи кишвар дастуру супоришҳо доданд. Ҳамзамон таваҷҷуҳи масъулин ба таъмини нақшаи кишти маҳсулоти кишоварзӣ ва зиёд намудани майдони кишти картошка ҷалб карда шуд.