Сайфиддин Маҷидзода: Мутолиаи китобҳо руҳи инсонро табобат мекунад.
Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” дар кашфи истеъдодҳое, ки воқеан беназиранд, рисолати волоеро анҷом дода истодааст. Давоми 6 соле, ки озмуми мазкур баргузор мегардад, садҳо нафар суханварону донишмандонро руйи кор оварда ва ҳар яки онҳо пайи рисолате дар хидмати ин халқу ватан камар бастаанд.
Тайи чанд рӯзи охир, ки даври ниҳоии озмун дар Китобхонаи миллӣ идома дорад, мо бо иштирокчиёне вомерӯхем, ки воқеан ба китобу китобхонӣ меҳри зиёд доранд ва бо сипосгузори аз Пешвои миллат ёдовар мешаванд, ки чунин озмунҳо ташкилу баргузор мегарданд ва онҳо имкони санҷидани донишҳои худро пайдо мекунанд.
Сайфиддин Маҷидзода яке аз иштирокдорони фаъол дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон аст. Ӯ хонандаи синфи 11 уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2- и шаҳри Кӯлоб буда, соли дуюм аст дар озмуни мазкур ширкат мекунад. Бо Сайфиддин баъд аз баромадаш дар назди ҳакамон суҳбати кӯтоҳе анҷом додем.
Сайфиддин бо ифтихор аз модари меҳрубонаш ёдовари кард, ки маҳз ӯро аз хурди барои китобхонӣ роҳнамоӣ кардааст ва падараш, ки барои дарс хонданаш ҳама шароитҳоро барояш муҳайё намудааст.
“Маҳз модарҷонам моро ҳамеша ба китобхонӣ роҳнамои мекарданд. Барои иштирокам дар озмун низ тависяи модарамро гирифта дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон иштирок дорам” –нақл кард Сайфиддин.
Ҳамсуҳбати мо ғайр аз забони модариаш бо 4 забони хориҷӣ русӣ, англисӣ,олмонӣ ва фаронсавӣ озодона суҳбат мекунад.
Чун ман иштирокчии номинатсияи адабиёти ҷаҳон мебошам, дар ин ногминатсия ба забондони низ эътибор медиҳанд. Ман дар вақти омодагиам ба озмун бештар кӯшиш мекардам китобҳоро бо забони асл мутолиа намоям. Ин ҳам барои дарки бештари асарҳо ва ҳам барои тақвият бахшидани забондонии мо манфианбахш аст”- қайд кард ҳамсуҳбати мо.
Бештар ба адабиёти рус, Амрико ва Аврупо таваҷҷуҳ дорам.Асарҳои Л.Толстой, Тургенев, А.С Пушкинро хеле дӯст медорам. Яке аз асарҳое ки воқеан бароям писанд омад “Духтари капитан” -и Александр Сергеевич Пушкин мебошад. Хондани ин асаррро ба тамоми дӯстдорони асарҳои ҷаҳонӣ тавсия медиҳам,- гуфт Сайфиддин иштирокчии номинатсияи адабиёти ҷаҳон.
Ҳамсуҳбати мо дар ояндаи табиб шудан мехоҳад. Ӯ мегӯяд китобҳо рӯҳи инсонро оромиш мебахшанд. Касби пуршарафи табибӣ, ки бо инсонҳо сару кор дорад, мехоҳам, на танҳо ҷисми онҳо балки руҳи эшонро табобат кунам…
Наргис НАЗАРЗОДА, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа
Китобхонаи миллӣ.