Санъати ороиши амалӣ

Китоби дарсии Субҳон Усмонов ва Бахтиёр Одиназода «Санъати ороиши амалӣ» дар бораи таърихи гузаштаю имрӯзаи ҳунарии ороиши амалӣ дастгирии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди он дар солҳои соҳибистиқлолӣ маълумоти муфид медиҳад ва он ба омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти касбии равияҳои санъати ороиши амалӣ дар равандӣ таълими ихтисосҳои коркарди бадеии чўб (кандакорӣ), наққошӣ, маҳсулоти бадеӣ аз метал (заргарӣ), бофандагии бадеӣ ва кулолгарӣ тавсия шудааст.

Ҳамчуноне дар муқаддимаи китоб мехонем, санъати ороиши амалии халқӣ ва навъҳои гуногуни он дар ҳаёти мардум ҷойгоҳи хоса дошта, як падидаи муҳими фарҳанги миллии тоҷикон мебошад. Дар доираи татбиқи иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ то имрӯз даҳҳо мактаби ҳунармандон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ташкил шуда, ба фаъолият оғоз намуданд. Дар ин росто бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-марти соли 2013 таҳти №144 Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Дар муассиса донишҷӯён баробари амалҳое, ки дастӣ иҷро менамоянд, инчунин тавассути техника ва технологияи муосир низ кор мекунанд. Онҳо аз дастовардҳои ҷаҳони муосир бархурдор гардида, дар бораи аз куҷо сарчашма гирифтанд ва корҳои эҷодии ҳунармандон бо кадом технология офарида шудааст, тасавурот пайдо мекунанд.

Донишҷӯёни муассиса дар раванди таълими фанҳои тахассусӣ: қаламкашӣ, рангкашӣ, кандакорӣ, наққошӣ, кулолгарӣ, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва ғайра аз анъанаҳои миллии халқамон самаранок истифода мебаранд.

Ҳунарҳои дастӣ дар инсон завқи бадеиро ташаккул дода, таҳаммулу тозакориро тарбия менамояд ва дунёи ботинии шахсро ғанӣ мегардонад. Дар замони мо ҳунарҳое, ки замоне фаромӯш шуда буданд, аз нав эҳё гардида, арзиши маҳсулоти дастӣ нисбат ба молҳои оммавӣ меафзояд. Ҳунарҳои халқӣ беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳамеша ба ҳаёти инсон алоқаманданд. Онҳо ҳисси зебоипарастии ҳар як шахсро таҷассум мекунанд. Гузашта аз ин, на фақат эҷоди асарҳои санъат, балки дастгирии ҳунармандони халқӣ, ки эҷодкорони зебоӣ ҳастанд, нишони камолот ва олиҳиматӣ мебошанд. Дар ин самт то ҳол масъалаву муаммоҳое ҳастанд, ки аҳамияти махсусро тақозо доранд.

Татбиқи дастовардҳои илмию амалӣ, идомаи анъанаҳои миллӣ, бо назардошти урфу одатҳо, омӯзиши таъсири равияҳои гуногуни санъат ба тарзи ороиши маснуот, вазъи тарбияи меҳнатӣ ва ҳунаромӯзии ҷавонони неруманди кишвар беҳбудиро мехоҳанд. Дар замони мо таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи тарбияи ҷавонон бо назардошти таълими ҳунарҳои мардумӣ мавқеъи назаррасро ишғол мекунад. Ҳадафи олимон баҳодиҳӣ ва таҳлили рушди ҳунармандӣ ва таъсири он, ба ҷавонон, омӯзонидани ҳунаҳои эҷодӣ бо такя ба онҳо ташаккул додани ҳунарҳои наву муосир буда, барои тарбияи миллии наврасону ҷавонон аҳамияти зиёд дорад.

Инкишофи ҳунарҳои меъморӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, қолинбофӣ, кафшдӯзӣ ва наққошӣ ба рушди маснуоти ороиши амалӣ низ мусоидат кардааст. Намунаҳои нодири нақшу нигор ва маснуоти заргарие, ки бостоншиносон дар мавқеъҳои ёдгориҳои таърихии Хазинаи Амударё, Саразму Ҳулбук ва дигар маҳалҳо дарёфтаанд, бозгӯйи фарҳанги бою рангини гузаштагон ҳастанд.

Ҳунармандони тоҷик дар баробари фаъолияти пурсамар дар тарбияи шогирдони боистеъдод низ саҳм гузоштаанд. Дар тайёрии касбии ҳунармандон ва омӯзгорони оянда машғулияти санъати ороиши амалӣ нақши асосӣ доранд, зеро онҳо аз донишҷӯён хотираи биноӣ, хаёлоти рангин, маҷмӯи дониш ва малакаву маҳоратро талаб мекунад.

Хоҳишмандон китоби Субҳон Усмонов ва Бахтиёр Одиназода “Санъати ороиши амалӣ”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Фирўза Таурова, мутахассиси шуъбаи адабиёт доир  ба  фарҳанг  ва  ҳунар.