«Сайри гӯшаи китобҳои олимон» ба фаъолияти илмии профессор Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз бахшида шуд

Субҳи имрӯз, 31 июли соли 2026, дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши китоби «Сайри гӯшаи китобҳои олимон», ки ин навбат ба ҳаёт ва фаъолияти илмии доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз бахшида шудааст, бо иштироки директори Китобхонаи миллӣ профессор Лутфия Абдулхолиқзода расман ифтитоҳ гардид.
Намоиши мазкур бо мақсади муаррифии осори илмии олимону пажӯҳишгарони тоҷик, тарғиби мероси илмӣ ва фароҳам овардани имконияти бештар барои шиносоии хонандагон бо дастовардҳои олимони ватанӣ роҳандозӣ шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи намоиш роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, хонандагони фаъоли шуъбаҳои хидматрасонӣ, кормандони соҳаи илм ва профессор Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз иштирок намуданд.
Дар ҷараёни намоиш меҳмонон бо китобҳо, монографияҳо ва дигар осори илмии профессор Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз аз наздик ошно гардида, ҳамзамон аз гӯшаҳои дигари толори рисолаҳои илмӣ, ки осори донишмандону муҳаққиқони тоҷикро дар бар мегирад, боздид ба амал оварданд.

Ҳамчунин, профессор Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз зимни суҳбат бо иштирокдорон аз таҷрибаи фаъолияти илмӣ, самтҳои асосии таҳқиқоти худ ва нақши рисолаҳои илмӣ дар рушди илми ватанӣ ёдовар шуд. Мавсуф хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буда, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Самтҳои асосии фаъолияти илмии ӯ таҳқиқи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлоли сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, риторика ва баҳсҳои сиёсиро фаро мегирад.

Профессор Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз муаллифи беш аз 263 китоб, монография, мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ буда, таҳти роҳбарии ӯ то имрӯз 5 рисолаи докторӣ ва 30 рисолаи номзадӣ бомуваффақият ҳимоя гардидааст. Осори илмии ӯ дар шохиси иқтибосоварии Федератсияи Россия (РИНЦ) низ мавқеи арзанда дошта, 71 таълифот бо 316 иқтибос ва индекси Ҳирш – 7 ба қайд гирифта шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки намоиши мазкур барои муҳаққиқон, омӯзгорон, донишҷӯён ва тамоми дӯстдорони илму китоб имконияти мусоид ҷиҳати шиносоӣ бо мероси гаронбаҳои олимони тоҷик мебошад.
Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа