Саодати миллат аз ваҳдат аст

Хуррамию хушдилӣ дар ин ҷаҳон аз ваҳдат аст,

Хандаю ободии ҳар хонадон аз ваҳдат аст.

Имрӯз (19.06.2026) дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба истиқболи сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Саодати миллат аз ваҳдат аст” Конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиши якдиливу ҳамфикрӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, собиқадорони хизмати давлатӣ ва иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд.

Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи  миллй”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Лутфия Абдулхолиқзода бо сухани ифтитоҳӣ кори коференсияро оғоз намуда, меҳмонону иштирокдоронро бо ин санаи таърихӣ муборакбод гуфт. Мавсуф зимни баромади худ аз талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан карда, таъкид намуд, ки баҳри барқарор намудани Ҳукумати конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Ватани азизамон хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошанд.

Сипас, мудири бахши маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода баромад намуда, қайд кард, ки ваҳдат пеш аз ҳама аз ботини ҳар яки мо сарчашма мегирад. Ободиву ягонагӣ низ аз ваҳдат аст. Ваҳдату якдилӣ аз ваҳдати оилавӣ, ваҳдати кӯча, маҳал, ваҳдат дар ноҳия оғоз гашта, дар ниҳоят ба ваҳдати миллӣ мубаддал мешавад. Пайванди ваҳдат, сулҳ, ягонагиву ободӣ мафҳуми ягона аст ва бидуни ҳам вуҷуд дошта наметавонанд.

Дар идомаи суханронии худ мавсуф доир ба муҳиммияти ваҳдат барои халқи тоҷик андешаҳои худро баён карда, ҳамчунин омилҳоеро, ки дар гузашта ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд, мавриди таҳлил қарор дод. Ӯ иброз дошт, ки яке аз омилҳои асосии сар задани ҷанги таҳмилӣ омили динӣ аст, ки бояд ҳаматарафа омӯхта шавад.

Дар идома, Абдураҳмон Хонзода – роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сухан ронда, ваҳдатро омили асосии пешрафту тараққиёт ва пойдории истиқлоли миллӣ унвон кард. Абдураҳмон Хонзода иброз дошт, ки маҳз бо шарофати ба имзо расидани “Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” 27 июни соли 1997, мо дар фазои сулҳу осоиштагӣ ҳаёт ба сар мебарем.

Сипас намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ ҳозиринро бо 29-умин солгарди Ваҳдати миллӣ шодбош намуда, иброз дошт, ки баҳри пойдории ваҳдати миллӣ Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон тамоми сайъу талоши хешро ба харҷ медиҳад.

Дар идомаи нишаст собиқадорон ва иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рафиқа Мусоева, Адолат Раҳмонова,  Гулафзо Савриддинова ва дигарон дар иртибот ба Иҷлосияи тақдирсози миллӣ ва ин маъракаи муҳимми сиёсӣ ва сарнавиштсоз барои халқи шарафманди тоҷик, аз хотироти худ ёд карданд.

Воқеан, имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои бисёр давлатҳои ҷаҳон намунаи муваффақи ба ҳам омадан ва оштии миллӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз, ҷаҳду талош ва азхудгузаштанҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардиданд, ки тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягонаи мустақил ҳифз шавад ва ваҳдати сартосарии он таъмин гардад.

Бояд гуфт, ки бо ба тасвиб расидани ин санади сарнавиштсоз, дар Тоҷикистони азиз сулҳу оромӣ пойдор гардида, зиндагии осоиштаи мардум таъмин шуд. Аз ин рӯ, Ваҳдати миллӣ имрӯз ҳамчун яке аз муқаддастарин арзишҳои давлатдорӣ барои мардуми Тоҷикистон аҳамияти бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ дорад.

Муҳидинова Махфират,

бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.