Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон: Мо қазоқҳо аз нигоҳи тафаккур бо тоҷикон бисёр монанд ҳастем

safiri-azo-iston-dar-tojikistonНимаи аввали рўзи 19-уми июн Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Валихан Туреханов ба Китобхонаи миллӣ ташриф овард.

Меҳмононро директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода ва муовини аввали ў Салима Раҷабзода истиқбол гирифтанд. Меҳмонон аз осорхонаи шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир, намоиши китобҳои тозанашр дидан намуда, дар шуъбаи адабиёти хориҷӣ гўшаи Қазоқистонро тамошо карданд. Дар рафти сайёҳат директори Китобхонаи миллӣ ба меҳмони олиқадр дар бораи таърихи китобхона, дастхатҳои қадимиву нусхаҳои қаламӣ, китобҳои нодир маълумоти муфассал дод. Вай аз ҷумла дар бораи қадимитарин нусхаҳои китобҳо бо хати форсӣ, ки даҳсолаҳо дар Китобхонаи миллӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва пайваста мавриди таҳқиқу пажӯҳиши донишмандон қарор доранд, нақл кард. Аз ҷумла, дар бораи нусхаҳои қадимии китобҳои Форобӣ, «Маснавии маънавӣ», “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ, девони Ҳофиз, луғатҳо, китобҳо доир ба фарҳанги тоҷикон, оид ба Шашмақом, Фалак ва ғайра маълумот дод.

safiri-azo-iston-dar-tojikistonГўшаи китобҳо бахшида ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар он роҷеъ ба шаҳидон, беномунишон гумгаштагон аз Тоҷикистон ёд мекунанд, низ ба меҳмони  олиқадр муаррифӣ шуд.

Профессор Ҷумахон Файзализода доир ба китоби «Қуръони Карим» иттило дода афзуд, ки ин китоб бо супориши Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҷума ва ба ҳар хонадони тоҷик туҳфа гардидааст.

Ҷаноби Валихан Туреханов гуфт, ки «Қуръони Карим» дар Қазоқистон низ ба забони қазоқӣ нашр шудааст.

Директори Китобхонаи миллӣ зимни суҳбат доир ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола доир мегарданд, ҳарф зада гуфт, ки Китобхонаи миллӣ толорҳои хубу  бузургеро бо тамоми имконот омода кардааст, то хоҳишмандони ширкат дар ин озмунҳо ба кулли адабиёти лозим дастрасии комил дошта бошанд.

safiri-azo-iston-dar-tojikistonПрофессор Ҷумахон Файзализода дар идомаи муаррифии Китобхонаи миллӣ иброз дошт, ки Осиёи Марказӣ назири ин китобхона надорад. Намоди берунии он шакли китоби боз дорад. Китобхонаи миллӣ на танҳо муассисаи фарҳангӣ, балки як маркази илмиву пажӯҳишист, ки китобҳо нашр мекунад. Мо Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ, Маркази Тоҷикшиносӣ дорем, ки ба тарҷума ва нашри китобҳои олимони маъруф машғул аст. Ҳоло дар бораи Наврўз китобе таҳия мешавад, ки онро низ Маркази Тоҷикшиосӣ омода мекунад.

Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Валихан Туреханов директори Китобхона ва кормандони ин муассисаи фарҳангиро аз номи сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон бо рўзи Ваҳдати миллӣ ва Иди Қубон самимона табрик намуда, орзуи саодату хушбахтӣ ва хушрўзгорӣ намуд.

Вай доир ба Китобхонаи миллӣ изҳори назар намуда, афзуд, ки ман бори аввал нест, ки ба Китобхонаи миллӣ омадам ва ҳамеша мутаасир мегаштам, ки ин муассиса рўз ба рўз рушд мекунад. Китобхонаи миллӣ танҳо китобхона нест, макони илмиву фарҳангист. Чандин маҳфилу барномаҳо дар ин бино баргузор шудааст, ки ман низ дар онҳо ширкат намудаам.

safiri-azo-iston-dar-tojikistonЎ гуфт, мо қазоқҳо ва тоҷиконро дар воқеъ бисёр чизҳо бо ҳам мепайвандад.  Илм ҳаргиз одамонро аз омўхтан бознадоштааст. Одам дар ҳар кишваре, ки зиндагонӣ кунад, барои омўзиши илм талош меварзад. Бо эҳтироми зиёде, ки нисбати фаъолияти шумо дорам, мехоҳам бигўям, ки шумо ин донишҳоро ба мардум медиҳед ва ин заҳмат ҳамеша кори хайрхоҳона дар ҳар замон аст.

Тарафҳо аз муносибати хуби ҳарду кишвар изҳори андеша намуда, афзуданд, ки  равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Қазоқистон сутуданист ва пайваста дар ҳоли рушд аст.

Дар мулоқот зикр гардид, ки мардуми ду кишвари ҳамсояи Тоҷикистону Қазоқистон ҳама солҳо ва ҳамеша канори ҳам буданд ва дар риштаҳои тиҷорат, сиёсат, иқтисод ҳамкориҳои созанда доранд.

– Барои мо боиси ифтихор аст, ки Ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рўзҳои 3-4 уми май ба Қазоқистон сафари корӣ анҷом доданд. Сарони кишварҳоямон ба як Эъломияи имзо гузоштанд. Бо ин роҳ муносибатҳои ду кишвар, ки мустаҳкам буд, боз ҳам қавитар гардид, -изҳор намуд ҷаноби сафир.

Дар рафти суҳбат ҷаноби Валихан Туреханов аз оғози рўзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар хабар дод, ки 20-уми июни соли ҷорӣ баргузор мегардад.

safiri-azo-iston-dar-tojikiston– Ин барои мо ҳодисаи бузург хоҳад буд, зеро дар Қазоқистони мо воқеан барои фарҳанги тоҷикӣ, рақси тоҷикӣ, мусиқии тоҷикӣ дилтанг шудаанд. Ин ҳамкории фарҳангӣ боз ҳам ба суди ҳар ду кишвар хоҳад. Зеро кишварҳоямон талош мекунанд фарҳангу дониши ҳамдигарро дарк созанд. Мо қазоқҳо аз нигоҳи тафаккур бо тоҷикон бисёр монанд ҳастем. Мо дар ҳамкорӣ дар самти маориф бо Тоҷикистон низ пеш рафтем. Ҳоло квота барои 50 -100 нафар донишҷў ҷудо шудаст.Ҷавонони тоҷик соҳибистеъдод ва тарбиядида ҳастанд, мо ҳамеша бо хушҳолӣ донишгоҳҳоямонро ба рўи ҷавонони тоҷик кушодаем, -гуфт дар охири суҳбат ҷаноби сафир.

safiri-azo-iston-dar-tojikistonДар поёни мулоқот ва диду боздидҳо ду ҷониб ба нишони эҳтиром ба ҳамдигар китоб туҳфа намуданд.  Директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода ба меҳмони олиқадр китоби Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикион дар оинаи таърих»-ро ба забони русӣ тақдим намуд. Сафир аз ин туҳфа хушҳол гардида, иброз намуд, ки ин китоб ба забони қазоқӣ тарҷума шудааст ва ў онро дар тарҷумаи қазоқӣ мутолиа намудааст.

Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Валихан Туреханов ба Китобхонаи миллӣ 9 китоб тақдим кард, ки он ҳама қатори китобҳои дигар Гӯшаи китоби Қазоқистон дар Китобхонаи миллиро оро хоҳанд дод.

Раҳима АЪЗАМ, бахши
матбуот ва робита
бо ҷомеа.