Санъати дипломатии ҳалли мушкилоти об дар кишварҳои Осиёи Маркази

Ҳукумати нави Афғонистон, ки пас аз 15 августи соли 2021 ба сари қудрат омад, консепсияи пажӯҳишгари амрикоӣ Карл Виттфогел “ҷомеаи гидравликӣ”-ро, ки сохторҳои ирригатсионӣ асосан моҳияти ҳукумати шарқиро муайян менамояд, бо тарзи худ шарҳ дод. Ҳукумати нав, ки пояи он паштунҳо мебошанд, ба ҳалли масъалаи ором кардани ҷомеаи Афғонистон ба тарзе, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо собит шудааст, – бо кандани канали обёрӣ ҳал карда истодааст. Он дар вилоятҳои бо дигар қавмҳо маскун ёфта, бо мақсади таҳқими садоқати онҳо ба ҳукумати марказии Афғонистон кандани канали Қуштеппа оғоз кард.

Ин усули бостонии ба вуҷуд овардан ва таҳқими шарикии иҷтимоӣ байни мақомоти идоракунӣ ва ҷомеаи муқими маҳаллӣ аз замонҳои қадим истифода шуда, ба давраи афсонавӣ бармегардад. Масалан: тибқи адабиёти авестоӣ шоҳаншоҳи Заҳҳоки аҷнабӣ, ки машҳуртарин шоҳаншоҳи Пешдодиён –Ҷамшедро сарнагун кард, ба далели фаъолияташ дар бунёди каналҳои обёрӣ дар Ориёнаи афсонавӣ “фарн” (“фарн”-и илоҳӣ ба салтанат) гирифтааст. Баъдтар ҳамаи ҳукуматдорони маҳаллӣ ва махсусан, аҷнабӣ, бо мақсади содиқ намудани аҳолии бумии давлат ва мустаҳкам кардани қудрати худ асосан барои обёрӣ ё азхудкунии заминҳои навкорам каналҳо месохтанд.

Ҳатто Ҳукумати Шӯравӣ, ки дар ибтидои садаи бистум дар кишварҳои бумии Осиёи Маркази ҳукумати худро барқарор карда буд, ба ин анъанаи санҷидаи чандинасра рӯ овард, ки мисоли барҷастаи он Канали бузурги Фарғона мебошад, ки заминҳои на танҳо сераҳолитарин водии Иттиҳоди Шӯравӣ, водии Фарғонаи Узбекистонро, балки вилояти Суғди имрӯзаи Тоҷикистонро низ обшор мекунад ва дуюмаш канали машҳури Қароқуми дароз, ки аз биёбони калони Туркманистон мегузарад…

Ин матлаб аз мақола ё худ суханронии ходими пешбари Институти Осиё ва Аврупои АМИТ Абдуғанӣ Мамадазимов дар Конфронси байналмилалии “Густариши ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи амнияти об” иқтибос шуд. Он дар китобе бо ҳамин ном  соли ҷорӣ чоп шудааст.

Китобро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.

Меҳрангев Муҳаббатова,
сармутахасси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.