Салимамоҳ ва Санавбар: Ду хоҳар бо орзуҳои нек
Салимамоҳ Бекмуродзода аз номинатсияи адабиёти муосир ва хоҳараш Санавбар Бекмуродзода аз номинатсияи адабиёти кӯдакон соли сеюм аст дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” ширкат мекунанд.
Онҳо мегӯяд модарашон аз хурдӣ барои китобхонӣ роҳнамояшон буд. Салимамоҳ хонандаи синфи 9 – ум ва хоҳараш Санавбар хонандаи синфи 7 – уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 и шаҳри Ҳисор мебошанд.
Хондани адабиёти муосир бароям бисёр писанд буд, аз ин рӯ номинатсияи адабиёти муосирро интихоб кардам, вале хоҳарам Санавбар бештар ба адабиёти кӯдакон шавқ дошт ва аз хурдӣ тезгӯяку зарбулмасалҳои зиёд аз худ мекард. Аз ин рӯ тасмим гирифтем дар номинаҳои гуногун ширкат кунем,- гуфт Салимамоҳ Бекмуродзода.
Салимамоҳ мехоҳад дар оянда пешаи омӯзгориро интихоб кунад, вале хоҳараш мегӯяд, мехоҳам рӯзноманигор шавам.
Баъд аз баромадашон дар назди аъзои ҳакамон каме ҳаяҷон доштанд, аммо онҳо мегӯянд, ҳадафи мо аз иштирок дар озмун санҷидани донишу маҳоратамон аст.
Санавбару Салимамоҳ ба шаффофияти озмун боварии комил доранд ва мегӯянд, ҳар касе сазовор бошад ғолиб меояд.Ҳамчунин онҳо бо ифтихор аз иштирокашон дар ин давр суҳбат мекарданд.
Китобхонаи миллӣ ва имкониятҳои инҷо онҳоро хеле рӯҳбаланд кардааст. Бо ҳавасмандии зиёд мегӯянд, барои китобхонӣ ҳамеша ба ин даргоҳ хоҳанд омад.
Ба ин дурдонаҳо барору муваффақият мехоҳем…
Наргис Назарзода, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа