Сайри кутоҳ дар Китобхона. 24 нафар хонандагони мактаби 34-и пойтахт бори аввал ба Китобхонаи миллӣ омаданд
Гурӯҳе аз хонандагони мактаби рақами 24 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе субҳи имрӯз вориди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон шуданд ва аз толорҳои хониши он дидан намуданд.
Онҳо 24 нафар буданд ва ҳамагӣ хонандагони синфи 3, ки бо роҳбаладии муаллимашон Манижа Ғайратова бори аввал ба ин боргоҳи маърифат қадам мегузоштанд.
Онҳо вориди толори хониши кӯдакон ва наврасон шуданд, бо шароити он аз наздик ошно гаштанд, бо чанде аз хонандагон, аъзои ин толори хониш ва масъулину роҳбарони он ҳамсуҳбат шуданд.
Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, толори хониши электронӣ, феҳристнигорӣ ва ғайраро низ тамошо карданд.
Аксари онҳо баъди тамошо ва ошноӣ бо шароти китобхона ба узвияти он пайвастанд.
Маврид ба ёдоварист, ки вақтҳои охир сафи хонандагони хурдсоли Китобхонаи миллӣ меафзояд. Ягона толори хониши кӯдакон ва наврасон, ки дар ошёнаи якуми бино ҷойгир аст, қариб ҳамеша пур аз хонанда мебошад.
Муяссара Қаюмова