Сайри олами китоб: Олами ботинии пурзиддияти инсон дар “Ҷиноят ва ҷазо”-и Ф.М.Достоевский
Инсоне нест, ки дар ҳаёт гуноҳ накарда бошад. Ҳама гуноҳ мекунанд, лоақал боре. Яке дар ҳолати яъсу ноумедӣ, дигаре дар ҳолати қаҳру ғазаб, сеюмӣ дар ҳоли парешонӣ, баъдӣ ҳини ноумедӣ, ё шояд дар ҳоли саросемагиву изтироб, аз беандешагӣ ё баҳри қасд ситондан ва боз бисёр ҳолатҳои дигару дигар. Қаҳрамони асари имрӯзае, ки мо хондани онро ба шумо тавсия доданӣ ҳастем, Радион Расколников аз “Ҷиноят ва ҷазо”-и Федор Михайлович Достоевский мебошад. Қаҳрамони асосии он – Родион ҷинояташро дидаву дониста, бо нақшаи муайян, ҷиддиву мақсаднок тарҳрезӣ намудааст.
Родион Расколников дар вазъияти хеле бад, мумкин аст гуфт, ки дар ҳоли қашшоқӣ қарор дорад. Ӯ давоми ду рӯз кариб чизе нахурдааст ва аз сохибхонааш маблағи зиёди иҷора карздор аст. Ҷавон ба ҷуз муроҷиат ба ҷаллоб барои дарёфти маблағи ночизе бар ивази баъзе аз чизҳояш роҳи дигаре надошт. Аз ноинсофии судхӯрзани кӯҳансол Алёна Ивановна дар сари ҷавон як фиркре, ба қавли худаш “масъалаи асроромезе” пухта расид. Ӯ ин ниятро дер боз дар майнааш тарҳ рехтаву ҳар як қадамашро пешопеш дида баромада буд. Соати танҳоии пиразан, беодамии кӯчаҳо ва бе далелу бе шоҳид амалро ба ҷой оварданаш…Муддатҳо лозим шуд, ки ин ҳамаро тарҳрезӣ намояд…
Аслан Родион ҷавони зебои чашмсиёҳу малламӯй ва хушқаду қомат буда, лоғарандому қомати начандон баланд дошт. Ӯдонишҷӯй буд, вале аз сабаби нодорӣ ва қарздор шуданаш тарки таҳсил намуд. Ин ҳолати басо ногувор ӯро ба танг оварда буд. Дар ана ҳамин шабу рӯзи тангдастиву гуруснагӣ Родион нақшаи куштани Алёна Ивановнаро тарҳрезӣ намуд.
“Масъалаи асроромез”-ашро бомуваффақият ҳал намуд, вале ҷинояти кардааш ӯро азоби виҷдон медод. Родя чун беморони рӯҳӣ ҳамеша дар худ фурӯ рафтаву чизе намехӯрду намегуфт. Ҳамеша танҳо будану хобидан мехост. Кӯшишҳои дӯст ва ҳамсабақаш Дмитрий Разумихин асаре надоштанд….
Родя аз модараш Пулхерия Александровна мактубе гирифт. Дар қатори хабарҳои наву охир модараш ба ӯ хабар медод, ки Петр Петрович Лужини чилупанҷсола ва начандон доро хоҳараш Дуняро хостгорӣ кардааст. Модар менависад, ки ӯ ва хоҳараш Дуня ба зудӣ ба Санкт-Петербург меоянд, зеро Лужин мехоҳад, ки ҳарчи зудтар тӯйро барпо кунад. Ҳамаи ин хабарҳо пеши роҳи Родионро аз содир кардани ҷиноят намегиранд. Ӯ якмаром дар фикри ин буд: оё вай ба коре, ки ӯро аз одамони «одй» болотар мегардонад, кодир аст ё не…
Пас аз содир кардани ҷиноят, Родион бисёр азият мекашад. Азоби руҳиву азоби виҷдон ӯро ҳамеша таъқиб мекард. Вай кӯшиш мекард аломатҳои ҷинояти кардаи хешро пӯшонад, то дастгираш накунанд. Кор ба ҳадде расид, ки атрофиён Родионро девона мешумориданд. Разумихин – дӯсти донишгоҳиаш мекӯшид ба ӯ мадад кунад. Ҳаматарафа аз ӯ муроқибат мекард. Ҳамеша канораш буд. Рӯзҳои вазнини ҳазёнгӯиву дар обу арақ бо ҳарорати тасфони бадан буданаш барояш духтур овардаву меҳрубониҳо мекард. Аммо Родионро ҳамаи ин амалҳои дӯстона хашмгин мекарданд. Мехост ҳамеша танҳо бошад. Аз муҷозот гурехтан мехосту аз кори кардааш пушаймон набуд. Аҷибаш ин буд, ки вақте нияти куштори пиразани судхӯрро дошт, мехост бо истифода аз пул ва моли дуздидааш ҳаёти худро рӯ ба роҳ монад, таҳсилро дар донишгоҳ идома дода, соҳиби кору вазифа гардад. Чун ҷинояти тарҳрехтаашро бе каму кост иҷро кард, тиллову танга ва пулҳои дуздидаашро аз худ дур намуд. Аз ин сарват истифода накард. Онҳоро зери як санги калон дар саҳни ҳавлии вайронаи канори шаҳр ҷой кард. Фикри аз онҳо истифода карданро надошт..
Оқибат, ба ин ҳама шиканҷаи виҷдон тоқат наоварда, ба гуноҳаш иқрор шуд…. Ба 8 соли бадарға ба Сибир маҳкум гашт… Аз оғози сафари Сибир Соня Мармеладова ҳамеша ба дунболаш буд. Кумакаш мекард. Аз ҳолаш хабар мегирифт. Дӯсти ҷониву дӯстдораш буд… Пас аз 9 моҳи корҳои маҷбурӣ дар Сибир дар қалб ва руҳияи Родион Расколников нуқтаи гузариш пайдо шуд. Родион вориди роҳи покшавии маънавӣ гашт. Тули ин ҳама муддат Соняи меҳрубон ҳамарӯза дар фикру мадади Родион буд.
«Ҷиноят ва ҷазо»-и Достоевский романи мураккабу хеле ҷолиб буда, хонандаро ба дунёи маънавии худ ғарқ мекунад. Ҳини мутолиаи асар хонанда дар маркази сюжети қариб, ки детективӣ ва айни ҳол гирдоби шадиди иҷтимоӣ қарор мегирад. Хонанда дар баробари қаҳрамони асар кӯчаву тангкучаҳои эҳсосоти фикриву қалбиро убур мекунад. Сари зиндагиву арзишҳои дар ҳаёт доштааш фикр мекунад… Хулоса, дар роман тамоми олами ботинии пурзиддияти инсон инъикос ёфтааст. Муҳимаш он аст, ки Достоевский ҳам дар одамони одии бадбахт шарораи илоҳиро медид ва ҳам дар ҷинояткорон зебоии ботиниро кайд мекард. Ин аст, ки Достоевский нависандаи гуманист маҳсуб мешавад, зеро ӯ тавонистааст ба умқи бадӣ ва зиштӣ фурӯ рафта, дар он ҷо низ ба эҳё умед пайдо кунад.
Дар зимн, романи Фёдор Михайлович Достоевский “Ҷиноят ва ҷазо” соли 1866 навишта шуда, идеяи асар дар нависанда хануз соли 1859, ҳангоми дар бадарға буданаш пайдо шуда буд. Дар ибтидо Достоевский ният дошт романашро ҳамчун рози дил ё худ иқрори софдилонаи гуноҳ офарад, аммо дар рафти эҷоди он мақсад тадриҷан тағйир ёфт. “Ҷиноят ва ҷазо” романи иҷтимоӣ-психологӣ ва иҷтимоӣ-фалсафӣ буда, бори аввал дар маҷаллаи “Русский вестник”, ба табъ расидааст, ки муаллиф онро ба муҳаррири маҷалла хамчун як гузориши психологии чиноятӣ тавсиф кардааст.
Шумо ҳам ин романро бихонед ва пушаймон нахоҳед шуд.
Махфират Муҳиддинова
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа