Сайри олами китоб бо Махфират Муҳиддинова. Шоҳкори Пауло Коэло “Кимиёгар”
Асари Пауло Коэло «Кимиёгар» аз серхонандатарин китобҳо ба шумор меравад. Қаҳрамони асосии он чӯпонбача – Сантяго буда, тарҷумон Усмоналӣ Латифӣ ӯро ҳамеша Писарбача ном мебарад. Тарҷумон кӯшиш кардааст, ки асарро бо забони содаву фаҳмои тоҷикӣ пешкаши хонандагон гардонад.
Ҳаёти қаҳрамони асар – Писарбача бисёр аҷоиб ва ғайриодӣ мебошад. Вай дар Андалусия зиндагӣ мекунад ва ҳаёти чӯпониаш барояш мақбул аст, вале … Писарбача батакрор хобе мебинад, ки ҳисси кунҷковиашро бедор мекунад ва ӯ мехоҳад таъбири хоби худро донад. Вай мутмаъин буд, ки ҳамон як хобро айнан ба як рангу як анҷом дидан нишонаест ғайриодӣ ва бояд таъбири хосе дошта бошад. Хоби дидааш ӯро барои ёфтани ганҷи пинҳон ба аҳромҳои Миср даъват мекард. Писарбача ҳамин тавр ҳам кард. Рамаи гӯсфандонашро фурӯхту роҳи сафар ба пирамидаҳоро пеш гирифт.
Писарбача давоми сафараш, ки достони шахсии худро пайравӣ мекард, ҳодисаҳои аҷибу мароқангезеро аз сар гузаронд. Тақдир ӯро бо инсонҳои гуногун ҳамкору ҳамсафар карда, ба воситаи дарки маънои нишонаҳо фаҳмидани Забони Оламро омӯхт. Писарбача ба мушкилиҳои дар сари роҳаш падидомада нигоҳ накарда, ба пеш мерафт. Аз ҳар нафаре, ки тӯли сафари хеш ошно мегашт, чи фурӯшандаи зарфҳои булӯрӣ, чи марди инглис ва чи Кимиёгару чи Фотимаи нозанин – барои худ дарсе мегирифт, ихтирое мекард. Вай мекӯшид ба ёрии сангҳои Урим ва Туммим, ки Мелчизодак – подшоҳи Салим барояш дода буд, рӯй наорад. Мекӯшид ба гуфтаҳои пирамард пайравӣ кардаву ба ҳадафи хеш расад….
Аҷибаш ин аст, ки Писарбача дар ҷустуҷӯи ганҷ ба аҳромҳои Миср сафар кард, ҳол он ки ганҷ чандон дур набуд. Ганҷ дар ҳамон маконе буд, ки Писарбача бо рамаи гӯсфандонаш ҳамеша аз он ҷой гузар мекард. Чуноне ки мегӯянд, “Об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем…”
Хонандагони азиз, мехоҳед бидонед, ки баҳри расидан ба мақсад ва расидан ба дидори дӯстдоштааш – Фотима Писарбача чи гуна аз мушкилиҳо наҳаросида, роҳи Достони шахсии худро сарбаландона убур кард? Пас, ин асарро аз Бойгонии китобҳои электронӣ дар Телеграмканали Китобхонаи миллӣ боргирӣ ва мутолиа намоед:
Он ин ҷост: КИМЁГАР
Махфират Муҳиддинова
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.