Сайри олами китоб. “Достони нотамоми Масчоҳ”-и Абдулҳамид Самад

Ҳамаи жанрҳои адабӣ ба таври ба худ хос хубу шавқоваранд. Жанри романро ман аслан бештар аз ҳама меписандам, ба хусус романҳои ёддоштиву давраҳои ҷангӣ, яъне воқеӣ. Имрӯз дар Сайри олами китоб мехоҳам ба сайри на роману повест, балки ба сайри қисса шуморо даъват кунам. Дунёи рангини эссеи пур аз эҳсосоти гарму хотиравӣ, олами афсонавии як гӯшаи зебои кӯҳистони диёрамон – Кӯҳистони Масчоҳ.
Чанде пеш ҳини мутолиаи маҷаллаи бисёр шавқовару нотакрор – маҷаллаи “Адаб” порае аз эссеи “Достони нотамоми Масчоҳ”-и адиби маҳбуби тоҷик Абдулҳамид Самадро хондаму ҳисси кунҷковиам боло гирифт. Ростӣ, аввалин асаре, ки аз Абдулҳамид Самад хондаам “Паррончакҳо” дар давраи донишҷӯиям буд. Ҳанӯз ҳамон даврон мафтуни сабки нигориши нависанда гашта будам. Аз ин рӯ, хондани ин асарро дар пеши худ мақсад гузоштам. Ва инак ин эссеи адиби маъруф, рӯзноманигор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1982), Нависандаи халқии Тоҷикистон (1999), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1990) Абдулҳамид Самад мавриди сайру саёҳати мост.
“Достони нотамоми Масчоҳ” аз таҷлили бошукуҳи ҷашни 20 -солагии Истиқлоли Тоҷикистон оғоз меёбад, ки гумон мекунам ин фоли нек аст, зеро мо низ дар остонаи таҷлили 35 солагии Истиқлоли давлатии Ватани азизамон – Тоҷикистони озоду обод ва дунявӣ қарор дорем. Ин қисса низ як навъ таърихи навсозиву ободӣ ва созандагиҳо даврони истиқлолро бозгӯ аст. Тасвири зиндагии хушу хуррами 15-сол қабли Тоҷикистон – диёри офтобии тоҷикон басо рангину хурсандиовар аст. Тасаввури шукуҳу зебоӣ ва ободии имрузи кишвари азизамон, албатта, ба маротиб зиёд аст.
Муаллиф бо нигоҳи мушоҳидакорона ва забони бадеии хос ба манзараҳои нотакрори кӯҳистон, рӯзгори мардум, урфу одат, меҳмоннавозӣ, дӯстиву ҳамдилӣ ва чеҳраҳои ҷолиби сокинони Масчоҳ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Дар рафти сафар хотираҳо, суҳбатҳо ва андешаҳои ҳамсафарон бо тасвири табиат ва зиндагии мардум омезиш ёфта, фазои хоси кӯҳистонро ба хонанда пешкаш мекунанд.
Дар маркази эссе сафар ба диёри зебоманзари кӯҳистони Масчоҳ ва таассуроту мушоҳидаҳои муаллиф аз ин гӯшаи дурдасти Тоҷикистон қарор дорад. Нависанда бо нигоҳи ва сабки хоси худ манзараҳои табиат, кӯҳҳои сарбафалаккашида, деҳаву маҳалҳо, рӯзгори мардум ва фазои хоси зиндагии кӯҳистониёнро тасвир менамояд. Дар баробари тасвири табиат ва муҳити ҷуғрофӣ, таваҷҷуҳи асосии муаллиф ба инсон ва ҷаҳони маънавии ӯ равона шудааст. Ҳузури чеҳраҳои маъруфи адабӣ ва фарҳангӣ дар Достони нотамоми Масчоҳ асарро боз ҳам ҷолибтар месозад, зеро нависанда аз ҳамсафарон, дӯстону аҳли адаб ва шахсиятҳое ёд мекунад, ки ба қисса ҳусни тозаи бадеӣ мебахшанд.
Қаҳрамонони асосии асар ба ҷуз худи нависанда – Абдулҳамид Самад боз 3 нафари дигаранд. Яке Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, дигаре Саидилҳом Аҳмадзода -доктори фурӯтану камгап ҳам бошад, нармгуфтор ва сеюмӣ Раҷабмаҳмади ярмӣ.
Тасвири кӯҳҳои сар ба фалак афрохтаи Зарафшон, ҳусни ҷавону бовиқори куҳистони Масчоҳ – ағбаи Оббурдон кабутари тахайюли хонандаро ба ин диёри зебоманзар кӯч медиҳад. Муҳимтар аз ҳама суҳбати ҳамсафарон ва мизбони Масчоҳи шариф Раҷабмаҳмад аст. Ҳар сари чанд лаҳза хотироте басо мароқангез хати сужаи асарро чу хуршеди оламтоб гарму рангин месозад, беихтиёр майли саёҳат ба гӯшаҳои дуру наздики Ватан қалбро ба ҷӯш меоварад. Тоҷикистони азиз бисёр мавзеъҳои тамошобобу таърихӣ дорад, ки бо соҳибистиқлол гаштан рӯз ба рӯз мардум бо ин мавзеъҳо хубтар ошно мешаванд, зеро сиёсати Роҳбару Ҳукумати Тоҷикистон ба ободониву эҳёгардонии ҳар ваҷаби хоки Тоҷикистони биҳиштосо, сунатҳои миллии халқи куҳанбунёди тоҷик равона гаштааст. Агар ағбаҳои Анзобу Шаҳристон ва Хобробот дар як самт ҷойгир бошанд, аз ағбаи Оббурдон наметавон сарираҳӣ дидан кард. Роҳи ин ағба аз раҳравҳои нишебу фарози пурпечутоб ба дили кӯҳистон мебарад,. Тасвири табиати зебоманзари ин гӯшаи дурдасти кишвар хонандаро мафтун мекунад. Аз банди роҳҳои пурпечутоби ҳар сари қадам хатарбор канда шудан муҳол аст. Бахусус ҳине, ки қаҳрамонон – меҳмонон аз пойтахт ва мизбони куҳистонӣ дар канори рӯди кӯҳӣ доир ба осори “шоири дар хуштабъӣ камназири мардумӣ Юсуф Вафо” ба суҳбат пардохтанд.
“Ва суҳбати гарме аз шахсияту соҳибтабъ будани шоири мардумӣ – Юсуфи Масчоҳӣ.
Аз ағба фурумадаму нолиш кардам,
Сангои дари хоната болиш кардам, – бо ваҷд ин сатрҳоро ба забон меорад Гулназар ва меафзояд:
– Билло, ки барои ба як шоир ҳайкал гузоштан ҳамин ду мисраъ бас аст:
Аз ағба фурумадам ба рӯйи гулу хас,
Як бӯсаи додагит ҳафт пуштама бас.
– Инаш ба муроди дили шумост, – мегӯям ба Гулназар. – Вақтҳои охир Шумо чунон шоири бӯсасаро шудаед, ки беҳисоб. Муҳаққиқони осоратон дар оянда бешубҳа ба Шумо унвони шоири бӯсаҳо медиҳанд.
– Ёфтед, – мегӯяд Гулназар қоҳ-қоҳзанон ва меафзояд. –Билло, ки мурдаро зинда мекунад бӯса…”
Асар саропо бо чунин суҳбатҳову қиссаҳои ёддоштӣ нигошта шудааст ва мутолиааш хеле равону хуш аст. Суҳбати дигаре, ки қаҳрамонони қисса аз он ёд мекунанд, ёде аз Холмаҳмад Сангинов роҳбари вақти иттиҳодияи гусфандпарварии Масчоҳ, номзади илми иқтисод, ки соли 1984 дар синни 50-солагӣ дунёро падруд гуфт.
Гиромидошти ёди шоири маҳбуб, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ – Лоиқ Шералӣ ва раҳ ба раҳ бо шавқ нақл кардани Раҷабмаҳмад, ки “чӣ хел бо Лоиқи зиндаёд шабро дар Пастиғав ба ёди Юсуф Вафо ва ёфтани турбати ӯ ба рӯз расонданд. «Айб, балки гуноҳ мешавад, ки мо дар Пастиғав оромгоҳи Юсуф Вафоро зиёрат накарда гузарем», – гуфтааст Лоиқ.”
Чунин суҳбату ёддоштҳои ширину завқовар зиёданд, зеро нависанда дар тасвири Масчоҳ танҳо ба зебоии кӯҳсорон маҳдуд намешавад, ӯ дар ҷараёни сафари хеш бо одамони гуногун суҳбат мекунад, хотираҳо ва андешаҳои онҳоро мешунавад ва аз зиндагӣ, расму ойин, меҳмоннавозӣ, муносибатҳои инсонӣ ва хусусиятҳои хоси мардуми ин диёр қисса менамояд. Ба ин васила адиб ба таърих, фарҳанг, урфу одат, забон, тарзи зиндагӣ ва ҳувияти мардуми кӯҳистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳаёти иҷтимоиву маънавии мардумро пеши назари хонанда зинда ҷилвагар месозад.
Дар саҳифаҳои асар муҳаббати қаҳрамононаш ба сарзамини аҷдодӣ, эҳтиром ба инсон ва қадршиносӣ аз арзишҳои миллӣ равшан эҳсос мешавад. Ҳар як тасвиру суҳбат метавонад хонандаро ба шинохти бештари табиат, таърих ва фарҳанги минтақаҳои гуногуни кӯҳистонии Тоҷикистон ҳидоят намуда, ҳисси муҳаббат ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва инсониро дар ӯ тақвият бахшад.
Ростӣ, аз мутолиаи “Достони нотамоми Масчоҳ” барои худ, дар фаҳмиши ҷуғрофии худ як гӯшаи бисёр рангин, сарсабзу ба душвориҳои дурдаст буданаш нигоҳ накарда, як мавзеи хушбоду ҳаво ва диёре, ки фарзандони фарзонаро парвардааст, бо ҳазорҳо рангу рӯ ва бӯ кушодам. “Достони нотамоми Масчоҳ” бо самимият, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва муҳаббат ба инсон ва табиат навишта шуда, бозгӯи ҳувият ва арзишҳои маънавии мардуми кӯҳистон мебошад.
Хонандагони азиз, ”Достони нотамоми Масчоҳ”-и Абдулҳамид Самад ва дигар қиссаву ҳикояҳои ҷолибу хонданӣ дар маҷмӯаи “Ёр дар бари ёр” шуморо интизоранд.
Марҳабо ба Китобхонаи миллӣ!
Махфират МУҲИДДИНОВА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа