Сайфиддин Назарзода. “Пажӯҳише дар таърихи забони тоҷикӣ”
Ин китоби профессор Сайфиддин Назарзода соли 2021 чоп шудааст ва дар муаррифии он омадааст, ки пажӯҳиши таърихи забони тоҷикӣ дар шакли мухтасар масъалаҳои мубрами таърихи забони тоҷикӣ, баррасии масъалаҳои таърихи забонҳои эронӣ, гурӯҳи забонҳои эронӣ, забонҳои авестоӣ, форсии бостон, бохтарӣ ва муносибати онҳо ба забони ориёӣ, ва забони тоҷикӣ, этноними «тоҷик» ва муносибати он бо номгузории забони тоҷикиро дар бар мегирад. Инчунин масъалаҳои ташаккули забони тоҷикӣ дар давраи оғозин, дар давраи асроҳи миёна, маорифпарварӣ, даврони шўравӣ ва даврони истиқлолро фаро мегирад. Ин асар барои оммаи васеи хонандагон ва забоншиносону адабиётшиносон ва донишмандон соҳаи таърих судманд аст
Муаллиф дар сарсухан қайд мекунад, ки Истиқлоли давлатӣ барои ташаккул ва рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ ва меъёрҳои адабии он шароити мусоид фароҳам оварда, тамоми монеаҳои сунъиро аз пеши роҳи густариши забон бардошт. Баъди ба истиқлол расидани Тоҷикистон забони мо мақоми давлатӣ гирифта, дар ҷомеа беш аз пеш нақши ҳалкунанда мебозад. Пеш аз ҳама, вақте ки як давлат ба Истиқлол мерасад, бештар ба анъанаҳову сарчашмаҳои бунёдии давлатсозии худ муроҷиат мекунад ва бинобар ҳамин, беасос намуд, ки забони тоҷикии мо-забони модарии мо ҳам баъд аз ба Истиқлол расидани Тоҷикистон дар ҷомеа мавқеи бисёр бунёдӣ пайдо кард ва дар баробари забони русӣ, ки қаблан забони расмии мо буд ва дар даврони Истиқлол ҳам мувофиқи Қонуни асосӣ забони муоширати байни миллатҳо мебошад, нақши худро хеле боло бурда, ҷои ҳуқуқии худро ҳамчун забони муоширати байни халқҳои сокини Тоҷикистон пайдо кард…
Забони тоҷикӣ аз садаи IX дар давраи Сомониён (асрҳои IX-Х) мақоми забони адабиро касб намуд ва ба ин забон осори илмию адабӣ пайдо гардид. Маҳз дар давраи Сомониён ба таври мутассил барои густариши забони адабӣ иқдомҳои самарабахш сурат гирифт. Пайдо шудани насри илмиву адабӣ барои густариши сохторҳои забонӣ ва ташаккули забони илму адаб мусоидат намуд. Дар ҳамин давра намояндагони барҷастаи илму адаб ба монанди, Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абўалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусрав, Байҳақӣ пайдо мешаванд ва дар асоси забони осори онҳо принсипҳои асосии меъёри забони адабӣ ташаккул меёбад. Вале шукуфоии илму адаб ба забони тоҷикӣ ва фаъолияти пуршўри истилоҳсозӣ бо ба сари кор омадани сулолаҳои туркнажод охиста-оҳиста рў ба завол меорад. Баъд аз ҳуҷуми хонумонсўзи муғул дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ва илмиву адабӣ барои солҳои тўлонӣ хомўш мегардад. Дар зери ин ҳодисаҳо дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва адабии мардуми Осиёи Марказӣ унсурҳои иртиҷоӣ боло мегирад. Фишору зӯроварии руҳониёни иртиҷоӣ бо дастгирии сулолаҳои туркнажод ба муқобили озодандешӣ ва ҷаҳонбинии дунявию пешқадам дар дохили ислом ва дигар равияҳои фалсафӣ ба ҷараёни ташаккул ва густариши забон низ бетаъсир намонд. Аз асрҳои XVI-XVII ёдгориҳои камшумори хаттӣ, ки ба хусусиятҳои забонии лаҳҷаҳои тоҷикони Осиёи Миёна наздик буданд, пайдо мешаванд. Дар осори шоирону нависандагони ин давра як қатор хусусиятҳои вожагонӣ ва лаҳҷавии забони тоҷикии гуфтугўӣ дида мешавад, ки минбаъд асоси забони адабии муосир мегардад.
Масъалаҳои густариши забони тоҷикӣ минбаъд ҳам мавриди таваҷҷуҳи давлат қарор гирифта, зарурати қабули қонуни нави забон ба вуҷуд омад ва Конуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Чумҳурии Тоҷикистон» (5 октябри соли 2009) қабул гардид. Ин қонун вазъ, истифода, ҳимоя ва дурнамои рушди забони тоҷикиро дар шароити имрўзаи сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар муайян менамояд.
Махсусан, барои густариши забони тоҷикӣ дар оянда асару мақолаҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти махсус дорад. Роҳҳои асосии густариши забони тоҷикӣ дар асрҳои ў ба монанди «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» (1999, 2002, 2009), «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» (2006), «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» (2006) инъикос ёфтаанд. Аз ҷумла, китоби ў «Забони миллат – ҳастии миллат», (ҷилди 1, чопи аввал 2016, чопи дувум 2018, ҷилди 2, 2020) дастовардҳои охири забоншиносии тоҷикро дар бобати таърихи густариши забони тоҷикӣ дар худ таҷассум кардааст.
Китоби “Пажуҳише дар таърихи забони тоҷикӣ”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.
Таҳияи Фарзона Раҳмонова,
мутахассиси Маркази забон
ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ.