Сайри олами китоб бо Мағфират Муҳиддинова. Шоҳасари Л.Н.Толстой “Анна Каренина”
Имрӯз ҳадафи мо сайре дар олами пуртазоди шаҳкори беназири адиби оламшумул Лев Николаевич Толстой “Анна Каренина” мебошад. «Анна Каренина» бидуни шак як шаҳкор дар адабиёти олам аст ва наметавонад ҳангоми мутолиа хонандаро бетараф гузорад. Зеро он офарида устоди барчастаи калом — Лев Николаевич Толстой аст. Роман бо амиқ ва дақиқ кашида шудани хати сужаву образи қаҳрамонҳояш касро ба ҳайрат меоварад. Манзараҳо хеле моҳирона тасвир ёфтаву ҳаёти ҳаррӯзаи даврро реалистона инъикос менамоянд. Бо ин ҳама, асар бо забони хеле содаву дилчасп эҷод гашта, ки мутолиааш роҳатафзост.
Дар як навиштаи кутоҳ наметавон кулли сужаҳоро ба ҳам оварду зери як хати муайян арзёбӣ кард, чун ин корро ҳатто худи Толстой накард ва сужаҳои зиёду саргузашту ҳодисаҳои бисёреро ба риштаи тасвир кашид ва қазоватро ба худи хонанда гузошт. Ин буд, ки баъдҳо ин суол дар зеҳни хонандаву мунаққид омад: Чаро Толстой Аннаро барои хиёнат лоиқи ҷазо донист? Ин гуна суолот хоҳу нохоҳ баъди хондани роман дар зеҳнҳо зиёд пайдо мешаванд ва моро то дергоҳ машғул медоранд. Гумонам бузургии асар ҳам дар ҳамин аст.
«Анна Каренина» асари хеле ҷолиб аст ва аз ин рӯ, ҳамчун нафаре, ки онро на як маротиба хондааст, тавсия медиҳам: “Анна Каренина”-и Л.Н.Толстойро ба пуррагӣ ва борҳо дар фурсатҳои муносиб бихонед. Дар ҳар синну сол бардошт аз асар, аз рафтору тасмими қаҳрамонҳои он гуногун аст. Бо мурури замону таҷрибаи рӯзгор ҳар бор рафтору андешаҳои қаҳрамонон жарфтар дарк мешаванд. Асар дорои хусусиятҳое мебошад, ки метавонанд таваҷҷӯҳи хонандаро ҷалб ва талаботи маънавиашро қонеъ гардонанд. Масалан, қиёси ду муҳаббат: шавқу ҳаваси харобиовари Анна ва Алексей Вронский ба муқобили хиссиёти воло ва ҷустуҷуҳои маънавии Константин Левин ва Китти Шербатская. Ё худ инъикоси тарзи ҳаёти чамъият дар солхои 1870-ум, ки нависанда ба ҷахон бо чашми қаҳрамонҳояш нигоҳ карда, ҳамаи дарду эҳсосоти онҳоро аз худ мегузаронад.
Пеши роҳи Аннаи девонавор ошиқи Вронскийро на маҳкумкуниҳои ҷамъият, на писараки ҳаштсолааш Серёжа ва на обрӯву эътибори шавҳараш Алексей Каренин гирифта наметавонад. Анна шавҳарашро, ки аз ӯ бузургсолтар буд, ҳеҷ гоҳ дӯст намедошт ва пас аз ошиқ шудан ба Вронскийи ҷавон аслан сабру таҳаммулро аз даст дода буд. То ҳатто бидуни талоқ гирифтан аз шавҳараш хонаашро тарк гуфт, ҷудоӣ аз фарзанди ба ҷон баробарашро таҳаммул кард. Ба хотири ишқу муҳаббат худро ангуштнамои мардум намуда, бо дӯстони ҷониаш ҳам тарки робита кард. Фикрҳои мағшушу якравии шавҳараш Каренин ва майл ба тарзи ҳаёти пештара кардани Вронский ӯро рӯз аз рӯз рӯҳафтода мекарданд…
Рӯзе Анна аксҳои писаракаш Серёжаро тамошо мекарду акси Вронский миёни аксҳо ба дасташ афтод. Ин дам ба худ иқрор шуд, ки аз пагоҳӣ боз ӯро ёд накардааст. Сели меҳру муҳаббат вуҷудашро фаро гирифт. Мехост дӯстдоштааш дар канораш бошаду аз сараш ҳама андешаҳои бадро дур созад. Бигӯяд, ки дӯсташ медорад. Аммо! Аммо ногаҳон андешае вуҷудашро чун раъду барқ сӯзонд: “Шояд Вронский ӯро дигар дӯст намедорад?” Пеши назараш ҳодисаҳои чанд рӯзи охир падид омаданд. Анна худро бовар мекунонд, ки чунин ҳам ҳаст ва агар ҳаст, пас, чаро Алексей ба ӯ рӯирост намегӯяд? “Ман бояд инро донам”- ба худ мегуфт вай… дар асл ҳам Аннаро чунин фикрҳо ҳамеша азият медоданд.
Албатта, Анна қаҳрамони ягонаи асар нест. Ин зани бениҳоят зебо ба мононди як ҳалқаи занҷир ҳаёти чанд оилаи дигарро бо ҳам мепайвандад. Ҳузури ӯ бо ин ё он шакл ба ҳаёти панҷ оила таъсир расонд. Новобаста аз он ки ӯ мехост ё на, рафтору кирдораш ба атрофиён ва наздиконаш бетаъсир намонд. Дар баробари нишон додани хомӯш шудани шӯълаи ҳаёти Анна, адиб аз рӯшноӣ дар ҳаёти қаҳрамонони дигаре низ сухан мекунад. Дар ҳаёти оилавии Кити ва Константин Левинҳо рӯз ба рӯз хушиҳо зиёд мешаванд. Онҳо соҳиби писарчаи дӯстрӯяке гашта, Костя ба қадри имкон ва тавоноияш дар андешаҳои фалсафии худ ба нуқтаи оромиш мерасад.
Ҳамин тариқ дар қиёс бо қисмати Анна Каренина мо мебинем, ки ҳар қаҳрамон худ ва хушбахтии худро меҷӯяд ва меёбад. Ҳарчанд Анна роҳи халосии худро наёфта, риштаи ҳаёти худро фоҷиабор бурид, Лев Николаевич Толстой ин фоҷиаро хамчун манзараи мукаммал бо обу ранги бадеӣ ба хонандааш нишон додааст, то хонандаи закии ӯ барои худ аз тақдири ҳар яке аз қаҳрамонони асар дарси ибрат гирифта тавонад…
Дар зимн, дар доираи як шиносоии маъмулӣ наметавон ҳамаи паҳлӯҳои асарро инъикос кард. “Анна Каренина” асарест серпаҳлӯ, ки аз хондани он як ҷаҳон маънӣ хоҳед бардошт.
Барои мутолиаи асари гаронбаҳои Л.Н.Толстой “Анна Каренина” дур наравед. Кофист, ки ин ҷоро пахш кунед:
Махфират Муҳидинова
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.