Сайри олами китоб. “Абайи бузург” дар хазина Китобхонаи миллӣ

Абайи бузург“Абайи бузург”- китоби мазкур ба 175-солагии шоири бузурги қазоқ Абай Кунанбоев соли 2020 нашр , гардида, он ҳамчун туҳфа аз ҷониби Намояндагони “Маркази миллии дастхатҳо ва китобҳои нодир”-и Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Китобхонаи миллӣ туҳфа гардид.

Хазинаи Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорҳо нусха дастнависро гирдоварӣ ва дар шароити муайян нигаҳ медорад. Тавре ки огаҳем, китобхона ҳамчун организми зинда ҳамеша дар гардиш аст ва теъдоди ҳуҷҷатҳояш рӯз ба рӯз аз ҳисоби китобҳои тозаворид ва маҷаллаву рӯзномаҳои даврӣ ғанӣ мегардад.

Дар баробари истифодабарандагони китоб Китобхонаи миллӣ ҳамарӯза меҳмонон ва сайёҳони дохилу хориҷи кишварро низ истиқбол мегирад. Намояндагони “Маркази миллии дастхатҳо ва китобҳои нодир”-и Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон меҳмони Китобхонаи миллӣ гашта, бо манбаъҳои муҳими таърихӣ ва иттилоотии ин боргоҳ, ки ба таърихи Қазоқистон алоқаманданд, ошно шуданд. Мақсади “Маркази миллии дастхатҳо ва китобҳои нодир” пур кардани фонди ҳуҷҷатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо маводи таърихӣ, инчунин ҳифз ва барқарорсозии онон мебошад. Зимни ташрифи худ ин маркази бонуфузи Қазоқистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон чанд нусха китоб туҳфа намуд. Яке аз онҳо китоби А.У.Сужикова ва М.С.Кайрамбаева “Великий Абай”(ба забони русӣ) мебошад. Асар соли 2020 бахшида ба 175-умин солгарди шоири бузург, маорифпарвар Абай Кунанбоев нашр шудааст. Бояд гуфт, ки Абай Кунанбоев бо эчодиёти худ ганчинаи бебахои маданияти чахониро бой гардонидааст.

Абай  (Иброҳим) Кунанбоев (29 июли 1845 – 23 июни 1904) шоир, маорифпарвар ва файласуф, асосгузори адабиёти хаттии қазоқ ва забони адабии қазоқ буда, ҳаёт ва фаъолияти ӯ ҷузъи ҷудонашавандаи таърих ва фарҳанги Қазоқистон мебошад. Абай Кунанбаев ҳангоми таҳсил дар мадрасаи Имом Аҳмад Ризо, ҳамзамон дар мактаби русӣ низ таҳсил кардааст. Донандаи забонҳои арабӣ, форсӣ ва дигар забонҳои шарқ асарҳои классикони Шарқ — Фирдавсӣ, Саъдӣ, Хофиз, Низомӣ, Чомӣ ва Навоиро бо забони асл мутолиа мекард.

Абай барандаи хар чизи нав буд. Нақши ӯ дар ислоҳоти фарҳанги миллӣ низ назаррас аст: вай кӯшиш кардааст, ки арзишҳои мардуми қазоқро аз даст надода, кишварро ба фарҳанги аврупоӣ наздик созад. Дар асархои назмии худ адиб ба проблемахои ичтимоӣ, чамъиятӣ ва ахлоқии халқи қазоқ дахл намуда, қазоқҳоро ба масири «рохи хақиқии» тараккиётн мутамаддин даъват менамуд.

Китобе, ки аз тарафи “Маркази миллии дастхатҳо ва китобҳои нодир”-и Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Китобхонаи миллӣ тӯҳфа гардидааст, китоби хеле аҷиб аст. Он пур аз ҳаводис аз сарнавишти Абай буда, аз рӯзгору фаъолияти ин марди ҷасуру машҳур қисса мекунад. Зиндагии Абай барои мардуми қазоқ намунаи ватандориву ватандӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ ва якдиливу меҳнатдустӣ мебошад. Шеърҳо аз ашъори ин марди бузург дар ҷавонон меҳнатдӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ, рӯҳияи бародарӣ ва ватандӯстиро талқин мекунанд. Ба ақидаи муаллифон аксари андешаҳои Абай дар масъалаи тарбияи ахлоқии ҷавонон имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардаанд ва метавонанд дар тарбияи насли наврас замина гузоранд.

Ногуфта намонад, ки Қазоқистон ҳамчун нишони эҳтиром ба яке аз фарзандони барҷастаи халқ ҳамасола Рӯзи Абай-ро ҷашн мегиранд.

Абай Кунанбоев

Бояд қайд кард, ки китоб хонандаро ба сайри айёми бачагии шоир, манзараҳои дилфиреби кӯҳистон бурда, бо чанде аз намунаи эҷодиёти шоир, бо санъату маданият ва фарҳанги мардуми қазоқ ошно месозад.

Хоҳишмандон метавонанд, китобро аз Китобхонаи миллӣ  дарёфт ва мутолиа намоянд.

Муҳиддинова Махфират,
Бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа