Сайри олами китоб. “Тобистон” варақгардони хотироти бачагӣ
Инак, боз дар “Сайри олами китоб” қарор дорем. Имрӯз мехоҳам китоберо бароятон тавсия диҳам, ки сафҳаҳои хотироти хонандаро бо як эҳсоси гарму рангин варақгардон мекунад. Асарҳои шавқовару пурмазмун зиёданд ва баъзе аз онҳо ба мо чунон писанд меафтанд, ки мехоҳем онро гаштаву баргашта бихонем. Хоҳ саҳнаҳои алоҳида бошаду хоҳ тамоми асар.
Яке аз чунин асарҳо, ки моро ба гузаштаи дур, ба дунёи бачагӣ мебарад, повести нависандаи хушкору бомаҳорат Пӯлод Толис “Тобистон” мебошад. Дар китобе, ки повести “Тобистон” оварда шудааст, чанд ёддошт ва ҳикояи дигаре низ ҷамъоварӣ гаштаанд. Аз асарҳои ёддоштӣ, ки хушам меояд, саранҷом ба сафҳаҳои пурасрори қисмати “Хотираҳо дар бораи Айнӣ” назар афкандам. Ошноӣ бо ин хотирот ҳисси кунҷковии маро ҳарчи бештар бедор мекард. Ин буд, ки саҳифа паси саҳифа ҳикоёти ёддоштӣ ба итмом расид. Бо ҳамин суръат чанд ҳикояи дигар аз қабили “Лолачинӣ”, “Мурчаяк” ва “Духтар”-ро низ мутолиа намудам. Ҳикояҳо чунон содаву равон ва бо забони ширину дилпазир гуфта шудаанд, ки соатҳо гӯё дақиқаҳо сипарӣ мешуданд.
“Тобистон”-и Пӯлод Толис дар қатори асарҳои Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил ва Фазлиддин Муҳаммадиев мондагор аст. Ҳарчанд Пӯлод Толис умри начандон зиёд дидааст (1929-1961), вале тавонистааст асарҳое офарад, ки дар қатори нависандагони маъруфу маҳбуб дар хотирҳо нақш гузорад. Аз ин рӯ хостам ин повесту ҳикояҳои хеле-хеле шавқоварро шумо низ хонандагону дӯстдорони китоб мутолиа карда бошед, зеро “Тобистон” дар ганҷинаи адабиёти бачагонаи мо ҳамчун беҳтарин асар эътироф гаштааст. Новобаста аз он, ки асар бачагона арзёбӣ шудааст, чи барои хонандаи наврас ва чи хонандаи бузург писанд меафтад. Он моро ба дунёи рангину пурошуби бачагӣ мебарад.
Қисса аз забони худи қаҳрамони асар – Ҳасан баён мешавад ва маҳз аз номи ҷонишини якум хондани асар хонандаро беихтиёр вориди хотироти дерину ширини бачагӣ менамояд.
Аз қиссаи азми ба фронт рафтани қаҳрамони асосии асар – Ҳасан, дастгир шуданаш аз тарафи корманди милитсия ва ба Чорчинор баргардонданаш сар карда, то ба қиссаи дар Зарчашма бо раҳнамоии тағояш Абдулатиф “кори савдо”-ро омӯхтанаш, дӯстиаш бо Қосимҷон, саёҳати хотирмону нохушояндаш ба шахтаи кони ангишт, аз дӯсташ Карим, ки дар газетахона ёрдамчии ҳуруфчин шуда кор мекарду оқибат савдогарии Ҳасан онҳоро аз ҳам дур кард, – ҳамаи ин воқеаҳо бисёр зебо пешниҳод гаштаанд.
Зимнан, Пӯлод Толис дар тасвири олами ботинии насли ҷавон, офаридани образу характери хурдсолон ва бозгӯй намудани рози ниҳони кӯдакон пешдаст аст. Дар ҳикояи “Лолачинӣ” қиссаи ба лолачинӣ рафтани қаҳрамонони асосии ҳикоя Ҳошим ва Юсуф басо рангин оварда шудааст. Ин саёҳати хотирмони бачагон ба кӯҳи Муғул аз забони Ҳошим қисса карда мешавад ва хонанда беихтиёр худро дар домани сабзпӯши кӯҳи Муғул эҳсос мекунад.
“Кӯҳи Муғул на пирях дорад ва на шаршараҳои пурғулғула, на бешазор дорад ва на сайди дурусте. Аммо баҳорон, ки ҳама ҷоро сабза пӯшида, ҳазор ранг гул мешукуфад, кӯҳ хеле серодам мешавад. Аксари «сайёҳон» аз бачагони шаҳр иборат мешавад, ки онҳо аввал барои бойчечак, баъд аз чанд рӯз барои лолаи сурх ва сонӣ барои ревоҷ (чукурӣ) кӯҳбароӣ мекунанд.”
Ё худ дар ҷои дигар чунин омадааст: “Дашт то рафт сералаф шуда, қади майсаҳо баланд мегашт. Лолақазоқ хирман-хирман гул карда буд. Ба димоғамон бӯи хуши гули шибоғ ва боз ким-чӣ гуна гулҳои дигар мерасид. Аз зери поямон гоҳ малахе ба ҳаво мепарид, гоҳ калтакалосе, ки пӯсти баданаш ҳамранги санг буд, ширрос зада мегурехт.
– Ӯҳ! – беихтиёр нидо кард баногоҳ Юсуф. – Ина бин-а, Ҳошим…”
Ин ҷо тасвири манзараи кӯҳсор бо ҳама зебоиҳояш ва кулминатсияи ҳаяҷонангезу пурҷӯшу хурӯши ҳикоя хонандаро тасхир мекунад. Ин аст, ки шавқи то ба охир хондани ҳикоя парвози хаёли моро боз ҳам рангинтару баланд месозад. Хоҳиши донистани тақдири ин саёҳати пурошӯб тахайюли хонандаро батамом тасарруф менамояд.
Повест ва ҳикояҳои Пӯлод Толис, ки дар китоби “Тобистон” омадаанд ҳама тақдири ин ё он қаҳрамони асарро ба мо қисса мекунанд ва ин қиссаҳо яке аз дигаре ҷолибтаранд.
Хонандагони азиз, марҳабо ба Китобхонаи миллӣ! ”Тобистон”-и Пӯлод Толис ва дигар адибони тоҷику рус, қирғизу ӯзбек ва олмониву англис шуморо интизоранд.
Махфират МУҲИДДИНОВА,
бахши иттилоот ва робита бо ҷомеа.