Сайри олами китоб. “Саёҳате, ки интизораш набудам”

Азизи АзизАзизи Азиз нависандаи ширинбаёни кӯдакон, адиби хеле сермаҳсул буда, барои бачагону наврасон ҳикояҳои бисёр шавқовар меофарад. Ин навбат Райҳонгул – қаҳрамони  “Саёҳате, ки интизораш набудам” моро ба дунёи рангини сайру саёҳат мебарад. Қисса аз забони худи қаҳрамони асар гуфта мешавад ва Райҳонгул духтараки дидадарову закӣ аз он ки сафараш на ба хонаи бибиаш ба деҳаи Гулафшон, балки ба Конибодом самт гирифт, як дараҷа хурсанд ҳам шуд.

Аз лаҳзаҳои аввали савори қатора шуданаш, Райҳонгул орзу кард, ки “сафараш басо тулонӣ гардад, ончунон ки шабҳову рӯзҳо аз тамошои  деҳаҳову манзараҳои шафати роҳ чашм наканда,  дар қатора нишинаду оламро тамошокунон раваду равад” ва баъди чанд шабонарӯз ба Гулафшон расида фарояд. Ҳамин тавр ҳам шуд!

Аммо баъд чи ҳодисаҳо рӯй дод ва қаҳрамони мо то ба Конибодом расидан аз паси шишаи қатора сайри кадом мавзеъҳоро кард, мо метавонем аз хондани бевоситаи ин қисса огаҳ шавем. Қисса хеле ҷолибу мароқангез аст.

Барои ҷустуҷӯи “Саёҳате, ки интизораш набудам”- и Азизи Азиз заҳмате лозим нест, зеро онро метавон аз Бойгонии китобҳои электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастрас кард.

Ҳозир ва дар ҳамин ҷо: САЁҲАТЕ, КИ ИНТИЗОРАШ НАБУДАМ

Махфират Муҳиддинова
бахши матбуот
ва
робита бо ҷомеа.