Сайри олами китоб бо “Оҳанги зиндагӣ” – и Паустовский
Яке аз ҳикояҳои бисёр ҳаяҷонбахши адиби рус Константин Георгиевич Паустовский «Корзина с еловыми шишками» мебошад, ки қиссаи вохӯрии тасодуфии оҳангсози бузург ва духтарчаи ҷангалбон аст. Ин вохӯрӣ дар хотири Дагни чунон нақш гузошт, ки ҳатто пас аз солҳои зиёд аз ёдаш зудуда нагашт.
Оҳангсози машҳур Эдвард Григ, ҳангоми сайругашт дар ҷангал духтаракеро вомехӯрад, ки дар даст сабади калони пур аз чалғӯзаҳои арча дошт. Дар чашмони сабзтоби духтарак – Дагни ҳамаи рангҳои ҷангали тирамоҳӣ медурахшиданд. Суҳбат бо Дагни ба оҳангсоз он қадар писанд омад, ки мехост ба ӯ ҳадяи хубе карда бошад, аммо тӯҳфаи муносибе барои кӯдак надошт. Он гоҳ Эдвард Григ ба Дагни ваъда дод, ки ба ӯ тӯҳфаи пурарзиштаре медиҳад, вале Дагни тӯҳфаро метавонад пас аз даҳ сол ба даст орад. Духтарак ончунон мутаассир шуд, ки ин вохурӣ то охири умр дар хотираш нақш баст.
Вақте Дагни 18 сола шуда бо аммааш ба консерт рафт, аввалин бор мусиқии симфониро шунид, ки ин ба вай таассуроти калон бахшид. Ӯ ногаҳон номи худро шунид. Барандаи концерт эълон кард, ки песаи мусиқии Эдвард Григ ба муносибати ҳаждаҳсолагии Дагни Педерсен – духтари чангалбон Хагеруп Педерсен бахшида шудааст.
Ин дам чунон мусиқии зебо ва таъсирбахш танинандоз гашт, ки аз ҳаяҷон дар чашмони Дагни ашк пайдо шуд. Ин мусиқӣ суруд дар бораи Ватани ӯ, ҷангали азизи ӯ буд…
Ҳамчуноне ки оҳангсоз тамоми маҳорати худро барои дар мусиқӣ иникос кардани хониши булбулон, садои мавҷҳои соҳил, насими форами авлонҷдиҳандаи баргу гиёҳҳо ба кор бурдааст, нависанда низ бо нозуктарин ва зеботарин ташбеҳҳо мутолиаи ҳикояро барои мо гуворо месозад.
Анҷоми қисса ин ҷост, марҳамат: Корзина с еловыми шиками
Махфират Муҳиддинова,
Бахши матбуот ва робита бо ҷомеа