Сахидод Раҳматуллозода: Забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ аст 

Рузи забон дар китобхонаСахидод Раҳматуллозода, доктори илми филологӣ, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ дар мизи мудаввар бахшида ба “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “ аз нақш ва мақоми забони тоҷикӣ ва истифодаи дурусти он миёни ҷомеа изҳори назар намуда, инчунин аз бетаваҷуҳии баъзе аз сохторҳои давлатӣ нисбат ба қонунҳои амалкунанда дар самти рушди забони давлати нигаронӣ кард.

Маркази “Забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ”-и Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” имрӯз мизи гирд дар мавзуи “Нақши забони миллӣ дар таҳкиим давлатдории тоҷикон” баргузор намуд.

Доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода, директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  нишастро оғоз намуда, қабл аз ҳама ташрифи меҳмононро ба ҳамоиш бахшида ба Рўзи забони давлатӣ хайрамақдам гуфт ва иброз дошт, ки чанд сол аст мо мардуми шарафманди Тоҷикистон дар фазои орому осудаи Ватани азизу маҳбуби хеш 5-уми октябрро ҳамчун Рўзи забони давлатӣ таҷлил менамоем.

Забони тоҷикӣ забони давлатӣ буда, он дар асоси Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекунад. Пас аз касби истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон давраи нав барои пешрафти забони тоҷикӣ шурўъ гардид, доираи истифодаи забони тоҷикӣ густариш пайдо кард ва он дар маснади забони давлатӣ қарор гирифт.

Рузи забон дар китобхонаПрофессор Ҷумахон Файзализода дар идомаи суханронии худ афзуд: Бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ дар ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (8 сентябри соли 2005) «Умри миллат ба умри забон вобаста аст. Барои он ки номи миллат аз саҳфаи таърихи башарӣ нобуд нашавад, бояд чароғи раҳнамои худшиносию худафрўзияш-забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонад».

Директори Китобхонаи миллӣ дар идома таъкид намуд, ки имрўз забони модарии мо по ба пои истиқлоли  Ватанамон ба давраи сифатан нави рушду такомул дохил шудааст. Ин ҳолат моро ба андешидани иқдомоти нав дар ҷодаи рушди минбаъда ва ҳамоҳангсозии он бо раванди ҷаҳонишавии иттилооту захираҳои иттилоотӣ водор месозад. Мо бояд дар чунин шароит саъю кўшиш намоем, то рисолати забони модарии худро ҳифз намуда, ҷараёни таблиғу густаришу инкишофи онро таъмин намоем ва аз осори бузургу гаронбаҳои илмӣ, фалсафӣ, динӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии аҳли илму адаби гузаштагони мо, ки бо ин забони нобу шево ба мо мерос гузошта шудаанд, барои таҳким бахшидан ба пояҳои тамаддуну фарҳанги тоҷик ба таври самарабахш истифода намоем.

Рузи забон дар китобхонаДоктори илмҳои филологӣ,  муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода зимни суханронии худ зикр кард, ки забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ аст, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад. Дар Тоҷикистон забони миллат ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эътироф шудааст. Вақте мо соҳибзабон гардидем, бо гузашти замон давлати мо рушд кард мо қонун дар бораи забон қабул кардем ва имрӯз бояд ин забонро соҳибӣ кунем. Вазифаи ҳар яки мо аст, ки бо забон чун муқаддасоти давлат эҳтиром дошта бошем дар пойдории он саҳм гузорем ва онро ба ҷаҳониён муаррифи созем.

Дар ҷараёни нишаст доктори илми филология, профессор,  узви вобастаи АМИТ Сайфиддин Назарзода баромад намуда, гуфт, ки забони форсӣ (портӣ) ҳануз аз замони Дороӣ I забони давлати эълон гардида буд. Аз замони Ориён то Сомониён ва баъд аз он ҳам ин забон вуҷуд дошт  ва бевосита инкишоф ёфт.

Вай дар идома гуфт: Шояд барои насли навраси мо чандон аҳамият надошта бошад, ки мо аз кадом давраҳо  бо чӣ азобҳо ин забонро нигоҳ доштем, ин забон барои мо ва ояндагон ҳамчун муқаддасот аст. Ин забон забони шеър аст, ки ҳазорҳо ҳазор бо ин забон яъне форсӣ шеър гуфтаанд. Муаррихон забони форсиро яке аз забонҳои қадимтарин дар дунё эътироф намудаанд.

Дар бахши дигари мизи гирд миёни ширкаткунандагон ва меҳмонон дар атрофи масъалаҳои мубрами вобаста ба забон табодули афкор сурат гирифт ва хеле суолҳое аз услуби нигориш, тарзи дурусти навишти калимаву ибораҳо буданд, ки посух ёфтанд.

Рузи забон дар китобхонаАз ҷумла Сахидод Раҳматуллозода муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки калимаҳои одии ҳаррӯзаи мо, ки борҳо таъкид мекунем, ҳанӯз ба шакли тоҷикӣ истифода намешавад. “Калимаи “суроға” бояд  бо калимаи тоҷикии   “нишонӣ” иваз карда шавад, вале ин таъкиди мо борҳо аз ҷониби аксари мақомот сарфи назар карда мешавад” – гуфт ӯ.

Муовини раиси Кумитаи забон ҳамчунин дар бораи истифодаи ноҷои вожаву ибораҳои дигар низ ибрози назар кард.

Бояд қайд кард, ки 5 октябри соли 2009 Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дурнамои рушди забонро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот ба вазъи ҳуқуқӣ, аз ҷумла меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии мамлакат танзим ва муқаррар менамояд.

Наргис НАЗАРЗОДА