Сайре дар китобхонаҳои олам. Китобхонаи миллии Чин

Китобхонаи ҷумҳурии Чин як маркази пажўҳишии васеъ буда, махзане барои гирдоварии кулли интишорот дар Чин аст, ки дорои маҷмўаҳои ғанӣ ва таърихии тўлонӣ мебошад. Китобхона дар Пекин ҷо гирифтааст.

Собиқаи ин китобхона ба китобхонаи Метрополин бар мегардад, ки дар канори дарёчаи «Бепинак» қарор дошт ва соли 1909 ба ёдбуди тоҷгузории подшоҳи ҳамон вақт тавассути вазири фарҳанги давлати Куинак сохта шуд. Соли 1911 китобхона зери назари вазорати улуми Ҳукумати Пекин даромад ва соли 1921 расман ифтитоҳ шуд. Нахустин китобхона шурўъ ба гирдоварии нусхаи марҷаъ аз интишороти кишвар кард ва ба унвони китобхонаи миллӣ матраҳ шуд. Соли 1928 ин марказ «Китобхонаи миллии Бепинак» ном гирифт. Соли 1929 бо китобхонаи Биҷӣ тавассути бунёди омўзиш ва фарҳанг якҷоя шуд, аммо номи он тағйир накард.

Соли 1923, яъне ҳамзамон бо таъсиси китобхонаи марказии «Нончинаг» ду китобхонаи миллӣ вуҷуд дошт. Афроди саршинос ва шахсиятҳои фарҳангӣ, ки аксаран тарафдори омўзиши иҷтимоӣ буданд, дар рушд ва пешрафти китобхона саҳми босазое доштанд. Пас аз бунёдгузории Ҷумҳурии Халқии Чин дар соли 1949, китобхонаи миллии «Бепинак» дубора китобхонаи миллии Чин ном гирифт ва табдил ба китобхонаи миллии Ҷумҳурии Халқии Чин шуд ва аз он пас таҳти идораи Вазорати фарҳанг қарор гирифт. Ҳамроҳ бо тавсеи сохтори иҷтимоии Чин, сохтмони китобхона дар хиёбони «Ван-Чин» низ муддате тавсеъ ёфт. Аммо ҳанўз бо афзоиши муроҷиаткунанда рўбарў набуд. Соли 1975 бо тарҳи пешниҳодии яке аз вузаро сохтмони ҷадиде ба унвони як тарҳи миллии намуна ниҳода шуд. Маросими оғози сохтмон соли 1983 барпо шд ва соли 1987 мавриди истифодаи умум қарор гирифт. Акнун маҷмўи сохтмони китобхона барои 20 миллион ҷилд китоб, 30 толори мутолиа мебошад. Китобхона пазироии 7-8 ҳазор мутолиакунанда дар рўз мебошад. Китобхона бо васоили ҷадид назири компютери пурқудрат, васоили интиқоли иттилоот, дастгоҳи намоиш, васоили иртиботӣ ва абзори гуногуни мутолиавӣ муҷаҳҳаз гардидааст ва ба таври муосир хадамот дар ихтиёри хонандагон ва соири китобхонаҳои саросари кишвар мегузоранд.

Маҷмўаҳо. Китобхонаи миллии Чин маҷмўае ҳаст шомили 16 миллион ҷилд китоб, ки солона 600 ҳазор китоб ба он афзуда мешавад. Тибқи қонун, нусхаи китобҳо аз ноширони саросари кишвар гирдоварӣ мешавад, интишороти чинӣ ба тамоми забонҳои ақалиятҳои миллӣ низ ҷамъоварӣ мегардад. Собиқаи гирдоварии китоб ба 700 сол пеш бар мегардад, ҳарчанд ки китобхона ҷавон аст.

Аз замони таъсиси китобхона, ин марказ ҳамроҳ бо гирдоварӣ, табақабандӣ ва нигаҳдории маҷмўи кутуб, низоми маҷмўаҳои худро бино ниҳода аст. Низоми китобхона на танҳо таъкиди фаровоне бар ҷилавгирӣ аз байн рафтани кутуб дорад, балки гардиши китобро низ мавриди таъкид қарор медиҳад. Ба манзури ҳифозат аз китобҳо ҳам акнун талош дар ҷиҳати табдили онҳо ба намунаҳои хурдтар «микрофилм ва анвои қобили хондан тавассути мошин» аст. Сарфи назар аз маҷмўаҳои дарёфтӣ дар замони ҳодисаҳои китобхона, соири маҷмўаҳо иборат аз: захираи нусхаҳо аз ноширони дохилии кишвар, маҷмўаҳои мунтахаб ва харидоришуда аз интишороти қадимӣ ва ҷадиди кишвар, китоби эҳдоӣ ва вақфкунандаҳои муассисот ва афрод, китоби интихоби восупорӣ шуда ба ноширони хориҷӣ, доду ситади байналмилалии интишорот, намунаҳои таҳияшуда аз интишорот мебошад. Ироаи хадамот ба хонандагон аз тариқи толорҳои мутолиа, амонат, сервиси посухгўй, хадамот, намунабардорӣ ва ироаи хадамот тавассути намоишгоҳҳо ва суханрониҳои фарҳангӣ аст. Китобхонаи миллии Чин хадамоти густардаеро ба ҳамроҳи маҷмўаҳои ғанӣ ва мутанаввеъи худ ба хонандагон арза медорад.

Китобхона таҳти идораи вазорати фарҳанги ҷумҳурии Чин қарор дорад. Он дорои як мудир теъдоди муайяни муовинат аст. То соли 1990 китобхона 1680 корманд дошт, ки 1109 нафари онҳо кормандони мутахассис буданд.

Таҷҳизонидани китобхона: Соли 1984 системи компютерии М150-Н бо фаъолияти омодасозии иттилооти чинӣ ба китобхона арза шуд. Сипас ин компютер бо истифода аз LC-MARC ба феҳристнависӣ  пардохт ва сервисҳои махсус ва низ хадамоти иттилооти гузинишии (SDI)-ро дар дохили кишвар ба истифодакунандагон арза кард. Ҳамчунин хадамоти бозёбӣ ба истифодакунандагон бо наворҳое, ки тавассути система иттилоърасонии нашриёти байналмилалӣ (ISDS) анҷом мешуд ва иттилоот роҷеъ ба нашриёти чинӣ аз тариқи мошинҳои қобили хондан фароҳам меомад. Дар корҳои муқаддимотӣ ба манзури эҷоди иттилооти китобшинохтии чинӣ, хусусиёти ҳуруфи чинӣ ба сурати фарҳанг ва вожанома тавсияи нармафзорҳое, ки ба ин кор меоянд, низ анҷом мешуд. Китобхона «формати MARC чинӣ»-ро тарроҳӣ ва феҳристи мустанади номҳои чиниро ҷамъоварӣ кардааст. Ҳангоме, ки китобхона бар рўйи ҳама боз шуд, контрули худкори 3000 ҷиддии китобхона ба сурати қафасаи боз бо компютер PDP 11/73 анҷом гардид.

Ҳадафҳои мушаххас ба қарори зер аст: эҷоди як манбаи иттилооти китобшинохтии умумӣ дар сатҳи кулли миллат, шиносоии саҳми манобеи китобхона, шиносоии худкорсозӣ дар бахши супоришот, феҳристнависӣ ва контрули гардиш ба манзури  суръатбахшӣ ба омодасозӣ, бозёбӣ ва гардиши китобҳо ва маҷаллот, афзоиши васоили хадамоти китобхона, густариши макони сервисдиҳи ба манзури афзоиши сатҳи хадамот ва омода намудан ба мавқеи иттилоот барои дастрасии ниёзмандон ба он.

Системи контрули худкори китобшинохтӣ дар китобхона аз чаҳор низоми фаръии нисбатан мустақил ташкил шудааст: низоми фаръии контрули гардиши китоб ва маҷаллот; низоми фаръии тавлиди китобшинохтӣ ва низ низоми фаръии захира ва бозёбии китобҳои камёб. Ин низомҳои фаръӣ бар рўйи компютерҳои бузург ва мутавассит насб шудаанд.

Аз китоби С.Сулаймонӣ “Таърихи китобдории кишвраҳои хориҷӣ”. Душанбе, соли 2013.  

Таҳияи Мадина Ҳамидова, сармутахассиси шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.

 

      МАТОЛИБИ ДИГАР ДАР ТАҲИЯИ ИН МУАЛЛИФ: