Сафири Туркманистон 33 китоб ба Китобхонаи миллӣ тақдим кард

Китоби-туркманхоСафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аймурад Кочмурадов зимни боздидаш аз Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон 33 нусха китоб бо забонҳои туркманӣ, русӣ ва англисӣ ба Китобхонаи миллӣ тақдим намуд.

Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали ҳафтаи ҷорӣ аз Китобхонаи миллӣ дидан намуд ва бо Директори он доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода дар атрофи ҳамкориҳои мутақобилаи судманд миёни китобхонаҳои ду кишвар суҳбат кард.

 8 китоб аз китобҳои тақдимшуда ба забони туркманӣ буда, 20 нусхаи он ба забони русист. Аз ҷумла, китобҳои  “Смысл моей жизни” (2 нусха), “Туркменское искусство кешде” (1 нусха), “Лекарственные растения Туркменистана” (2 нусха), “Туркменистан сердце великого шелкового пути” (1 нусха), “Туркменский Алабай” (2 нусха), “Живая легенда” (1 нусха), “Ашхабад город любви и надежд” (1 нусха) ва “30- летию дипломатических отнашений Туркменистана и Республики Таджикистан” (10 нусха).

китоби-туркҶаноби Аймурад Кочмурадов ҳамчунин 5 адад китоб ба забони англисӣ туҳфа кард. Инҳо: “Culture- Invaluable heritage of nation”, “Turkmenistan”, “The bright path to prosperity”, “A Horse- A symbol of faithfulness and happiness” мебошанд.

Дар айни замон ин китобҳо дар шуъбаи мукаммалгардонии фонд дар ҳоли коркард қарор дошта, ба зудӣ ба толорҳои хониш ирсол мегарданд.

Фарзона Шарифова, мутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии фонд.