Сайре дар толори осорхонаи дастхатҳои нодири Китобхонаи миллӣ

 

 

Дар ҷаҳон ҳамасола 18 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо  (International Museum Day) таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз ташкили тамошои ройгон аз осорхонаҳо ба ҳукми анъана даромадааст.  Ҳарчанд дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе осорхонаҳову хона-музейҳои  зиёде фаъолият мекунанд, Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ дорои осорхонаи гаронбаҳо буда, бо шукуҳу ҷалоли худ яке аз мавзеҳои тамошобоб ва фарҳангӣ  кишвар  ба ҳисоб меравад.

 

 Осорхонаи шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир яке аз мавзеъҳое мебошад, ки диққати меҳмонону сайёҳоне, ки ба Китобхонаи миллӣ меоянд, ҷалб менамояд. Дар толори мазкур китобҳои нодир, дастхатҳо, китобҳои чопи сангӣ ва дигар асноди гаронбаҳо ба намоиш гузошта шудааст.

Фирдавс Саидаҳтамов – сардори шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои  нодири Китобхонаи миллӣ мегӯяд шуъба таърихи беш аз ҳаштод сола дорад  ва то имрӯз масъулони он ба ҷамъоварии нусхаҳои хаттии мардуми Шарқ машғуланд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо дар ҳоли ҳозир зиёда аз 4700 ҷилд нусхаҳои хаттӣ ва китобҳои чопи сангӣ ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, форсӣ, арабӣ ва ғайра, ки аз онҳо зиёда аз 2671 нусхаро дастнависҳо ташкил медиҳад, дар фонди шуъба маҳфӯз мебошанд. Ин ҷамъоварӣ яке аз ҷойҳои намоёнро дар мобайни хазинаҳои дастхатҳои Шарқи кишварамон ишғол менамоянд. Бисёре аз ин ёдгориҳо аввалин сарчашмаҳои зарурӣ барои табъу нашри кори илмию тадқиқотӣ, ки аҳаммияти махсусро барои омӯзиши фарҳанги асрҳои гузаштаамон дар пай дорад, мнбошанд. Фарқияти асосии бисёре аз нусхаҳои хаттии Китобхона ин хатҳои зебо, муқоваҳои ҷолиб ва нақшу нигори диққатҷалбкунанда мебошанд. Фонди тиллоии китобхона бо ташаббуси  мутахассисон ҳамасола ғанӣ мегардад.

Аз ганҷинаҳои таърихии ин шуъба, нусхаҳои нодири олимони машҳури асрҳои миёна  Ат-Табарӣ «Таърихи Табарӣ» (асри XIII), Зиё Баранӣ «Таърихи Фирӯзшоҳӣ» (асри  XVI), «Тазкираи Буғрохонӣ» (асрҳои XV- XVI), “Шоҳномаи”-и Аблуқосим Фирдавсӣ (асри XVI), ки дорои 48 миниатура мубошад, «Тазкирату-ш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ (асри XVII), «Ахлоқи мӯҳсинӣ» -и Ҳусайн Воизи Кошифӣ (асри  XVII), «Захирату-л-мулук»-и Алӣ ибни Шаҳобиддин ал-Хамадонӣ (асри  XVIII), «Қаробиддини Қодирӣ»-и Муҳаммад Акбари Арзонӣ (асри  XVIII), «Ганҷу-л-олам»-и Низом ибни Хоҷа Яъқуб ал-Ҳисорӣ (асри  XVII), «Чаҳорбоғи гулҳо»-и Муҳаммад Одил ал-Бухорӣ, (асри  XIX), «Таъбири султонӣ» Исмоили ибни Низомулмулк, (асрҳои XVI- XVII), «Ҳандаса» ва «Сӣ фасл дар илми нуҷум»  риёзидон ва мунаҷҷими машҳур Носириддини Тусӣ (асрҳои  XV-XVI) ва ғайраҳо ба ҳисоб меравад.

Ба гуфтаи Фирдавс Саидаҳтамов, диққати бештари сайёҳону муҳаққиқонро нусхаи хаттии «Гулистон»-и шоири машҳури қарни XIII Саъдии Шерозӣ ҷалб мекунад, ки бо хати зебои настаълиқ ва дар  коғази Истамбулӣ дар соли 1698 мелодӣ китобат шудааст. Дар саҳифаҳои ин нусха оиди расму русум ва тарзи зиндагонии на танҳо мардуми эронинажод, балки тамоми мардуми Шарқи Наздики асри XIII –ро равшану возеҳ инъикос мекунад.

Дар фонди тиллоии Китобхона инчунин  ҳуҷҷатҳои таърихӣ ба монанди васиқаҳо, туморҳо, ярликҳо, ривоятҳо ва  ғайраҳо гирдоварӣ шудаанд. Ҳар яки онҳо барои омӯзиши мамолики Шарқ асноди муҳиме ба шумор мераванд ва инчунин дар ин хазина намуди хату матнҳои мехӣ, портӣ, парфиянӣ, суғдӣ, авастоӣ ва арабӣ мавҷуданд. Ҳамзамон дар фонди шуъбаи мазкур нусхаҳои нахустин рӯзномаҳои тоҷикӣ нигаҳдори карда мешавад.

Бо таваҷҷуҳ ба он, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар маркази шаҳр, атрофи боғи фарҳангу – фароғатии устод Рӯдакӣ ва назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ қарор дорад, бештар мавриди таваҷҷуҳи  сайёҳону меҳмонон  қарор мегирад. Масъулони Китобхона ҳамарӯза то сад нафар сайёҳони дохилу хориҷро  ба фаъолияти Китобхона аз ҷумла осорхонаҳои он ошно месозанд. Дар баробари осорхонаи  шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир ҳамзамон толорҳои намоишии шуъбаи Конуни забони тоҷикӣ  ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз мавзеҳои дигари диданӣ мебошад. Дар толоори мазкур роҷеъ ба пайдоиши хату навиштаҷотҳо, лаҳчаву забонҳои халқиятҳои ҳудуди Осиёи Миёна маводҳои арзишманде ба марази тамошо гузошта шудааст.                                  

   Дар осорхонаи мазкур зиёда 180 – мавод:  намунаи хатҳои авастоӣ, хати бохтарӣ, расмулхати суғдӣ, хати портӣ, алифбои хати суғдӣ ба ӯйғурӣ, намунаи навиштаҷотҳо дар сиккаҳо, намунаи сангнавиштаҳо, намунаи расму тасвирҳои асрҳои ХIV – ХVII, ки аз дастхатҳои қадимаи «Шоҳнома» – и Абулқосим Фирдавсӣ, «Хамса» – и Амир Хусрави Деҳлавӣ, «Силсилат-уз-заҳаб»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигар асарҳои нодир  аксбардорӣ   шудаанд,  ба намоиш гузошта шудааст.   Инчунин дар ин толор дар мавзӯҳои сарфу наҳви забони форсӣ-тоҷикӣ, лаҳҷашиносӣ (лаҳҷаи яғнобӣ, язғуломӣ, бартангӣ, шуғнонӣ, ишкошимию вахонӣ), корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи забоншиносӣ  намоиши  китоб  ташкил  карда  шудааст.

Толори сеюме, ки мавриди таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳон қарор мегирад, толори китобҳои тозанашри замони истиқлол мебошад, ки дар он  зиёда аз 800 нусха адабиёти нав фарогири мавзуҳои гуногун мебошад, ба намоиш гузошта шудааст.

                                                                  Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР

муовини сардори шуъбаи матбуоти даврӣ