Саҳифаҳои нуронии ваҳдати миллӣ: хиради Пешво, қудрати китоб ва бунёди кохи маърифат

Бисту ҳафтуми июн дар тақвими давлатдории миллии мо танҳо як санаи одии ҷашнӣ, рӯзи истироҳат ё маросими расмӣ нест, балки ин рӯз нуқтаи гардиши таърихие мебошад, ки миллати тоҷикро аз вартаи нестӣ, парокандагӣ ва фоҷиаи умумимиллӣ наҷот дода, ба сӯи рӯшноӣ, созандагӣ ва эҳёи дубора ҳидоят намуд. Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон маҳсули заҳматҳои фавқулода, таҳаммули беназир ва ҷоннисориҳои бузургест, ки қимати он бо ҳеҷ меъёри моддӣ чен карда намешавад. Вақте мо имрӯз дар фазои орому осудаи кишвар нафас мекашем, шаҳрҳои ободу зебо, донишгоҳҳои муосир ва ҷавонони хушбахту соҳибмаърифатро мебинем, бояд ба умқи таърихи на чандон дури худ назар андозем ва дарк кунем, ки ин ҳама осоиштагӣ дар кадом замина ва бо чӣ гуна қурбониҳо ба даст омадааст
Дар солҳои навадуми асри гузашта, вақте ки оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ тамоми гӯшаву канори кишварро фаро гирифта буд ва дуди навмедию яъс бар осмони ватан соя меафканд, ин суол ба миён омад, ки давлати тоҷикон бошад ё набошад? Саҳифаҳои он замон пур аз ашку хун ва парокандагии сокинони кишвар буданд ва маҳз дар ҳамин давраи тақдирсозу фоҷиабор ба сaҳнаи сиёсат шахсияте омад, ки рисолати таърихии наҷоти миллат ва сохтани пойдевори сулҳро бар дӯш гирифт. Ин шахсияти барҷаста ва ниҷотбахши миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки нақшашон дар таъсис, таҳким ва пойдории Ваҳдати миллӣ беназир, меҳварӣ ва дараҷаи аввал аст.
Дар Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ, вақте ки кишвар дар оташ месӯхт ва ҳеҷ кас ҷуръати ба зимма гирифтани роҳбарии як давлати ҷангзада ва дар ҳоли фурӯпоширо надошт, ин фарзанди фарзонаи миллат масъулиятро ба уҳда гирифтанд ва савганди таърихие ёд карданд, ки пойдевори сулҳи имрӯзаи мо гардид. Изҳороти таърихии он кас, ки «Ман ба шумо сулҳ меорам ва то охирин муҳоҷирро ба Ватан барнагардонам, ором нахоҳам шуд», на танҳо як шиори сиёсӣ ё нутқи расмӣ, балки барномаи амалии ҳаёти Рӯзи Ваҳдат ва қутбнамои наҷоти тоҷикон буд. Президенти кишвар барои иҷрои ин ваъдаи бузурги худ ҷони ҷавони худро ба гарав гузошта, ба минтақаҳои хатарнок сафар карданд, бо мухолифин сари мизи гуфтушунид нишастанд ва бо хиради волою гузаштҳои башардӯстона тавонистанд дилҳои маҷрӯҳ ва аз ҳам дуршудаи тоҷиконро дубора ба ҳам пайванд созанд. Заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат собит намуданд, ки силоҳу зӯрӣ ҳеҷ гоҳ наметавонад сулҳи пойдор орад, балки танҳо таҳаммулпазирӣ, бахшиш, муҳаббат ба Ватан ва хиради азалӣ метавонад миллатро муттаҳид созад. Роҳи кашидаи Сарвари давлат то расидан ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон мактаби бузурги дипломатияи сулҳофарист, ки имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор дорад.
Аммо устуворӣ ва ҷовидонии ваҳдате, ки бо чунин заҳматҳои пайваста ва ҷоннисориҳои таърихии Сарвари давлат ба даст омада буд, ба як омили дигари ниҳоят муҳим – маърифати ҷомеа ва рушди маънавиёти мардум ниёз дошт, зеро сулҳи сиёсӣ бе заминаи фарҳангӣ устувор намемонад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб дарк мекарданд, ки ҷанги шаҳрвандӣ ва низоъҳо дар ҷомеа маҳз аз ҷаҳолат, бесаводӣ, хурофот ва дур будан аз асли фарҳангу таърихи миллӣ сар мезананд. Вақте ки инсон аз китобхонӣ, дониш ва хиради ниёгон дур мешавад, ӯ ба осонӣ фирефтаи шиорҳои пуч, ақидаҳои ифротӣ ва идеологияҳои бегонаи харобкор мегардад. Бинобар ин, сиёсати ваҳдатофари Пешвои миллат аз нахустин рӯзҳо бо сиёсати рӯшангарӣ, эҳёи фарҳанг ва рӯ овардан ба китоб тавъам гардид. Барои он ки сулҳи сиёсии рӯи коғаз ба як сулҳи ботинии иҷтимоӣ табдил ёбад, зарур буд, ки мардум, махсусан насли ҷавон, ба сӯи маърифат ва китобхонӣ ҳидоят карда шаванд. Маҳз китоб ҳамон воситаи муқаддасест, ки ба инсон таҳаммулпазирӣ, эҳтироми гуногунии афкор, заковат ва дӯст доштани Ватанро меомӯзад ва ҷомеаеро, ки пойдевори маънавии он бо китоб сохта шудааст, ҳеҷ гуна неруи харобкори беруна наметавонад аз ҳам бипошад.
Дар ин замина, арҷгузории Сарвари давлат ба китоб ва фарҳанги миллӣ боис гардид, ки дар маркази пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе яке аз бошукӯҳтарин, муҳташамтарин ва бузургтарин кохҳои маърифат дар минтақа, яъне бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон бунёд карда шавад. Ин сохтмони азим, ки бо ташаббуси бевосита ва зери назорати доимии Пешвои миллат қомат рост кард, дар ҳақиқат муҷассамаи зинда ва бузургтарини Ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Бунёди чунин маркази азими илму фарҳанг дар таърихи нави Тоҷикистон нишон дод, ки миллати тоҷик пас аз гузаштан аз даврони сахти ҷангӣ, роҳи ояндаи худро на бо яроқу аслиҳа ва низоъ, балки бо китобу қалам, сулҳу дӯстӣ ва рушди зеҳнӣ интихоб кардааст. Дар шароити ҷанг, нооромӣ ва парокандагии иқтисодӣ бунёди чунин кохи муҳташам барои ҳар як давлат ғайриимкон аст ва Китобхонаи миллӣ исботи яқини он аст, ки сулҳ ба мо имкон дод, то ба ҷои хандақҳои ҷангӣ, хиштҳои маърифатро болои ҳам гузорем ва кохи тинҷиву осоиштагиро бисозем. Ин бино имрӯз на танҳо як махзани нигоҳдории миллионҳо нусха китоб, балки рамзи баргашти миллати мо ба асли хеш – ба унвони як миллати тамаддунсоз, соҳибдевон ва китобхон аст, ки дар тули таърих бо қалами худ оламро тасхир карда буд. Робитаи устувор миёни Ваҳдати миллӣ ва Китобхонаи миллӣ дар он аст, ки ҳар ду маҳсули як ҳадафи бузурганд: ҳифзи ҳувийят, таърих, илм ва фарҳанги миллат дар харитаи ҷаҳон. Вақте мо ба таърихи гузаштаи худ назар меандозем, мебинем, ки ниёгони мо ҳамеша дар замони сулҳу субот бузургтарин китобхонаҳоро, мисли китобхонаи машҳури Сомониён «Савону-л-ҳикмат», таъсис медоданд ва дар замони ҳуҷуми бегонагони ҷоҳил аввалин чизе, ки нобуд ва оташ зада мешуд, китоб ва кохҳои илм буданд. Имрӯз, ба шарофати сиёсати оқилона ва фарҳангпарваронаи Президенти кишвар, Китобхонаи миллӣ ба маркази иттиҳоди маънавии ҷомеа табдил ёфтааст. Китобхона имрӯз ҳамчун сипари пуриқтидори мафкуравӣ хидмат мекунад, ки насли наврасро аз таъсири ақидаҳои экстремистӣ, бегонапарастӣ ва каҷравӣ эмин нигоҳ медорад, зеро инсоне, ки бо китоб ошност ва дар толорҳои ин кохи маърифат вақт мегузаронад, арзиши сулҳро медонад ва ҳеҷ гоҳ ба ватани худ хиёнат мекунад.
Илова бар ин, дар солҳои охир бо супориши бевосита ва ташаббуси инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» марҳалаи наву сифатан баланди таҳкими Ваҳдати миллиро оғоз намуд. Ин иқдоми беназири роҳбари давлат ваҳдати сиёсии моро, ки дар соли 1997 заминааш бо имзои созишнома гузошта шуда буд, ба як ваҳдати устувори маърифатӣ ва зеҳнии умумимиллӣ бадал сохт. Ин озмун тамоми қишрҳои ҷомеаро — аз кӯдакони боғча сар карда, то калонсолону касбҳои гуногун, омӯзгорону ходимони илмро дар меҳвари китобхонӣ муттаҳид намуд ва толорҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ба макони шӯру шавқи илмӣ, баҳсҳои адабӣ ва дӯстии заминӣ табдил дод. Имрӯз, вақте ки ҳазорон ҷавон дар ин озмунҳо иштирок карда, асарҳои ниёгон ва адабиёти ҷаҳониро аз ёд мекунанд, онҳо аслан рисолати ҳифзи ваҳдати миллиро ба ҷо меоваранд, зеро насли доно, соҳибхирад ва китобхон кафили асосии ояндаи дурахшон, тинҷӣ, амният ва суботи абадии давлати соҳибихтиёри мо мебошад.
Ташаббуси дигари таърихиву ҷовидонии Президенти кишвар – туҳфаи китоби шоҳкории аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ба ҳар як оилаи кишвар низ идомаи мантиқии ҳамин сиёсати ваҳдатофарин ва рӯшангарӣ ба шумор меравад. Сарвари давлат бо ин иқдоми бузург хостанд, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, дар ҳар як хонадони ин замин, таърихи ниёгони худро бидонад, аз гузаштаи пурифтихори худ огаҳ бошад, аз ҳувийяти худ ифтихор кунад ва дарк намояд, ки мо як миллати ягона бо таърихи чандҳазорсолаем. Вақте ки дар ҳар як хонадон ин китоби муқаддас хонда ва омӯхта мешавад, умумияти таърихиву миллии мо мустаҳкам мегардад ва ин раванд худи ваҳдати воқеист. Китоб умумияти фикрӣ ва рӯҳиро ба вуҷуд меорад ва вақте мардуми як кишвар соҳиби як андеша, як идеология ва як мақсади муштарак мешаванд, устувории давлат ва дахлнопазирии он пурра таъмин мегардад. Маҳз дар ҳамин нуқтаи ҳаётӣ нақши Президенти кишвар ҳамчун роҳнамои маънавӣ ва китоб ҳамчун воситаи асосии ин роҳнамоӣ ва иттиҳод ошкор ва ҳувайдо мегардад.
Дар замони муосир, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва ҷангҳои мураккаби иттилоотӣ авҷ гирифтаанд ва қудратҳои ҷаҳонӣ кӯшиш мекунанд, ки бо истифода аз воситаҳои мухталифи технологӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва фарҳанги оммавӣ мафкураи ҷавононро заҳролуд сохта, онҳоро аз асли худ дур кунанд, рӯ овардан ба китоб ва таҳкими ваҳдат аҳаммияти дучанд ва ҳаётиро пайдо мекунад. Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва ҳамаи китобхонаҳои хурду бузурги кишвар имрӯз бояд ба сангарҳои ҳақиқии ҳифзи сулҳу субот ва сипари амнияти маънавии мо табдил ёбанд. Ҳар як саҳифае, ки як ҷавони тоҷик дар толори китобхона варақ мезанад, мисли як хишти устуворест, ки дар таҳкурсии тинҷиву осоиштагии ватани мо гузошта мешавад. Хираде, ки аз китоб бармеояду дар зеҳнҳо ҷой мегирад, бузургтарин силоҳи мо дар баробари ҳар гуна таҳдидҳо, хатарҳо, хурофот ва ифротгароии асри нав аст ва ин маҳз ҳамон ҳақиқати калон аст, ки Пешвои миллат ҳамеша дар суханрониҳои худ бар он таъкид менамоянд.
Хулоса, Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои ҳар як сокини Тоҷикистон на танҳо рӯзи ҷашну шодмонӣ ва парафшонии парчамҳо, балки рӯзи шукрона аз неъмати сулҳ, эҳтирому арҷгузорӣ ба заҳматҳои таърихиву пайвастаи Меъмори ин сулҳ – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рӯзи таҷдиди аҳд бо китоб, илм ва маърифат аст. Беҳтарин эҳтиром ба хуни шаҳидони ҷанг, ранҷҳои кашидаи модарон ва заҳматҳои созандагони ваҳдат ин аст, ки мо китобхон бошем, илмҳои муосирро омӯзем, ба Ватан содиқ монем ва ин замини аҷдодиро бо донишу заковат ва кору пайкори худ ободтар созем. Ваҳдати сиёсии мо, ки бо ҷоннисориҳои Пешвои миллат ба даст омадааст, имрӯз бо риштаҳои мустаҳками маърифатӣ дар Китобхонаи миллӣ ва дар қалби китобхони мардум гиреҳ хӯрдааст ва вазифаи муқаддаси ҳар як сокини кишвар ҳифзи ин ду неъмати бебаҳо мебошад. Зеро ваҳдати воқеӣ, пойдор ва ҷовидон танҳо аз маърифати баланд, заковат, худшиносӣ ва рушди зеҳнии як миллати китобхон сарчашма мегирад ва моро ба сӯи ояндаи боз ҳам дурахшонтар ҳидоят намояд.
Дар навиштани ин мақола аз адабиёти зерин истифода шуд:
- Эмомалӣ Раҳмон,. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ариён то Сомониён. Китоби аввал. – Душанбе: Ирфон, 1999. – 240 с.
- Эмомалӣ Раҳмон. Ваҳдат, давлат ва созандагӣ. Ҷилди 1. – Душанбе: Шарқи озод, 2001. – 320 с.
- Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна. Китоби 1, 2. – Душанбе: Ирфон, 1998. – 704 с.
- Китобхонаи миллии Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз. Маҷмӯи мақолаҳо. – Душанбе: Нашриёти Китобхонаи миллӣ, 2017. – 180 с.
- Шарифзода, А., Қосимӣ, С. Меъмори Ваҳдат. – Душанбе: Эр-граф, 2012. – 284 с.
Башира Умарова,
мутахассиси пешбари Маркази
“Тоҷикшиносӣ”