Сайри олами китоб. Дӯстие, ки аз боду борон, тиру туфанг ва аз қаҳру ғазаб тарсе надорад…
Дар таърихи инсоният ҷангҳои зиёде рух додаанд. Ҷанг ҳамеша харобӣ меоварад, шаҳрҳоро валангор, хонаҳоро сарнагун месозад. Бадтар аз ҳама, ҷони садҳо, ҳазорҳо ва миллионҳо нафар инсонҳоро мерабояд. Занонро аз шавҳар ва модаронро аз фарзанд маҳрум, кӯдаконро ятиму бепарастор ва бехонумон месозад. Ҷанге, ки дар таърих беназир асту ба ҷони миллионҳо нафар чангол задааст, ҷанги солҳои 1939-1945-уми асри гузашта – Ҷанги дуюми ҷаҳон мебошад.
Ин ҷанг аз рӯи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ дар ҳудуди даҳҳо давлати ҷаҳон вусъат ёфтааст. Дар ин миён барои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ ҷанги солҳои 1941-1945 Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд, ки бар зидди таҷовузи Олмони Фашистӣ нигаронида шуда, халқҳои мухталифи ҷаҳон баҳри дифои Ватан бар зидди истилогарони фашистӣ бархостанд.
Дар қатори асарҳое, ки аз ҳодисаҳои мудҳишу даҳшатбори ин ҷанги хонумонсӯз ҳикоят мекунанд, “Мальчик в полосатой пижаме” (“Писаре бо пишоми роҳ-роҳ”) ном асаре вуҷуд дорад. Имрӯз мехоҳам мутолиаи маҳз ана ҳамин романро ба шумоён, хонандагон ва дӯстдорони китоб, тавсия намоям. Асар бо зиёда аз 50 забон нашр шуда, муаллифи он адиби ирландӣ Джон Бойн мебошад.
“Мальчик в полосатой пижаме” дар бораи ду писарбачаест, ки ҳарду паси тарафҳои муқобили симхор зиндагӣ мекунанд, вале ба мамониятҳо нигоҳ накарда бо ҳам дӯст гаштанд. Дӯстии онҳо дӯстиест, ки аз боду борон, тиру тӯфанг ва аз қаҳру ғазаб тарсе надорад. Қаҳрамони асосии асар Бруно ном дошта, бо аҳли оилааш дар Берлин, дар хонаи зебои панҷошёна умр ба сар мебарад. Падараш, ки афсари немис буд, ба кор ба як мавзеи дурдаст фиристода мешавад ва ӯ аҳли оилаашро бо худ ба он ҷо мебарад.
Ин писараки хеле кунҷков – Бруно дар атроф чӣ ҳодисаҳо рӯй доданашро начандон хуб мефаҳмад. Ӯ ҳамагӣ нӯҳ сол дорад ва дар дил орзуи муҳаққиқ шудану сафар карданро мепарварад. Хондани китобҳои саргузаштӣ барояш гуворост. Ӯ кӯчак аст, вале ҷаҳони бузурги орзуҳо дорад. Ӯ кӯчак аст, вале қалби саршор аз самимияту садоқат дорад. Ӯ кӯчак асту ҷаҳонро бо чашми дил кашф мекунад.
Рӯзе бо умеди кашф кардани замини наве (ба монанди кашфи Амрико) ба самти замину хонаҳои симхорпеч раҳсипор мешавад. Бруно ин хонаҳову одамони либосҳои рахдор ба бар кардаро аз тирезаи хонаи хоби худ ҳар рӯз назора мекарду садҳо суол мағзашро ноором мекард, ки оё кӯдакони он замини симхорпечшуда чӣ гуна бозиҳо мекунанд? Онҳо кистанд? Чаро ҳамеша бо сари хам мегарданд? Чаро ба ӯ, ба Бруно иҷозаи бо он кӯдакон бозӣ кардан нест? Ва аз ҳама аҷибаш ин ки чаро ҳамаи онҳо ҳамеша бо либоси якхелаи роҳдор мегарданд?
Брунои хурдакак худро сайёҳи тадқиқотчӣ пиндошта, қад-қади симхори гирдогирди замини нопайдоканор кашидашуда роҳ паймуд ва айнан дар ҳамон ҳоле, ки ноумедӣ ӯро фаро мегирифт, писаракеро дид, ки бо сари хам чашм аз замин наканда нишастааст. Ба наздаш рафт, шинос шуданд ва аз ин сафараш хеле қаноатманд ба хона баргашт.
Бруно барои худ дӯсти нав пайдо кард! Ӯ, ки барои дӯстони дар Берлин мондааш – Мартин, Дэвид ва Карл бисёр дилтанг шуда буд, аз пайдо кардани дӯсти нав шод гашт. Дӯсташ Шмуэл ном дошт. Хеле лоғар ва чашмонаш ба дарун нишаставу ҳамеша ғамгин ба назар мерасид. Ҳамин тавр, Бруно мунтазам ба он ҷой мерафту соате бо Шмуэл суҳбаткунон менишаст. Сипас то вақти хӯроки шом ба хона омада мерасид, зеро намехост касе аз ин навгонии ҳаёташ огаҳ гардад…
Пас аз як сол пеш аз баргаштани Бруно бо ҳамроҳии модараш ва хоҳараш Гретел ба Берлин фоҷиаи мудҳише рух дод. Буно барои хайрухуш бо дӯсташ рафту аз гум шудани падари Шмуэл огаҳ шуда, қавл дод, ки дар ҷустуҷӯи падараш ба ӯ кӯмак мекунад…
Он даҳшате, ки фашистон дар конслагерҳо эҷод мекарданд ба сари худи Ралф – падари Бруно омад…
Қиссаи саргузашти Бруно хеле дардноку дар баробари ин мароқангез аст. Аз саҳифаҳои аввал ҳодисаҳои асар моро ҳамчу оҳанрабо ба худ мекашанд. Бо сухан ифода кардани эҳсосоте, ки бо мутолиаи ин китоб хонандаро фаро мегирад, осон нест. Ин ҳисро бояд таҷриба кард. Асарро бояд хонд, то ҳодисаҳои аз сар гузаронидаи Брунои ҳассосу кунҷковро бо чашмони худи Бруно дид… То дарди аз даст додани фарзанд, дуруст ҳамон дарде, ки миллионҳо нафарро фашистон мубтало сохтанд, Ралфро ба чӣ ҳол овард…
Қайд кардан бамаврид аст, ки забони асар хеле равону содда буда, манзараҳои қисса аз ҷумлаҳои аввали роман пеши назар чун кадрҳои филм ҷилвагар мешаванд. Ҷумла паси ҷумла, саҳифа паси саҳифа мутолиа мешаваду поёни роман ноаён фаро мерасад.
Хонандагони азиз, асарро аз Бойгонии китобҳои электронӣ дар ТЕЛЕГРАМКАНАЛИ мо метавонед дарёфт ва мутолиа кунед. Итминон дорам, пушаймон намешавед.
ИН АСАР ИН ҶОСТ: “МАЛЬЧИК В ПОЛОСАТОЙ ПИЖАМЕ”
Махфират МУҲИДИНОВА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа