Сайдулло Амин. Рубоиёт
Он роз ки ногуфта, намонад дар дил,
Он дур ки носуфта, намонад дар дил.
Гулро набувад ҳеҷ гаҳе бими хазон,
Бимест, ки нашкуфта намонад дар дил.
Эй симзақан қалам ба лаб баркардӣ,
Дилро ту яке новаки наштар кардӣ,
Эй кош будам чу он қалам бар дастат,
То бо лаби худ лаби маро тар кардӣ.
Ман бӯи туро ҷӯяму ту бӯи дигар,
Ман кӯи туро гӯяму ту кӯи дигар.
Рӯ аз мани носуда агар тобӣ чи бок,
Пушти сари ту барои ман рӯи дигар.
З-он чатр, ки ин дақиқа бар сар дорӣ,
Андеша маро аз он ту бар сар орӣ.
Чатри сияҳи ту осмонро монад,
Рӯят маҳи осмони ниликорӣ.
Ҳар нахл дар ин боғ ба авҷу самар аст,
Аз ҷунбиши навда боғбон бохабар аст.
Гар навдае аз шох хамидӣ ногаҳ,
Дидӣ, ки дусад такягаҳе зери сар аст.
Аз ҷониби боғи ту маро бар сари даст,
Занбӯри асал омаду бо рақс нишаст.
Гуфтамш, бигӯ, ки ҳоли он гул чун аст,
Неше заду рахт сӯи боғат барбаст.
Ҳар дил, ки бихост маҳфиле афрӯзад,
В-аз гардиши чарх касбу кор омӯзад,
Монанди ҷароғ дар миёни ҷамъе,
Бояд, ки барои дигарон худ сӯзад.
Айёми баҳор сабза бозӣ дорад,
Кӯдак сари сабза сабзатозӣ дорад.
Тифл аст ниҳол в-ин баҳораш модар,
Аз файзи баҳор сарфарозӣ дорад.
Ҳар гоҳ бурун карда сари хеш зи дар,
Лаб аз пайи ханда во кунӣ мисли сҳар.
Ҷон садқаи нози ту магар медонӣ,
Тобад зи нигоҳи ту маро рӯзи дигар?
Эмин машав агар гузаргаҳат омад рост,
Боло биравӣ ба зинаи бе каму кост.
Фарқест миёни зинаҳо бохабарӣ?
Душвор бувад баромади зинаи рост.
Садои Шарқ” соли 1967 №7
Таҳияи Шавқинисо Носирова,
мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ.