Сайре дар китобхонаи олам. Китобхонаи миллии Олмон

Сохтмони аслии китобхонаи миллии Олмон пас аз барномарезии меъмор Оскар Пуш соли 1914-1916 бино шудааст. Баландии ин бино аз 160 метр иборат буд. Ин сохтмон 19 октябри соли 1916 ифтитоҳ шуд.

Китобхонаи миллии Олмон маркази бойгонӣ ва миллии библиографии Ҷумҳурии Федеративии Олмон мебошад. Аз соли 1913 вазифаи ин боргоҳ ба таври доимӣ ҷамъоварии бойгонӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва сабти библиографии тамоми нашрияҳои олмонӣ, нашрияҳои хориҷӣ дар бораи Олмон, тарҷумаи осори олмонӣ ва осори муҳоҷирони немисзабони дар хориҷа нашршуда мебошад, ки дар миёнаи солҳои 1933-1945 онҳо дастраси умум гардиданд. Китобхонаи миллии Олмон дар сатҳи милливу байналмилалӣ робитаву ҳамкориҳои беруна дорад. Масалан он шарики асосӣ дар таҳия ва нигоҳдории қонунҳову стандартҳои библиографии Олмон буда, дар таҳияи стандартҳои байналмилалии китобхона нақши муҳим мебозад.

Китобфурӯшон ва нашриётҳои гуногун асарҳои худро дар давраи инқилоби Олмон, соли 1848 ба Парлумони Франкфурт барои китобхонаи парлумонӣ таҳти сарварии Иоганн Генрих Плат, ки “Китобхонаи Рейх” ном дорад, пешниҳод карданд. Пас аз шикасти инқилоб китобхона партофта шуд ва китобҳои мавҷуда дар осорхонаи миллии Олмон дар Нюнберг нигоҳ дошта шуданд. Соли 1912 дар шаҳри Лейпсиг, подшоҳи Саксония ва Ассотсиатсияи китобфурӯшони Олмон барои таъсиси китобхонаи миллии Олмон дар Лейбсиг мувофиқа карданд. Аз 1 январи соли 1913 тамоми нашрияҳо бо забони немисӣ ба таври мунтазам ҷамъоварӣ шуданд (аз ҷумла китобҳои Австрия ва Шветсария). Худи ҳамон сол доктор Густав Волл аввалин директор интихоб гардид.

Соли 1946 доктор Георг Курт Шауэр, Генрих Кобет, Витторио Клостерманн ва профессор Ҳанс Вилҳелм Эппелшаймер директори китобхонаи Донишгоҳи Франкфурт ташаббускори азнавсозии Китобхонаи бойгонии Олмон дар Франкфурт шуданд.

    Намояндагони савдои китоби иёлати федералӣ дар минтақаи ишғолии Амрико ба ин пешниҳод розӣ шуданд. Шаҳри Франкфурт (Франкфур бар Майн) барои дастгирии кормандон ва захираҳои молиявии китобхонаи архивии ба нақша гирифташуда розигии худро дод.               Бо мутаҳидшавии Олмон 3 октябри соли 1990 Deutsche Bucherei Leipzig ва Deutsche Bibliothek Франкфурт бар Майн ба як муассисаи нав, Китобхонаи Олмон (Dei Deutsche Bibliothek) муттаҳид гардиданд.Соли 2006 санади Китобхонаи миллии Олмон эътибор пайдо кард. Вусъати мухтасари маҷмӯа бо фарогирии нашрияҳои интернетӣ роҳи ҷамъоварӣ, феҳристсозӣ ва нигоҳдории чунин нашрияҳоро ҳамчун як қисми мероси фарҳангии Олмон муайян мекунад. Ба ташкилоти олии маъмурии  китобхона – шӯрои маъмурӣ, ду нафар вакил аз Бундестаг дохил шуд. Ин қонун ҳамчунин номи китобхона ва биноҳои онро дар Майн ва Берлин бо “Deutsche National bibliothek” (Китобхонаи миллии Олмон) иваз кард. Инчунин китобхона шомили осорхонаи китоб ва нависандагии Олмон аст.                Вазифаҳо байни иншооти Лепсиг ва Франкфурт тақсим карда мешавад ва ҳар як марказ кори худро ба соҳаҳои мушаххас равона мекунад. Муассисаи сеюм Deutsches Musikarchiv Berlin (соли таъсис 1970) буд, ки бо тамоми махзанҳои марбут ба мусиқӣ (ҳам чопшуда ва ҳам сабтшуда) сарукор дорад. Аз соли 2010 инҷониб Deutsches Musikarchiv низ ҳамчун қисми ҷудошавандаи иншоот дар Лейпсиг ҷойгир шудааст.

Китобхонаи миллӣ як созмони комилан мустақил буда, назорати олии он дар ихтиёри вазорати корҳои дохилӣ мебошад. Вазифаҳои китобхона аз инҳо иборатанд: тартиб додани қоидаҳо, тартиб додани саҳифаҳо; таҳияи қоидаҳои феҳристнигорӣ; ҳамкории миллӣ ва нигоҳдории рӯйхатҳои ҳуҷҷатии мавзӯӣ, шахсони машҳур ва созмонҳо; таҳия ва тартиб додани стандартҳо ва меъёрҳои китобдориву китобхонаҳо; Маркази миллии ISSN; татбиқи барномаи “Таъсис ва робитаи васеъ байни ташкилотҳои итилоотӣ ва иттиҳодияҳои китобхонаҳо”.

  Соли 1998 Китобхонаи миллии Олмон ва Бунёди тадқиқоти Олмон лоиҳаи аз ҷониби давлат маблағгузоришавандаро оид ба рақамисозии маҷмӯаи маҷаллаҳои даврии яҳудӣ дар Олмони фашистӣ, ки аз соли 1933 инҷониб нашр шуда буд, оғоз карданд, ки аввалин бор аз соли 1933 то соли 1943 нашр шуда, тақрибан 30 000 саҳифаро ташкил медиҳад. Илова бар ин, лоиҳа 30 нашрия бо забони олмонӣ барои муҳоҷирон, Маҷаллаҳои олмонӣ барои бадарғашудагон дар солҳои 1933-1945 бо ҳаҷми тақрибан 100 000 саҳифа ворид карда шуд.               Ин маҷмӯаҳо дар Интернет дар соли 2004 гузошта шуда буданд ва аз сайтҳои сердаромади Китобхонаи миллии Олмон ба шумор мерафтанд.

      Моҳи июни соли 2012 Китобхонаи миллии Олмон дастрасии ҳарду маҷмуаро бо сабабҳои ҳуқуқӣ қатъ кард. Нусхаҳои рақамӣ аз он замон танҳо барои истифода дар толорҳои хониши Китобхонаи миллии Олмон дар Лейпсиг ва Франкфурти Майн дастрас буданд.

     Вазифаҳои ин китобхона ҳамчун маркази итилоотии миллӣ аз гирдоварии тамоми нашриҳои олмонӣ дар ҷаҳон ва аз соли 1913 бошад, дар муддати тӯлонӣ нигоҳдории фонд, ҷамъовариву ташкили ҳамаҷонибаи онҳо иборат аст. Ин вазифаҳо Китобхонаро водор мекунад, ки ҳангоми нашри библиографияи миллӣ дастрасии номаҳдудро ба маҷмуа таъмин намояд. Масъулиятҳои китобхонаи миллии Олмон мувофиқи таърифи китобхонаҳои миллӣ аз ҷониби ЮНЕСКО дода шудааст. Дар соҳаи ҳамкориҳои байналмилалӣ вазифаҳои зеринро ба уҳда дорад: иштироки фаъолона дар конфронси китобхонаҳои миллии Аврупо (CENL), иштироки фаъолона дар конфронси IFLA, иҷрои барномаи ҷаҳони китобхонашиносӣ ва дигар намуди конфронсҳо мебошад.

Маҷмуаи умумии Китобхонаи миллии Олмон 15 миллион ҳуҷҷатро ташкил медиҳад (аз соли 1997), инчунин 790000 мусиқии сабтшуда ва чопшуда дар Берлин нигоҳдорӣ мешавад. Нишондодҳои солҳои охир 15500 миллион китоб, 5,2 миллион маҷалла, 2,1 мусиқии сабтшуда ва чопшуда, 4,5 млн маводи электронӣ дар Берлин нигоҳ дошта мешаванд. Ҳар сол ба коллексия тақрибан 300000 ҳуҷҷат илова мешавад. Китобхонаи миллии Олмон як китобхонаи қарзӣ буда, қонуни феҳристи пеш аз нашрро иҷро мекунад.

Китобхонаи миллии Олмон китобхонаи маълумотӣ мебошад; ин маънои онро дорад, ки нашрияҳо танҳо дар толорҳои хониш дастрасанд,  хонандагони ин китобхона бояд аз 18 сола боло бошанд ва пеш аз даромадан ба китобхона барои аъзо шудан, шиноснома ё ҳуҷҷати муайянкунадаи шахсияти хонандаро пешниҳод кунанд, барои хидматрасонӣ ҳаққи хизмат мегиранд ва ба хонанда коди миллӣ медиҳанд то ин ки истифодабаранда ба китобхона озод дохил шавад.

Шумораи аъзоёни китобхона 188279 (2016) нафар буда, буҷеташ 52,3 миллион евро (2016), шумораи кормандонаш ба 626,5 мерасад ва сомонаи электронии FTE дар истифодаи умум гузошта шудааст.

Нодирамоҳ Боқизода – мутахассиси шуъбаи илмӣ ва таҳқиқотӣ.