Сайри олами китоб. Константин Паустовский: “Телеграмма”

Константин ПаустовскийЯке аз беҳтарин нависандагони адабиёти рус, тарҷумон, рӯзноманигор ва хабарнигори ҳарбӣ Константин Георгиевич Паустовский (31.05.1892-14.07.1968) ҳикояе дорад бо номи “Телеграмма”.

Ин ҳикоя бисёр пурмазмун буда,  дар худ беҳтарин рисолати инсониро таҷассум кардааст. Эҳтиром ва пос доштани хотири волидайн ғояи асосии  ин асар мебошад. Ҳарчанд ҳикоя хеле хурдакак аст, вале дар худ як ҷаҳон маънӣ ва ҷанбаҳои тарбиявиро ҷой додааст.

Ман аминам, ки пас аз мутолиаи ин ҳикоя шумо на нависанда ва на ин асари хурдакакро бо унвони “Телеграмма” фаромӯш нахоҳед кард, зеро он бениҳоят самимиву таъсирбахш аст. Виҷдони қаҳрамони асар Настя замоне бедор шуд, ки кор аз кор гузашта буд. Ғӯтавар дар такопӯи зиндагӣ, дунболи муваффақиятҳову худшиносӣ Настя оромии рӯҳии худро  гум карда, эҳсоси пушаймонии ӯ тачассуми адабии эҳсоси азоби виҷдон гардидааст.

Ин асари баландмазмунро, хонандагони азиз, метавонанд ин ҷо боргирӣ намоянд:

ПАУСТОВСКИЙ

Дар зимн, маҳз бо шарофати “Телеграмма” Константин Георгиевич Паустовский аз зумраи адибони дӯстдоштаи Морлен Дитрих  (олм. Marlene Dietrichбозгари олмониву амрикоӣ буд. Ба унвони нахустин ҳунарпешаи зани олмонӣ муваффақ дар Ҳоливуд шудааст. Солҳои 1901-1992 зистааст) гаштааст.

Махфират Муҳиддинова
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа